Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таҳлил ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварамон барои оянда муайян шуданд. Дар баробари дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг, бахусус, китобу китобдорӣ, зиёд буд. Дар ин робита бо директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода мусоҳиб шудем:
- Солҳои охир дар ҷомеаи мо ба баланд бардоштани маънавиёти мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат низ аз нуктаҳои асосӣ буд…
- Воқеан, дар Паёми имсола дар радифи дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи фарҳанг зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки: «Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад».
Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг Пешвои миллат таъкид карданд, ки мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем. Бегуфтугӯ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» барои амалӣ намудани Консепсияи миллии тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷомеа, тақвияти худшиносии миллӣ мусоидат мекунанд.
- Назари шумо оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2019, ки чанде пеш ҷамъбаст гардид, чӣ гуна аст?
- Бори нахуст зери сарпарастии Пешвои миллат баргузор шудани озмуни мазкур исбот намуд, ки воқеан миллати сарбаланди тоҷик аз қадимулайём соҳибфарҳанг буда, ба китоб арҷ мегузошту мегузорад. Ҷалб намудани қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба китобхонӣ, тақвияти рушди зеҳнӣ ва такмили истеъдоди суханварӣ, бахусус, барои насли наврас, аҳдофи он буд. Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд, ки: «барои баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» — ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад». Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» — ро дар се самт — миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.
- Ҳамчунин, масъалаи чопи китобҳо, аз ҷумла, адабиёти бадеӣ ва ба омма дастрас кардани онҳо, низ махсус таъкид гардид.
- Бале, дар Паём ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолон ва ҷавонону наврасон ба роҳ монанд. Дар татбиқи ин иқдоми наҷиб нақш ва мақоми китобхонаҳо бисёр хуб арзёбӣ гардид ва ишора шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд».
- Роҷеъ ба пешниҳоди нави Пешвои миллат оид ба эълони бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф чӣ андеша доред?
- Ин иқдоми наҷиб, бешак, барои баланд бардоштани сатҳи дониши заминавии насли наврас ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Зарур аст, ки дар радифи ҷоннок намудани таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бештар ба таҳияву интишори адабиёти илмӣ — маърифатӣ барои наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Бисёр хуб мешуд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии наврасону ҷавонон оид ба табиати афсонавии Ватани азизамон, боигариҳои зеризаминӣ, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, осоишгоҳҳои табобатию истироҳатӣ, кӯҳҳову дарёҳо ва обҳои минералии Тоҷикистон китобу ҷузваҳо таҳия ва нашр гарданд.
- Боз кадом нуктаҳои Паём мавриди таваҷҷуҳи шумо қарор гирифт?
-Ҳар як ҳарфи муҳтарам Президент муҳиму арзишманд аст, зеро ҳамчун роҳнамое барои рушди ҷомеаи мо хизмат мекунад. Масалан, таъкид гардид, ки: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад». Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Ин ва дигар ибтикороте, ки аз Паём бармеоянд, барои тақвияти худогоҳии миллӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»