Барои андеша

Шариат дигар асту фарҳанги миллӣ дигар

№50 (4470) 22.04.2022

Ҳар субҳ барои машқи пагоҳӣ ба варзишгоҳи мактаби деҳа меравам.

Субҳи 21 март низ рафтам. Дар роҳ бо нафаре, вохӯрдаму бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод кардам. Табассум карду чизе нагуфт. Ҳайрон монда пурсидам:

 - Ягон гапи хандаовар гуфтам?

- Не.

- Пас барои чӣ механдӣ?

- Наврӯз иди мусалмон нест…

Чун дидам, ки майнаи ӯро бо гапҳои беасос пур кардаанду ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидан нест, ҳарфе нагуфта, роҳамро идома додам. Ба хотирам иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд расид, ки дар он раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷой доштани ақидаҳои  ифротӣ дар миёни баъзе аз сокинони вилоят ҳарф зада, аз ҷумла, гуфт: «мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба ҷои кам шудан афзуда истодааст».

Дар ҳамин маврид зуҳуроти дигари номатлубро ёдовар шуданиам. Дар Хуҷанду атрофи он қабл аз оғози тӯи арӯсиву домодӣ маросими «ноншиканон» — ро бо теъдоди ками одамон барпо мекунанд. Насиб будааст, дар яке аз чунин чорабиниҳо иштирок намудам. Вақте ки ҷониби арӯс ду нони махсус пухташударо ба рӯи дастурхон гузошту аз домуллои маърака хоҳиш кард, ки шиканад, ӯ норозиёна:

- Аслан дар шариати ислом ноншиканон гуфтанӣ гап нест. Хайр, чун овардед, мешиканем, — гӯён нонро, ба ҷойи он ки ба нафари калонсол диҳад, худаш шикаст. Баъд аз тановули хӯроки якум бо овардани далелу бурҳони нодурусту бемантиқ иддаояшро исбот карданӣ шуд. Лекин аксари он ҷо ҳузурдош­тагон чун дарк карданд, ки домулло дур аз расму оин ва фарҳанги миллист, ба суханонаш эътибор надодаанд.

Ҳамон рӯз дар маросими ҷанозаи ҳамкасбамон, собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хуҷанд» Маҳмудҷон Ҳусейнзода бо раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода вохӯрда, амали нодурусти он муллоро гуфтам.

- Иддаояш нодуруст, ба фарқи шариати ислом ва расму оину фарҳанги миллӣ сарфаҳм намерафтааст, — гуфт номбурда. — Ҳар маҳаллу халқият расму оини хоси тӯю азоро дорад. Нон шикастан аз рӯи таълимоти ислом амали нораво нест. Дарвоқеъ, аз худаш напурсидед, ки чаро дар он маърака иштирок дорад?!

Дар навбати худ аз суҳбати як тан аз уламои дини вилоят Қориназар Муҳаммадҷонови зиндаёд ёдовар шудам. Дар яке аз маросими ноншиканон пеш аз шикастани нон гуфта буд:

- Қабл аз оғози тӯй ба он хотир нон мешикананд, то ки арӯсу домод ба ҳамдигар монанди нон азиз бошанд. Ин анъана аз ниёконамон чун як рукни фарҳангӣ то ба мо расидааст.

Андеша кардам, ки кош Қориназар Муҳаммадҷонов зинда мебуду боре ба он нимчадомулло моҳият ва маънии урфу одати маҳаллӣ, фарҳанги миллиамонро мефаҳмониданд, ки «шариат дигар асту урфу одат ва расму оини миллӣ дигар».

Билохира, дар шароите ки таассуб ҷаҳони моро фаро гирифта, дар ҷомеа реша медавонад, масъулони идеологиро зарур аст, ки бештар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Хусусан, уламои соҳибилму соҳибфарҳанг­ро лозим аст, ки тавассути оинаи нилгун бештар дар ин мавзӯъҳо баромад кунанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»