Шамъҳои куштаро бо нури ҷон андӯхтӣ

№14 (4754) 29.01.2024

photo_2024-01-21_12-11-38Дар сурат: Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар иҳотаи адибони Тоҷикистон

Давраи роҳбарии Бобоҷон Ғафуров ба солҳои баъдиҷангӣ (1946-1956) — ба мушкилтарин давра рост омад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, оҳиста-оҳиста иқтисодиёт, саноат, маориф, илм, варзиш ва фарҳанг пеш мерафту дар муддати кӯтоҳ зиндагии мардум беҳтар шудан гирифт. Дар ин давра таваҷҷуҳи роҳбари ҷавони Тоҷикистон ба инкишофи фарҳанг ва санъат бештар буд, зеро дар баробари равнақу ривоҷ додани дигар соҳаҳо баҳри истироҳат ва фароғати сокинони кишвар бояд театру хонаҳои маданият ва клубҳо фаъолият мекарданд, то мардум аз шунидани суруду таронаҳо, намоишнома ва барномаҳои консертии театрҳо баҳравар гарданд. Вале барои ин муассисаҳои фарҳангӣ бино ва мутахассисони касбӣ лозим буданд.

Соли 1946, айёме, ки Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз котиби Кумитаи марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон оид ба ташвиқу тарғибот буд, бо ташаббуси ӯ як гурӯҳ ҷавонҳои соҳибистеъдод ва боҳунар Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, Насимҷон Пӯлодов, Шамсӣ Қиёмов, Ғаффор Валаматзода ба мактабҳои олии шаҳри Москва ва сарояндагони ҷавону умедбахш Ҳоҷӣ Ахмедов, Ҳанифа Мавлонова, Мулук Баҳор, Анвер Муллоқандов, Аҳмад Бобоқулов барои таҳсил ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский фиристода шуданд. Пас аз хатм онҳо ба Ватан баргашта, оҳангсозони маъруф, балетмейстерҳои шинохта ва таҳиягарону сарояндагони Театри давлатии опера ва балети Тоҷикис­тон ба номи С. Айнӣ шуданд.

Вақте бинои наву зебои Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт, зарурате пеш омад, ки раққосони балетро аз ҳисоби наврасони тоҷик тайёр кунанд. Оғози соли 1949-ум 35 нафар наврасони тоҷик­ро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград ба номи А.Я. Ваганова фиристоданд. Азбаски талаботи таҳсилу омӯзиши ҳунари балет зиёд буд, танҳо ҳафт нафар соли 1958 ин даргоҳи ҳунарро хатм намуданд. Инҳо аввалин раққосони балети тоҷик Бозгул Исоева, Сталина Азаматова, Сусана Узақова, Шарафбону Турдиева, Тоҳира Ҷаводзода, Баҳодур Ҷӯрабоев ва Бахтиёр Рабимов буданд, ки солҳои зиёд дар ин театри овозадор ҳунарнамоӣ карда, шуҳрати театрро боз ҳам баланд бардоштанд.

Ин анъанаи неки Бобоҷон Ғафуров минбаъд ҳам давом кард. Ҳар сол дар пойтахт намоишҳо ва конкурсу азназаргузарониҳои ҷумҳуриявӣ гузаронда мешуданд ва ҷавонони боистеъдод аз маҳалҳо интихоб шуда, барои хондан ба шаҳрҳои Москва ва Ленинград (Санкт-Петербург) фиристода мешуданд.

Яке аз аввалин комёбиҳои фарҳангии баъдиҷангии мо ин филми пурраметражи ҳуҷҷатии «Тоҷикистон»-и таҳиягари ҷавон Борис Кимёгаров буд, ки соли 1946 дар Кинофестивали байналхалқии Венетсия сазовори Дипломи фахрии «Шери Марки Муқаддас» ва медали биринҷии ин кинофестивали машҳур гардид. Ин филм номи Тоҷикистон ва кинои тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Соли 1952 бошад, филми мус­танади рангаи «Тоҷикистони ­советӣ»-и ҳамин таҳиягар сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС шуд.

