Даҳуми октябри соли 2013 дар Маркази фарҳанг ва илми Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе шаби эҷодии рассоми театр ва кино Манзура Улҷабоева барпо гардид.
Маҳфилро директори Маркази фарҳанг ва илми Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе Владислав Олегович Курнушоко оғоз намуд. Сипас, Манзура Турсуновна аз фаъолияти эҷодияш дар киностудияҳои «Тоҷикфилм», «Мосфилм» ҳарф зада, ба ҳозирин филми мустанади «Филм дар бораи филм»-ро нишон дод.
Бояд зикр намуд, ки ин рассомзани тоҷик шуруъ аз соли 1976 дар киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» кор карда, дар филмҳои зиёде чун рассоми сарулибос аз худ нақш гузоштааст.
Манзура Турсуновна дар филмҳои ҳунарии «Буд набуд дар синфи як буд» (режиссёр М.Қосимова, соли 1977), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (режиссёр Б.Кимёгаров, соли 1978), «Гузаштаро ба ёд ор» (режиссёр А.Тӯраев, чун ассистенти рассом соли 1979), дар филмҳои ҳунарии «Ҷинояткор ва адвокатҳо» (режиссёр Ю.Юсуфов, соли 1981), «Дастгиркунӣ» (режиссёр М.Маҳмудов, соли 1982), «Асрори оила» (соли 1983), «Дӯстонро намефурӯшанд» (режиссёрон А.Қудусов ва Ю.Юсуфов, соли 1984), «Ман ба ӯ маъқулам» (режиссёр А.Тӯраев, соли 1985), «Кафорат» (режиссёр В.У.Мирзоянц, соли 1987), «Тиреза» ва «Айёми алафҳои зардшуда» (режиссёр М.Юсуфова, солҳои 1989 ва 1991), «Сарҳади давлатӣ» («Белорусфилм», соли 1984), «Доя даркор аст» (соли 2004), «Писарам» (соли 2008), «Она» (соли 2013 дар киноконсерни «Мосфилм» ва кинокомпанияи «Арси-филм») чун рассом оид ба сарулибос кор кардааст.
Алҳол ӯ бо режиссёри шинохта Лариса Садилова дар шаҳри Москва ҳамкорӣ дорад.
Ба маърази тамошо расмҳо ва эскизҳои рассом ба филмҳои ҳунарӣ гузошта шуда буд, ки тамошояшон хеле гуворо буд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин – Фролов барои чунин як шаби эҷодии гуворо ба ташкилкунандагон ва иштирокчиён изҳори сипос намуд.
Т.Фаррухпай, «Садои мардум»