Амали хайр

Шарафи кас аз саховатмандист

№5 (3485) 12.01.2016

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизи мо дар муддати на чандон тӯлонӣ ободу зебо гашт.

Саҳми соҳибкорону тоҷирон ва ашхоси хайрхоҳу саховатманд дар ин ҷода хеле калон аст. Имрӯз бонувон низ ба корҳои ободонӣ, саховатмандӣ даст зада, дар ривоҷу равнақи корҳои сохтмонӣ, кумак ба камбизоатону барҷомондагон ва анҷом додани амалҳои хайру савоб саҳми босазо мегузоранд.

Чанд рӯз қабл бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Барно Ашрафова ҳамсуҳбат шудаму ӯ ба ман оид ба корҳои хайру савоби якчанд бонувони солхӯрда нақл намуд.

- Имрӯз дар шаҳри бостонии Истаравшан ҳоҷибонувони саховатпеша ва ободкор, ки маблағҳои пасандозкардаи хешро дар ободу зебо гардонидани оромгоҳҳо, гирифтани дасти бечорагон, сохтмони нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва беморхонаҳо сарф мекунанд, кам нестанд,- гуфт ӯ.

Бино ба гуфти мавсуф, сокини деҳаи Сӯфӣ Орифи деҳоти «Зарҳалол» Бибӣ Ҷамила чанде пеш маблағҳои ҷамънамудаи худро барои сохтани дарвозаи пурнақшу нигори оромгоҳи деҳааш ва панҷараҳои атрофи он сарф намуд. Дар ин росто, истиқоматкунандаи деҳаи Қалъачаи Калони деҳоти «Қалъачаи Калон» холаи Нурбибӣ дар маркази деҳаи мазкур бо маблағҳои ҷамънамудаи худ истгоҳ сохтааст. Ҳимматбаландии як нафар саховатпеша, сокини маҳаллаи «Боғот» Баҳром Мӯъминҷонов қобили тазаккур аст, ки бо талқини модараш  барои як оилаи камбизоати маҳаллаашон ҳавлии истиқоматӣ сохта додааст. Якчанд саховатпешагони деҳоти «Гули Сурх» низ бо тавсияи модаронашон роҳи деҳаҳои Маҳаллаи Ясӣ ва Боғикалонро ба масофаи панҷ километр асфалтпӯш карда, барои аҳолӣ як чоҳи амудии оби нӯшокиро мавриди истифода қарор додаанд.

- Сокини деҳоти «Қалъаи Баланд» Луқмоной Турсунова, гарчанде ки ба синни 86 расида бошад ҳам, вале то имрӯз барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватани маҳбубамон ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст. Бо ташаббуси ин зани ҳимматбаланд  боми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и деҳаи Қалъаи Баланд тунукапӯш гардид. Барнодили дигар, Саломат Додобоева, сокини деҳаи Қалъаи Баланд, ки имрӯз дар остонаи 70 — солагӣ қарор дорад, барои сокинони деҳаи Қалъаи Баланд бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дод,- мегӯяд Барно Ашрафова.

Шоире фармудааст, ки:

Шарафи кас ба ҷуд асту  каромат ба суҷуд,

Ҳар кӣ ин ҳар ду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд.

Дар фарҷом таманно мекунем, ки дар ҷумҳуриамон шумораи чунин бонувони олиҳиммату саховатманд ва ободкор бештар гардад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»