Котиби якуми КМ ПК Тоҷикис­тон Бобоҷон Ғафуров аҳамияти санъати киноро хуб дарк карда, ҳар сол барои инкишофи кинои тоҷик маблағҳои кофӣ ҷудо мекард ва ҷавонони маҳаллиро ба Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва – ВГИК ва Ленинград – ЛИК барои хондан раҳнамоӣ мекарданд. Дар натиҷа, киностудияи «Тоҷикфилм» дар муддати кӯтоҳ соҳиби мутахассисони соҳибмаълумот ва касбӣ шуд.

Ветерани ҷангу меҳнат, ходими давлатӣ ва ҳизбӣ Раҳматулло Аҳмадов дар хотираҳояш «Ифтихори халқи тоҷик» («Ҷумҳурият», 28 августи соли 1998, № 42-43 (20.035 – 20.-036) саҳ.2) навиштааст:

«… Бобоҷон Ғафуров аз ҷояш хеста, чанд қадам партофту ба ёрдамчияш В. М. Алешанов наздик шуда, гуфт:

- Ходимони санъати кино Б. Кимёгаров, В. Кузин ва И. Барамиков дар ҳамин поезд ба Москва мераванд. Пагоҳ соати 10 онҳоро ба назди ман даъват кунед, хӯроки пешинро якҷоя хӯрда суҳбат мекунем.

Соати расо даҳ ману Сердюков ба назди устод омадем. Кимёгарову Кузин ва Барамиков аллакай омада бо Ғафуров суҳбат доштанд…

Кимёгаров бо ҳамкасбонаш, ки барои ҳалли баъзе масъалаҳои эҷодии санъати кино ба Москва мерафтанд, аз Бобоҷон Ғафуров хоҳиш намуд, ки дар сохтану бо техникаи навтарин таҷҳизондани киностудияи «Тоҷикфилм» ёрӣ расонад.

Бобоҷон Ғафуров, ки аз нақшаҳои коркунони киностудия огоҳ буд, бо як қатъияту дилпурӣ гуфт, ки дар Москва чанд рӯз меистаду бо ҳар восита масъалаи сохтмони бинои киностудияро ҳал мекунанд.

- Мо чунин киностудия месозем, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надошта бошаду камаш соле 8-10 филми бадеӣ истеҳсол карда тавонад.

Ман боварӣ дорам, ки чанд соле мегузараду мо қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, асарҳои С. Айнӣ ва дигар бузургони худро дар экрани кино бо тасвири ранга мебинему бо онҳо фахр мекунем, — бо дилпурӣ гуфт Бобоҷон Ғафуров.

Устод таъкид кард, ки ҳоло ба масъалаи аз ҳисоби ҷавонони лаёқатнок хоста гирифтану тарбия намудани кадрҳои эҷодӣ ҷиддан машғул шудан лозим аст».

Баъд аз ин вохӯрӣ ва мулоқоти судманд таҳиягари ҷавон Борис Кимёгаров ба романи машҳури устод Садриддин Айнӣ рӯ оварда, баъди танаффуси 16-солаи кинои тоҷик филми ҳунарии «Дохунда»-ро соли 1956 ба навор бардошт ва манзури тамошобинон гардонд.

Ҳамин тариқ, роҳи кинои тоҷик аз нав боз шуд ва филмҳои ҳунарии рангаи мусиқӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Чароғ дар кӯҳсор» ва ғайраҳо истеҳсол шуданду номи кинои тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи умумииттифоқӣ баланд бардоштанд.

Орзуҳои киносозони тоҷик дар бадали солҳо амалӣ шуданд ва дар кӯчаи Беҳзод-25 бинои маъмурии чаҳорошёнаи киностудияи «Тоҷикфилм», се павилони калони муҷаҳҳаз, сехҳои коркарди плёнка, сабти овоз, монтаж, бутафорӣ, дӯзандагӣ, барқӣ-равшандиҳӣ, дубляж, дуредгарӣ ва ғайраҳо сохта шуданд.

Дар ҳақиқат, мо қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро дар филмҳои ҳунарии «Ливои оҳангар», «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» борҳо тамошо кардаем. Ҳамаи ин натиҷаи кӯшишу ғамхориҳои Бобоҷон Ғафуров буданд, ки пояи асосии онро гузоштаанд.

