Ба Қурбоналӣ РАҲМОНЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»:
Бо қалам андар ҷадал, Қурбоналӣ,
Кор созад бехалал, Қурбоналӣ.
Дар саховат, дар ухуват, дар вафо,
Марди қавл асту амал, Қурбоналӣ.
Ба Шоҳонаи СУЛАЙМОН,
сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон:
Ҳар кӣ чун Шоҳона дурре суфтааст,
Бо қалам ҳарфи хушеро гуфтааст.
«Бонувони Тоҷикистон»-ро нигар,
Чун гулистон дилбару бишкуфтааст.
Ба раиси ИЖТ Зиннатулло ИСМОИЛЗОДА:
Дур бошад журнализм аз нифоқ,
Кори мо ҳаргиз намегардад чатоқ.
Зиннатулло ҳар куҷо гӯяд сухан:
Эътимоду эътиқоду иттифоқ.
Ба Ҳуриннисо АЛИЗОДА, раиси Шурои ВАО:
Зан, вале мардона мегӯяд сухан,
Мисли як дурдона мегӯяд сухан.
Ҳам ба «Шуро» ҳам миёни анҷуман,
Ҳар куҷо гурдона мегӯяд сухан.
Ба Тиллои НЕКҚАДАМ,
хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»:
Нек меронад қалам Тиллои мо,
Мехӯрад доим ғами имлои мо.
Ӯ ба мо гӯяд, ки аз кино диҳад,
Ҳар замон рӯзирасон ҳалвои мо.
Ба Асҳобиддин СУННАТӢ,
муассиси рӯзномаҳои «Дунё» ва «Муҳаббат ва оила»:
Эй, ки «Дунё»-ро ту гардон мекунӣ,
Бемуҳобо, кори гурдон мекунӣ.
Хонавайрон то нагардад як нафар,
Бо «Муҳаббат…» кори мардон мекунӣ.
Ба Искандар МАҲМАДАЛИЕВ,
котиби масъули рӯзномаи «Халқ овози»:
Котиби масъул — коре саҳл нест,
Роҳи ҳалли мушкиле бо ҷаҳл нест.
Шоире гар котиби масъул бувад,
Дар газете одаме ноаҳл нест.
ВОРИС,
«Садои мардум»