Чанде пеш дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (8-уми июни соли 2017, № 23 (1890) мақолаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов таҳти унвони «Моли худро соҳибӣ кунем» чоп шуд. Муаллиф дар он нисбат ба санъати тоҷик хеле дилсӯзона фикрҳои ҷолиб баён кардааст, аз ҷумла, ба ҳимояи филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам». Дар ҳақиқат, то кунун ин филми тоҷикиро гоҳ озарию гоҳ туркманӣ мегӯянд. Матн ва сурудашро ҳам ба дигар миллатҳо нисбат медиҳанд. Аммо, соҳибони ин шоҳасар то кунун хомӯшанд.
Холаҳмад Маҷидов менависад:
«Барои гирифтани пеши роҳи чунин саҳву хатоҳо чӣ бояд кард? Мо бояд ба мероси фарҳангии худ, моли ҳаққу ҳалоли худ соҳибӣ кунем, ҳифз намоем. Гап дар бораи фақат як суруд намеравад.
Дар мавриди суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» бошад, як пешниҳод дорам. Хуб мешуд, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои синамогарону нависандагону композиторон дар яке аз шабакаҳои телевизиони Россия доир ба филми бадеӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам», шеъри устод Турсунзода, умуман ҳамкории эҷодкорони халқҳои гуногун, барномае доир карда шавад».
Чанде пеш аз рӯи зарурат ман ҷилди 2-и «Энсиклопедияи миллии Тоҷик»-ро (Душанбе, Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик, 2013) варақ задам. Хостам, ки дар бораи оҳангсози филми ҳунарии мусиқӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» Андрей Ованесович Бобоев маълумот ба даст орам. Вале, дар бораи ӯ маълумот нест.
Боварам наомад. Бори дигар дар қисмати ҳарфи «Б» номи Бобоев Андрейро кофтам. Нест. Пас қисмати калимаҳои Бабаевро аз саҳифаи 226 аз назар гузаронидам. Афсӯс, ки барои композитори маъруфи озар, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Арманистон Андрей Бобоев дар энсиклопедия овардани чанд сатрро дареғ доштаанд. Наход мураттибон надонанд, ки саҳми ин оҳангсози маъруф дар ташаккули кинои тоҷик хеле назаррас аст.
Андрей Бобоев барои филмҳои ҳунарии истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1956), «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957, дар ҳамдастӣ бо З. Шаҳидӣ), «Чароғ дар кӯҳсор» (1958), «Қисмати шоир» (1959), «Оромӣ намешавад» (1963), «Шаби 1002-юм» (1965) оҳангҳои марғуб ва дилнишин эҷод кардааст.
Филми ҳунарии мусиқӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (режиссёр Р.Я. Перелштейн) яке аз аввалин филмҳои бадеии тоҷикист, ки соли 1958 аз Хитой, аз кинофестивали якуми байналхалқии Осиё ва Африқо аввалин ҷоиза – «Ҷоми калони нуқрагин»-ро ба Тоҷикистон овард.
Соли 1960 бошад, дар Кинофестивали II байналхалқии Осиё ва Африқо, ки дар шаҳри Қоҳира доир гардид, филми ҳунарии «Қисмати шоир» (режиссёр Б. Кимёгаров) соҳиби ҷоизаи асосӣ - «Уқоби тиллоӣ» шуд.
Бешубҳа, дар ин комёбиҳо саҳми оҳангсози филмҳои номбурда Андрей Бобоев хеле калон аст. Сурудҳои ин филмҳои ҳунарӣ — «Дидам ҷамоле», «Суруди мӯзадӯз», «Суруди чойхоначӣ», «Бӯи ҷӯйи Мӯлиён», «Эй чароғ» кайҳо боз вирди забони мардуманд.
Хушбахтона, дар «Энсиклопедия кино Таджикистана», муаллифон –тартибдиҳандагон Галина Элбаум ва Саъдулло Раҳимов (Душанбе, «ЭР-граф», 2012, 394 саҳ.) дар саҳифаи 68-и сароғози ҳарфи «Б» дар бораи оҳангсоз Андрей Бобоев маълумоти саҳеҳ ва пурра додаанд, вале ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», ки он аз ҷилдҳои зиёд иборат буда, дар даҳсолаҳо як бор чоп мешавад, дохил накардани оҳангсоз Андрей Бобоевро чӣ тавр метавон фаҳмид?
Мутаассифона, аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохта оҳангсоз Андрей Бобоев ягона нест, ки аз «Эксиклопедияи Миллии Тоҷик» афтидааст.