Дурандешии ин марди доно боз дар он буд, ки бо маслиҳати устод Айнӣ сарояндагон, устодони «Шашмақом»-ро аз шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва Хуҷанд ба шаҳри Душанбе даъват намуда, барои эшон тамоми шароитро муайян кард, то ки ин шоҳасари мусиқии халқи тоҷикро аз нобудшавӣ ҳифз кунанд. Дар байни ин санъаткорони маъруф Шоҳназар  Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва дигарон дохил буданд. Онҳо вазифадор шуданд, ки ба оҳангҳои «Шашмақом» матнҳо аз ашъори классиконамон интихоб карда, ба нота бардоранд. Ҳамин тавр, бо пешгуфтори устод С. Айнӣ (ба ҷилди якум) соли 1950 панҷ ҷилди китоби «Шашмақом» бо сифати хеле баланд дар шаҳри Москва чоп шуд ва дастраси аҳли  илму  фарҳанг гардид.

Соли 1972, вақте ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон асарҳои шоистаро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баррасӣ карданд, бо пешниҳод ва дастгирии Бобоҷон Ғафуров се фидоии санъат – Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва мусиқишинос Виктор Беляев ба ин ҷоиза шарафёб шуданд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ вазъияти театрҳо низ хуб набуд. Бахусус, Театри Лоҳутӣ аз набудани асарҳои хуби саҳнавӣ ва таҳиягарон танқисӣ мекашид. Барои ҳамин, зарур буд, ки режиссёрҳоро аз шаҳрҳои Россия даъват кунанд, то  репертуари Театри Лоҳутӣ аз ҳисоби асарҳои драматургони рус ва хориҷӣ бою рангин шавад. Дар натиҷа, солҳои 1946-1956 аҳли эҷоди театр беҳтарин асарҳоро  ба саҳна гузоштанд. Инҳо «Ревизор», «Хизматгори ду хоҷа», «Ромео ва Ҷулйета», «Нур дар кӯҳистон», «Одами милтиқдор», «Духтари бебисот», «Отелло», «Номуси оила», «Оршин мол олон», «Шаҳри ман», «Духтари ноком», «Ҷӯяндагон», «Достони ҳофиз», «Сӯзании шоҳӣ», «Таърифхӯҷаев», «Соҳибаи меҳмонхона», «Дил дили Зайнаб», «Саодат» ва дигар драмаю намоишномаҳо буданд. Б. Ғафуров дар нахустнамоишҳо иштирок карда, баъд аз хатми намоиш фикру андешаҳояшро баён мекард, барои беҳбудии кор маслиҳат медод.

Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Савсан Бандишоева дар мусоҳибааш бо мухбири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикис­тон (аз 29 майи соли 1974, №63) изҳор намуда буд, ки: «Соли 1946 дар ҳаёти ман хушбахтии калон ба вуқӯъ пайваст. Бори нахуст дар офаридани нақши марказӣ ҳунарнамоӣ кардам. Ҳангоме ки коллективи эҷодии театри мо драмаи «Қишлоқи тиллоӣ»-и  Мирсаид Миршакарро ба саҳна гузошт, режиссёри театр Б. Карамхудоев дар фикри он буд, ки нақши муҳимтарини он — нақши духтари дар гирдоби маъюсӣ афтода – Гулбаҳорро  ба кӣ супорад? Вақте ки Карамхудоев моро наздаш хонду офаридани ин нақшро тавсия намуд, дақиқае ба дарёи андеша фурӯ рафтам. Фикр мекардам, ки оё аз иҷрои ин супориши муҳим баромада метавонам ё не?

Илова бар ин, драмаи мазкур дар Намоиши санъати Помир дар шаҳри Сталинобод, ки тирамоҳи соли 1946 бояд мегузашт, намоиш дода мешуд. Аз ин сабаб, офаридани ҳар як нақши драма ба зиммаи ҳунарпешагони беҳтарини театр гузошта шуда буд.

… Вақте ки ба Сталинобод омада, дар саҳнаи театри республикавӣ драмаи «Қишлоқи тиллоӣ»-ро нишон додем, ҳунарнамоии ман дар нақши Гулбаҳор ба тамошобинон маъқул омад. Ман симои ин духтари бенаворо бо самимияту муҳаб­бати бепоён офаридам.

