Шаш боли шашмақом

№59-60 (4799-4800) 13.05.2024

shashmakom-1САРОҒОЗ

Инсонҳо аз оғоз то анҷоми зиндагӣ бо мусиқӣ иртиботи қавӣ доранд. Гузаштагони мо низ аз аввалинҳое ҳастанд, ки мусиқиро кашф карданд ва аҳамияти онро дар рӯҳу равони худ шинохтанд. Мусиқӣ дар рӯзи шодӣ, мотам ва ҷанг ёру ёварашон буд. Сурурашонро мусиқӣ ифода мекард, дардашонро таскин мебахшид, эҳсоси қаҳрамониашонро бармеангехт ва дар ҷанг бар душманон ғолиб меомаданд. Аз ин ҷост, ки мо наметавонем мусиқиро аз ҳаёти худ ҷудо созем ва онро амали беҳуда ва зиёновар муаррифӣ намоем. Ҳамин кофист, ки донем мусиқӣ фаъолияти мағзро беҳтар месозад, изтиробро кам мекунад, ҳофизаро тақвият мебахшад, рӯҳу равонро менавозад, дар вуҷуди инсон лаззати шодеро тавлид менамояд.

ШАШМАҚОМ ПАЙҒОМИ КАЙҲОНИСТ

Шашмақом мусиқии классикии мардуми тоҷик аст, ки пеш аз солшумории мелодӣ дар ҳар шакле миёни ниёкони мутамаддини мо рушд кардаю ниҳоят дар Бухоро равнақи тоза ёфта, бо навоҳои дилошӯб ва таронаҳои марғуб машҳур гашт. Имрӯз дар Тоҷикистон Шашмақом ҷойгоҳи вежа дошта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ансамблҳои мақомсароён фаъолият доранд. Аммо ин шоҳасари мусиқӣ то расидан ба даврони мо роҳи пурпечутоберо пушти сар карда, борҳо чун мазҳари «гуноҳ» мамнӯъ мегардад. Бо вуҷуди ин, хунёгарон онро зинда нигоҳ медоранд ва то рӯзгори мо меоранд.

 ***

Бухоро. Қасри шоҳ

- Амирам! – даст пеши бар таъзим кард қозикалон, — мусиқӣ амали шайтонист. Мақомсароён ёри шайтонанд. Онҳо мардумро гумроҳ карда, аз роҳ мебароранд. Танҳо шумо метавонед пеши пайравони иблисро бигиред.

- Дар ин бора муфтии аъзам чӣ назар доранд? – рӯ ба муфтӣ овард амир.

- Назари ман назари шариат аст, агар пеши роҳи мусиқинавозону овозхонҳоро нагирем, ғазаби Худо меояду балои азимеро ба Бухоро меорад.

Аҳли дарбор сар ҷунбонда, суханони қозикалону муфтиро тасдиқ мекарданд. Амир рӯи тахт нишаста, ба дарбориёнаш, ки мунтазири сухани ӯ буданд, рӯ овард:

- Фармон медиҳам, ки дигар мусулмоне дар қаламрави давлати Бухоро ҳаққи мусиқӣ навохтан, овоз хондан ва рақсиданро надорад. Агар касе ин корҳоро анҷом медиҳад, кушта мешавад!

Ҳамон рӯз фармони амирро дар Бухоро ҷорчиён ба мардум расонданд. Ҳафтае баъд пеш аз намози зуҳр дар майдони Арк садои навҳаи одамон баланд шуд.

- Он ҷо чӣ гап аст?! – пурсид амир.

- Тобути Шашмақомро овардаанд.

- Тобути Шашмақом, — пичиррос зад амир ва ба ходими хоси худ дастур дод:

- Бирав, бигӯ, ки Шашмақомро чуқуртар гӯронанд, то ному нишонаш аз дунё гум шавад.

Бо шунидани ин сухани амир фарёд аз дили муғанниён берун омад.

- Шашмақомро не, маро гӯронед, – нолид Хоҷа Мираки Чангии Бухороӣ.

- Маро ҳам мисли Шашмақом зинда ба хок андозед, – баланд шуд овози Мулло Бобои Қамчин.

- Шашмақом намемирад, он пайғоми кайҳонист, умри ҷовидон дорад, — овоз баланд кард Алишоҳи Хушнаво. Аммо садои онон ба гӯши амир нарасид.

Қатли хунёгарон боис шуд, ки садои навоҳои дилошӯбу таронаҳои марғуб дар аморат хомӯш шавад. Мақомсароёни ҷигархун бечораю бепушту паноҳ буданд. Аммо мардумони ғайримусалмони Бухоро иҷозат доштанд, дар хонаҳояшон навозанду бихонанд. Яҳудиён Шашмақомро ворисӣ карданд, дар он замони ҳассос онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, боз ба соҳибони аслиаш баргардонданд.

Дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди Шашмақом оғоз шуд. Охири солҳои 40-уми асри ХХ бо ташаббусу роҳнамоии устодон Сад­риддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров қарори дахлдор барои сабт ва гирдоварии Шашмақом ба тасвиб расид. Барои анҷоми ин кор устодони мусиқӣ Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов муваззаф шуданд. Ҳамин тавр, солҳои 1950-1967 дар Москва шакли комили академии Шашмақом дар панҷ ҷилд нашр шуд.

Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт, ки дар он аввалин бор таълими Шашмақом аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2000-ум панҷоҳсолагии таъсисёбии Ансамбли «Шашмақом» дар Тоҷикис­тон таҷлил гардид ва ба ин муносибат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба он мақоми давлатӣ дода шуд ва он минбаъд Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов номгузорӣ гардид.