Собиқадорони соҳаи маорифи тоҷик, муаллимони хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон Басидиҷов Абдулқайс ва Бекмамадов Ғарибмамад, композитори маъруф, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ҳукуматшо Бандишоев, ки суруду таронаҳояшро то ба имрӯз месароянд, низ дар ҳамин ҷумлаанд.
Ҳол он ки оҳангсоз Ҳукуматшо Бандишоев дар даврони шӯравӣ ба «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» дохил шуда буд.
Ин норасоиҳо дар «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» боис гардиданд, ки банда ҷилдҳои I ва II-и онро низ варақгардон намоям.
Мушоҳида кардам, ки дар ҷилди якум дар бораи дирижёр Эдуард Данилович Айрапетянс дар саҳифаи 236 маълумот додаанд, вале дар бораи падари бузургвораш — педагог ва оҳангсози маъруф, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Даниил Саркисович Айрапетянс чизе нанавиштаанд. Ҳол он ки саҳми Айрапетянси калонӣ дар тарбияи оҳангсозон, мутрибон ва торнавозони тоҷик хеле калон аст.
Дар қисмати ҳарфи «А», ҳамчунин дар бораи раиси Комиҷроияи Совети депутатҳои халқи ВАБК (солҳои 1978-1987), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, даъватҳои 10 ва 11, Геологи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, дорандаи орденҳои «Нишони фахрӣ», «Дӯстии халқҳо» ва ғайра Муъминшоҳ Абдулвосиев, Муаллимаи хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон Шарофат Алиёрова, Алоқачии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Зиёдабегим Алиназарова маълумот пайдо карда натавонистем. Наход Муъминшоҳ Абдулвосиев барин ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатӣ аз назари муҳаррирони масъули энсиклопедия дар канор монда бошад? Ман намедонам, интихоби шахсиятҳо чӣ гуна сурат мегирад, киҳо матни тарҷумаи ҳолро менависанд ва аз рӯи кадом принсип ва талабот?
Дар саҳифаи 61-и энсиклопедия, ҷилди 1, дар бораи адабиётшиноси маъруф Абибов Амирбек маълумоти энсиклопедӣ додаанд, вале таассуфовар аст, ки навиштани унвони фахрияш — Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаромӯш кардаанд. Охир унвон як талаботи ба энсиклопедия ворид кардани ин ё он шахсият аст, чӣ гуна метавон аз овардани он сарфи назар кард?
Бахшида ба Ансамбли бачагонаи этнографии Помир (солҳои 1940-1944) ва роҳбари бадеии он Ғуломҳайдар Ғуломалиев мақола навиштанӣ шуда, ба ҷилди якуми энсиклопедия, саҳ. 470 рӯ овардам ва дилам хиҷил шуд. Дар бораи ин ансамбли овозадори солҳои чилум ягон сатре дар ин «донишнома» ба чашм нарасид. Ҳол он ки ба ин ансамбл устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ баҳои баланд дода буданд. Аъзои ин ансамбл дар нахустин Даҳаи санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва (соли 1941) иштирок карда, сазовори байрақи «Пешқадамони санъат» гардидаанд. Ба аъзои 12-солаи ансамбл- Абдулвоб Мирзошоев шахсан Раиси Президиуми Совети Олии СССР М. И. Калинин медали «Барои меҳнати шоён»-ро супорида буд.
Ба аъзои ансамбл шарафи бузург насиб гардидааст, ки бо устод Абулқосим Лоҳутӣ сурат гиранд. Ин ягона ансамбли бачагона дар собиқ шӯравӣ ба шумор мерафт, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарон қарор дошт.
Ман танҳо онҳоеро ёдовар шудам, ки ному корашон бароям шинос буданд. Агар ҳар нафаре шахсиятҳои шиносашро дар энсиклопедия ҷустуҷӯ кунад, шояд ошкор гардад, ки даҳҳо нафари дигар аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохта дар ин «донишнома» ҷой наёфтаанд.
Ба назари ман, бори дигар бо ҷалби олимону мутахассисони шинохта «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро омӯхта, шахсиятҳои «фаромӯшшуда»-ро дар ҷилди иловагӣ ворид намудан зарур аст. Ин ягона роҳест, ки мутасаддиён метавонанд тавассути он хатояшонро ҷуброн кунанд.
Ман ҳамчун қаламкаш заҳмати муҳаррирон ва кормандони энсиклопедияро эҳсос ва қадр мекунам. Вале чунин хатоҳо аз ҷониби онҳо нобахшиданист. Зеро олимону муҳаққиқон, таърихшиносону журналистон ҳамеша ҳамчун манбаи маълумоти дақиқу муътамад ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» муроҷиат мекунанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»