Баъди намоиши драмаи «Қишлоқи тиллоӣ» Котиби якуми Комитети марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон рафиқ Бобоҷон Ғафуров ба саҳна баромада, маро  барои иҷрои бомуваффақияти нақши асосии драма табрик намуд ва пешниҳод кард, ки ба ман унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон дода шавад. Ин воқеаи хурсандибахш ҳеҷ гоҳ аз хотирам сутурда намешавад».

Баъд аз ин Котиби якум иловатан супориш медиҳад, ки ин гули худрӯйро ба пойтахт даъват кунанд, то ки ҳунарашро боз ҳам  сайқал диҳад.

Баъд аз як сол Савсан Бандишоева аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати дуюм (солҳои 1947-1951) интихоб шуд.

То интихоботи Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати дуюм, солҳои 1947-1951 асосан колхозчиён, роҳбарони ҳизбӣ ва давлатӣ ҳамчун депутат ба Совети Олии РСС Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб мешуданд. Аз интихоботи соли 1947 сар карда, аҳли фарҳанг — оҳангсозон, сарояндагон, балетмейстерҳо, ҳунарпешаҳо ба депутатӣ пешбарӣ ва интихоб мешуданд. Масалан, сарбалетмейстери Театри опера ва балети Тоҷикистон, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Ғаффор Валаматзода се даъват депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Оҳангсози маъруфи тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ ҳам се маротиба депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон буд. Аввалин балеринаи тоҷик, Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС Лутфӣ Зоҳидова низ солҳои 1955-1959 депутат интихоб шудааст. Ҳамчунин, ҳунарпешаи маъруфи театру кино, Артисти халқии ИҶШС Муҳаммадҷон Қосимов солҳои 1955-1959 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон буд.

Бобоҷон Ғафуров маҳз чунин санъаткорони маъруф ва шинохтаро дар солҳои роҳбариаш ба депутатӣ пешбарӣ намуд, ки манфиати соҳаи хешро дар иҷлосияҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон баррасӣ ва ҳимоя карда тавонанд. Ин иқдоми накӯи ӯ солҳои минбаъда ҳам идома ёфт ва дар иҷлосияҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон дар баробари санъаткорон, инчунин, шоирон, нависандагон, олимон ва дигар аҳли илму фарҳанг масъалаҳои мубрами соҳаи хешро ба миён мегузош­танд.

Бахшида ба 90-солагии Бобоҷон Ғафуров соли 1998 бо собиқ мудири кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, профессор Аскар Абдураҳмонов суҳбат доштам ва қиссаи ҷолибе аз ин суҳбат дар хотир мондааст: «Солҳои 50-уми асри XX ба инкишофи санъати касбӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хеле зиёд буд. Ҳар сол дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) Азназаргузаронии ҷумҳуриявии кружокҳои худфаъолияти бадеӣ доир мешуд. Ман, ки навакак синфи 7-ро хатм карда будам, бори аввал соли 1952 ба пойтахт омадам. Азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ дар Театри тобистона (маъруф бо номи Зелённый театр) оғоз ёфт. Пеш аз оғози консерт устод Мамадназар Отамов наздам омада гуфт:

- Дар толор Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров нишастааст. ­Худро ба даст гиред, дасту по гум накунед.

Азбаски навраси 12-сола будам, ин ном бароям шинос набуд. Калон шуда, аз бузургии ин шахсияти муътабар огоҳӣ ёфтам. Ман дар консерти азназаргузаронӣ «Гул мекунад» ном шеъри Мирзо Турсунзодаро иҷро кардам… Сурудхониям ба Бобоҷон Ғафуров хеле писанд омаду пеш аз хатми суруд ба қарсакзанӣ сар кард… Баъд аз хатми консерт Бобоҷон Ғафуров назди мо — ҳаваскорони санъати Бадахшон омада, хеле суханҳои хуш гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаамон дар инкишофи санъати касбии тоҷик барор хост.