Дар Тоҷикистон аз соли 2002 рӯзи 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад.

ШАШ РАВЗАНАИ ИШҚ

Шашмақом аз шаш мақом иборат аст: «Рост», «Наво», «Бузург», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ». Аммо Кавкабии Бухороӣ дар асари мусиқии худ «Султония» дар бораи дувоздаҳ мақом маълумоти ҷолиб меорад, ки исмҳояшон чунин аст: «Ушоқ», «Наво», «Бӯсалик», «Рост», «Ироқ», «Исфаҳон», «Зерафкан», «Бузург», «Зангӯла», «Раҳовӣ», «Ҳусайнӣ» ва «Ҳиҷоз».

Мувофиқи таълимоти мусиқишиносони куҳан, навозишу овозхонии мақомҳо замону макони хосро тақозо менамуд ва устодон ҳар як сурудро дар ҷои худ мехонданд.

Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома», дар боби «Хунёгарӣ», таъкид мекунад, ки мутриб бояд дар мусиқинавозӣ ва овозхонӣ чор фаслро ба назар бигирад. Ин фаслҳо баҳор, хазон (тирамоҳ), зимистон ва тобистон аст. Ӯ навиштааст: «Ва ҳар суруде дар маънии дигар гӯй. Шеъру ғазал бисёр ёд гир дар фироқу висол, маломату итоб, вафою ҷафо ва эҳсону ато. (Сурудҳо) ҳолатҳое, вақте, фасле доранд, чун сурудҳои баҳорӣ, хазонӣ, зимистонӣ ва тобистонӣ. Бояд бидонӣ, ки ба ҳар вақт чӣ бояд гуфт. Набояд, ки андар баҳор хазонӣ ва дар хазон баҳорӣ гӯӣ».

Таъкид кардани ин нукта шояд зарурат дорад. Дар замони мо баъзан сарояндагоне пайдо мешаванд, ки мегӯянд ман шеъру оҳанги худамро месароям ва ниёз ба шоиру оҳангсози дигаре надорам. Кайковус ба ин гуна сарояндагон гуфтааст: «Агар хунёгар бошию шои­рӣ низ бидонӣ, ошиқи шеъри хеш мабош ва ҳама ривоят аз шеъри хеш макун, ки чунонки туро бо шеъри худ хуш бувад, магар он қавмро нек набошад, ки хунёгарон ровиёни шоиронанд, на ровии шеъри хеш».

Кавкабии Бухороӣ дар рисолаи «Дувоздаҳ мақом»-и хеш дар кадом замон хондани ин ё он мақомро мушаххас мекунад. Агар Унсурулмаолии Кайковус чор фаслро ба назар гирифта бошад, Кавкабӣ чун хунёгар ва ситорашинос соатҳои рӯзу шабро ба таври аниқ таъин намуд: «Дар аввали субҳ «Раҳовӣ», чун офтоб барояд, «Ушоқ» ва баъд аз он то чошт «Рост» ва дар чошт «Ироқ» ва чун завол бигзарад, «Бузург» ва дар намози дигар «Бусалик», наздики шом «Зангӯла», намози шом «Наво», намози хуфтан «Зерафкан» ва пас аз соате «Исфаҳон»-у ними шаб «Ҳиҷоз».

Агар ҳар мақоме дар замони худ навохта шавад, таъсири он ба рӯҳу равони одамон бештар мегардад. Масалан, ривоят мекунанд, ки Борбад ба ҳар рӯзи сол оҳанге хос эҷод карда, дар ҳар ҷашн оҳангҳое мувофиқ сохтаю месурудааст.

Таълими илми мусиқӣ ва санъати овозхонӣ дар гузашта ба тариқи устодию шогирдӣ идома меёфт ва як силсилаи бузургро ба вуҷуд оварда буд. Шогирдон на танҳо мубаллиғони илму ҳунари устодон ба ҳисоб мерафтанд, балки асбоби мусиқие, ки аз муаллими худ ба ёдгор мегирифтанд, чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарданд. Ҳунар ҳамин гуна пос дошта мешуд ва аз насл ба насл мегузашт.

Санъатшинос Абубакр Зубайдов дар мақолаи «Назаре ба таърихи Шашмақом» барҳақ навиштааст, ки дар ҳар суруду наво ва оҳангу таронаҳои ин шоҳасари мусиқӣ рӯҳи тавонои ниёгони бузурги мо Борбади Марвазӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Иброҳими Мавсилӣ, Котибии Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Сафиуддини Урмавӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кавкабии Бухороию Дарвешалии Чангӣ ва ҳазорони дигар нуҳуфта аст. Ғазалҳои нобу каломи мавзуни шоирони бузурги мо Рӯдакию Низомӣ, Хусраву Мавлавӣ, Саъдию Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Ҳилолию Бедил, Соибу Сайидо, Ҳайрату Шоҳин ва дигарон бо силсиланавоҳои он чун ҷону тан ба ҳам пайвастаанд.

Шашмақом шаш бол аст, ки аз шаш равзанаи ишқ ба парвоз меояд. Ин санъати асил ҳоло дар мақоми давлатӣ нишастаю ба инсонҳо ғизои маънавӣ мебахшад. Насли куҳану нави хунёгароне чун Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева, Шамсиддин Муҳиддинов, Фурқати Саид, Абдувалӣ Абдурашидов, Сабоҳат Наҷмиддинова, Хуршед Иброҳимов, Ситораи Кароматулло… барои боз ҳам равнақ ёфтани Шашмақом кору зиндагӣ мекунанд.

Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,

Нақши ҳар парда, ки зад, роҳ ба ҷое дорад.

ВОРИС,

«Садои мардум»