Дидгоҳ

Шаби худ равшан аз нури яқин кун

№12 (4118) 23.01.2020

Эй хуш он, к-ӯ аз худӣ ойина сохт,

В-андар он ойина оламро шинохт.

                                                   Иқбол

Худро шинохтан, ба асли хеш назар андохтан, бо гавҳари тобноки хешро аз дарун афрӯхтан ва аз ойинаи он ҷаҳонро мушоҳида кардан моро на танҳо ба рушд мерасонад, балки бароямон устуворӣ мебахшад. Дар ҷаҳоне, ки бошиддат дигаргун мешавад, танҳо ҷавҳари бедори худӣ сабаби наҷот мегардад.

Худӣ, яъне шинохти асл, фарҳанг, суннат ва тамаддуне, ки моро парвардааст ва боли парвоз кушодан аз ҳамон хокест, ки решаи моро парвариш медиҳад. Иқбол ба ин нукта чунин ишора мекунад:

Нуқтаи нуре, ки номи ӯ худист,

Зери хоки мо шарори зиндагист.

Аз муҳаббат мешавад пояндатар,

Зиндатар, сӯзандатар, тобандатар…

То чӣ андоза мо нури худиро, ки дар вуҷудамон шарори зиндагиро меафрӯзад, шинохтаем? Нуре, ки аз муҳаббати мо ба миллат, ормонҳо ва ҳувият сарчашма мегирад ва зиндатар мегардад. Ҳамин нур чароғи роҳи мо мешавад, моро аз чоҳи зулмат, ҷаҳолат ва нодонӣ наҷот медиҳад.

Барои ин бояд чашми Нуҳ ва дили Аюбро дошта бошем. Чашми Нуҳ аз дарун кушода буд. Ӯ бо ақл ва хиради азалии худ ба вуҷуд омадани тӯфонеро ҳис мекард, ки ба нобудии инсонҳо меанҷомид. Барои ҳамин киштие сохт ва барои наҷоти навъи башар ва ҳайвоноту наботот иқдом намуд. Вай одамонро танҳо ҷисман не, балки маънаван низ ба сӯи растагорӣ ҳидоят кард.

Магар имрӯз дар ин дунёи қудратҳову найрангҳо мо низ бо чунин тӯфони бало мувоҷеҳ нестем? Агар ҳастем, барои наҷоти худ чӣ киштие аз худшиносӣ, илму дониш, хираду маърифат сохтаем? Пас мо бояд Нуҳи худ бошем, Нуҳи бедор, дилогоҳ, донишварз, хирадманд ва ҳаким. Ин сифатҳо моро боли парвоз медиҳанд ва ба боми саодат мерасонад:

Ошиқӣ омӯзу маҳбубӣ талаб,

Чашми Нуҳӣ қалби Аюбӣ талаб.

Дил зи ишқи ӯ тавоно мешавад,

Хок ҳамдӯши Сурайё мешавад.

Инро набояд фаромӯш кард, ки агар мо ба ҷое расем, аз талоши худ мерасем. Барои ин бояд ба худ бовар кунем, истеъдодҳоямонро бишносем. Он гоҳ дар ин дунёи пуртазод ҷои по пайдо мекунем, сарнавиштамонро месозем. Мо бори амонате бар дӯш дорем, ҳамон амонате, ки Ҳофиз ишора мекунад:

Осмон бори амонат натавонист кашид,

Қураи фол ба номи мани бечора заданд.

Ба фармудаи Иқболи Лоҳурӣ «ишқ ба сар кашидан аст шишаи коинотро» ва ҳам «зи худӣ Худо талабем ва аз Худо худӣ». Худӣ агар нур аст, ин нур ба мо қудрат ва пояндагӣ медиҳад. Одами худбохта шефта мешавад. Ба ҳунару истеъдоди дигарон бо ҳайрат менигарад, вале аз худ вокуниш нишон намедиҳад. Ин гуна шефтагӣ ҳайсияту ҳувиятро ба нобудӣ мекашонад.

Суқроти файласуф дар бовари худ ба ду нуктаи асосӣ такя мекард. Яке ин ки «худро бишнос» ва дигаре «зиндагии ноозмуда арзиши зистан надорад». Ин фармудаҳои Суқрот ба он маъност, ки мо аз маърифати шинохти худамон ба ҷое мерасем. Маърифат ба нафс мисли нардбонест, ки тавассути он ба боло меравем, зиндагии худро нуронӣ месозем.

Орифи бузург Боязиди Бастомӣ замоне ба яке аз шогирдонаш дарс медиҳад. Вай мушоҳида мекунад, ки он шогирд пораи хурде аз пӯстини ӯро мебурад. Тааҷҷуб мекунад ва мепурсад:

- Чӣ кор мекунӣ?

- Пораи пӯстини шуморо табаррукан бо худам мебарам, — мегӯяд шогирд.

Дар лабони Боязид табассуме гул мекунад ва ба он ҷавон чунин таълим медиҳад:

- Агар ту тамоми пӯстини маро пора-пора карда бо худ барӣ ва ба ин қонеъ нашуда, тамоми пӯсти баданамро низ табаррукан барканӣ, бароят муроде ҳосил намешавад. Ту вақте ба мақсад мерасӣ, ки илми Боязидро аз худ кунӣ.

Илми Боязид ҳамон ба камоли инсонӣ расидан аст. Илми Боязид бедору огоҳ будан аст. Илми Боязид ба сӯи фардои босаодат қадам бардоштан аст:

Ту шамшери зи коми худ бурун о,

Бурун о, аз наёми худ бурун о.

Шаби худ равшан аз нури яқин кун,

Яди байзо бурун аз остин кун.

ВОРИС, «Садои мардум»