Дар ҷамъбасти азназаргузаронӣ ҳаваскорони санъати ВМКБ дар байни вилоятҳо ва ҳаваскорони санъати ноҳияи Рӯшон дар байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Баъд аз супоридани туҳфаҳо ба ҳаваскорони ғолиб Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз вазири маданияти РСС Тоҷикистон Мӯсо Раҷабов  мепурсад, ки ба санъаткори навраси рӯшонӣ Аскар Абдураҳмонов чӣ туҳфа додаанд?

- Соати зебои дастӣ, — ҷавоб медиҳад вазир.

Пас, Ғафуров супориш медиҳад, ки иловатан ба Абдураҳмонов боз як рубоби қошғарӣ туҳфа кунанд».

Соли 1954 як гурӯҳ ҷавонписарону духтарони тоҷик Ҷаҳон Саидмуродов, Нозукмоҳ Шомансурова, Анвар Тӯраев, Саодат Ҷӯраева, Бахталӣ Сабзалиев, Оиша Турсунова, Шамуэл Муллоҷонов, Султон Сафаров, Валиҷон Ҷӯраев, Қурбонмамад Шодмонбеков, Сайфӣ Мерганов, Дилором Ҷӯрабоева, Неъмат Ноёбов, Зубайдулло Холов, М. Муродова, Д. Ваҳҳобов барои таҳсил ба факултети актёрии Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М.С. Шепкини шаҳри Москва фиристода шуданд. Ин ҷавонони болаёқат солҳои 1954-1958 дар ин омӯзишгоҳ, ки мақоми мактаби олиро дошт, таҳсил карда ба Тоҷикистон баргаштанд. Ҳангоми таҳсил Бобоҷон Ғафуров аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуда меистод ва кумаки моддӣ мерасонд. Ин ҷавонон санъаткорони машҳур шуда ба воя расиданду дар театр, кино, радио ва телевизион хизмати шоистаро ба ҷо оварданд.

Солҳои 1936-1941 дар Институти давлатии санъати театрии  Москва ба номи А. В. Луначарский Студияи якуми тоҷикии ГИТИС  кушода шуда буд, ки шогирдони зиёдро тарбия кард. Бо оғози ҷанг на танҳо студияи тоҷикӣ, балки худи ГИТИС-и шаҳри Москва баста шуд. Дигар студияҳои миллӣ баъд аз хотимаи ҷанг аз нав боз шуданд, аммо дар ҷумҳурии мо ба ин масъала дигар эътибор надоданд.

Бо кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон Студияи дуюми тоҷикии институт соли 1955 аз нав ташкил шуд ва 20 нафар донишҷӯёни тоҷик  солҳои 1955-1960 аз устодони бузурги санъати театрии советӣ, профессорон Олга Ивановна Пижова ва Борис Владимирович Бибиков  нозукиҳои касби актёриро омӯхтанд. Ин ҷавонони хушбахт Ҳабибулло Абдураззоқов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Носир Ҳасанов, Ҳаким Маҳмадзоҳиров, Қашқарӣ Мирзоев, Неъматҷон Дӯстматов, Абдураҳим Қудусов, Аскар Абдураҳмонов, Ҳошим Гадоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Фотима ва Соҷида Ғуломова, Марям Исоева, Мукаррама Камолова, Тамара Абдушукурова ва дигарон буданд, ки номашон барои мо хеле азизу шинос ҳаст.

Соли 1956 роҳбари  кордону бунёдкор Бобоҷон Ғафуров ба кори  минбаъда, ба шаҳри Москва фиристода шуд, вале боғи зебою дилорои фарҳангие, ки дар зарфи даҳ сол парвариш намуд, аз накҳати гулу буттаҳо ва меваҳои шаҳдбораш солиёни минбаъда мардуми Тоҷикистон баҳравар гардид.

Дуртар нури нигоҳи нанги худро дӯхтӣ,

Саргузашти тоҷиконро солҳо омӯхтӣ.

Шамъҳои куштаро бо нури ҷон андӯхтӣ,

То расӣ бар мақсадат, дониш фузун андӯхтӣ,

Дар алови ғусса бадхоҳони миллат сӯхтӣ.

(Муҳаммад Ғоиб)

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

 «Садои мардум»