Шаклу шеваи нави оини бостонӣ

№40 (4936) 31.03.2025

4Ҷашни Наврӯз ба мардуми мо ва халқҳои тамаддуни ҳавзаи Наврӯз аз омадани фасли баҳор ва фаро расидани мавсими киштукор дарак медиҳад. Аз давраҳои хеле қадим тоҷикон ба истиқболи он тайёрӣ дида, хонаю кошонаи худро сафед, либосҳои нав ба бар мекарданд, зарфҳои шикастаро аз хона дур месохтанд, оташдону оташкадаҳоро таъмир, ҷӯю заҳбурҳоро тоза менамуданд ва бо ин рафтору кирдорҳои шоистаашон сиёҳиро аз хона дуру рӯшноиро дар манзили зисташон ҷойгузин мекарданд.

Дар аҳди бостон маросими зиёде вуҷуд дошт, ки дар онҳо ба Наврӯз арҷи махсус гузошта мешуд. Дар ин рӯзҳо густурдани хони идона, базми наврӯзӣ, эҳдои ҳадяҳо, баргузории мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва дигар маросимҳо роиҷ буданд, ки онҳоро бо ихлосмандӣ доир мекарданд. Ҳамин хусусиятҳои Наврӯз, ки аз давраи қадим ҷанбаҳои табиӣ ва халқӣ доштанд, дар асари «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ на танҳо таъкид шудаанд, балки тарзи баргузории онҳо ба таври муфассал омадааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад ва ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳбаландии хос омодагӣ мегиранд.

Албатта, ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои пурҳикмат, нуҳуфта, асрори таърихӣ, унсурҳои асотири бостонӣ ва мазмунҳои эътиқодию иҷтимоӣ мебошанд. Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, ҳунари иҷроӣ ва моддӣ зуҳур карда, тасаввуроту ҷаҳонбинӣ, орзуву хостаҳо, эҳсосот, зебоишиносӣ ва эътиқоди мардумро бозтоб мекунад. Ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи бузурги фарҳанги суннатӣ, фарогири рамзу мазмунҳои ошкору нуҳуфта мебошад, ки боиси рангорангию шукӯҳ ва зебоии он гаштаанд. Рамзҳои таркиби одобу русум ва боварҳои Наврӯз гуногунанд, масалан, рамзҳои ифодакунандаи офариниш, рамзҳои марбут ба орзуи покӣ ва бегуноҳӣ, рамзҳо бо нияти баракату фаровонӣ, ҳамчунин, тандурустию шодкомӣ, бегазанду офат гузаронидани соли нав, хушбахтӣ ва монанди инҳо. Баъзе рамзҳо ҳарчанд дар иду маросимҳои дигар ҳам истифода шаванд, аммо дар ҷашни Наврӯз суннати тӯлонӣ ва мавқеи хоса доранд.

Қабл аз ҳама, худи ҷашни Наврӯз дар фарҳанги суннатии тоҷикон ҳамчун падидаи иҷтимоию фарҳангӣ бозтоби рамзи куллии нав­гониро дорад. Наврӯз паёмовари навгониҳост, ҳамаи унсурҳои табиат дар раванди навшавӣ, навпазирӣ қарор дошта, ба марҳилаи тозаи инкишоф мерасонд. Аз лиҳози мушоҳидаи ҳодисаи кайҳонӣ офтоб гардиши худро аз нав оғоз карда, ба бурҷи барра ворид мешавад. Олами гиёҳон бедор мешаванд ва баргу пояҳои нав мебароранд, донаю тухмиҳои ба замин афтода майса карда, месабзанд. Ҷонварон аз дароз шудани равшанию гармии офтоб баҳравар гашта, марҳилаи нави ҳаётро оғоз мекунанд.

Одамон низ аз қадимулайём бо омадани фасли наву соли нав шодмониҳо карда, ба табиати зиндашуда пайваста, корҳои зиёдеро шурӯъ менамоянд. Кӯдакон бо хӯшию хурсандӣ ба хонаҳо рафта, бо шеърхонӣ онҳоро аз омад–омади фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷаста мужда мерасонанд.

Бо фаро расидани баҳор на танҳо табиат аз хоби гарон бедор мешавад, балки руҳияи мардум низ болидаю чеҳраҳо шукуфон ва дилҳо пур аз шодию фараҳ мегарданду буғзу кинаҳо раҳо. Навгониҳою навсозиҳо дар фасли нав мардумро ба Наврӯз ва ба ҳаёту табиат дилгарм месозанд.

Бо баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил Наврӯз, воқеан, ба ҷашни мардумӣ табдил ёфтааст. Рукнҳои он дар Ватани маҳбубамон устувор гардида, моро водор месозад, ки ба қадри ин оини ниёгон расида, бештару зиёдтар арзишҳои волои наврӯзиро тарғибу ташвиқ намоем.

Чунин шароиту имконият ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба халқи тоҷик насиб гардидааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»