Осорхонаҳои кишвар

Шиносоӣ бо Панҷакенти қадим дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

№№ 97 (4517) 05.08.2022

ОсорхонаОсорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои фарҳангии зодаи замони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, 4 апрели  соли 1996 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил ва дар арафаи ҷашни 10 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дари худро барои сокинон ва меҳмонони пойтахт боз кард. Бозёфти бойгонии осорхона беш аз 100 ҳазор адад­ро ташкил намуда, аз асри санг то охири асрҳои миёнаро дар бар мегирад. Машҳуртарини ин ганҷина муҷассамаи 12-метраи «Буддо дар ҳолати нирвана» ва деворнигораҳои Панҷакенти қадиманд. Мо толори Панҷакенти қадимро, ки дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ҷойгир аст, тамошо кардем.

- Толори  мазкур соли 2001 баробар бо таъсиси осорхона таъсис ёфт. — Дар он намунаҳои ҳунари ­санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ ва кандакориву дигар бозёфтҳои Панҷакенти қадим ба намоиш гузошта шудаанд. Ин бозёфт шаҳодат медиҳанд, ки суғдиҳо дар асрҳои V — VIII мелодӣ чӣ рӯзгор доштанд, — гуфт ходими илмии осорхона Абдураҳмон Пӯлодов.

Суғдиёни Панҷакенти қадим, ки аслан мардуми эронитабори шарқӣ буданд, бо забони суғдӣ ҳарф мезаданд ва хат низ доштанд, ки намунаҳои он асосан дар рӯи сафолпора, санг ва ашёи чӯбӣ боқӣ мондааст. Агар мо дар бораи дастхатҳо бо хати суғдӣ ҳарф занем, боз­ёфтҳои қалъаи кӯҳи Муғи ноҳияи Айнӣ пеши назар меоянд, ки солҳои 1932 — 1934 ёфт шудаанд. Тавассути ин бозёфт доир ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии суғдиён дар арафаи ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна маълумоти зиёд ва муҳими таърихӣ ба даст омадааст. Дар баробари мактубу навиштаҳои хусусияти ҳуқуқиву хоҷагидоридошта муҳаққиқон аввалин бор бо номи «Панча» ё ки «Панҷакент» дар ҳамин бозёфт дучор омаданд. Номи охирин шоҳи суғдӣ — Деваштич низ дар ҳамин навиштаҳо пайдо гардид.

Панҷакенти қадим яке аз шаҳрҳои зебоманзар ва хеле ташаккулёфта дар он замон будааст. Ин шаҳр аз 4 қисми асосӣ иборат буда, қисми аввали он шаҳристон аст. Дар ин қисмат асосан ҳунармандон, коҳинони маъбад, яъне диндорон ва савдогарону ашрофзодагон зиндагӣ мекардаанд. Қисмати дуюми шаҳр хонаҳои беруназшаҳрӣ будаанд, ки дар онҳо деҳқонон, хоҷагидорон ба сар мебурдаанд. Дар қисмати сеюм, ки дар он шоҳон ва ҳокимони Панҷакент иқомат доштанд, куҳандиз будааст. Қисмати чорум қабристон аст, ки дар он ҷасадҳо дар  устухондонҳо, сағона ё ҳуҷраҳои махсус гузошта мешудаанд.

- Ин шаҳр дар асрҳои V — VIII, ки марҳилаи муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад, басо ривоҷ ёфта буд, — шарҳ дод А. Пӯлодов. Он ду ибодатгоҳ, бозору растаҳои обод ва кӯчаҳои фарох ­дошт. Хонаҳои ашрофзодагон бо санъати хеле баланд бунёд ёфта буданд. Яке аз хусусиятҳои Панҷакенти қадим ин мавҷуд будани толори меҳмонпазироӣ, ба истилоҳи имрӯза меҳмонхона дар ҳар як хонаи истиқоматӣ буд. Меҳмонхонаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки суғдиёни бостон дар замони хеш аз меҳмоннавозтарин мардуми давр будаанд. Дар яке аз деворнигораҳои Панҷакенти қадим дидан мумкин аст, ки толори пазироии меҳмонон нишастгоҳҳои махсус дорад.

Осорхона 2Дар толори меҳмонпазироии суғдиён сутунҳо ва сарсутунҳо будаанд, ки онҳоро дар илми бостоншиносӣ кариятидаҳо меноманд. Кариятидаҳо ба сурати бонувон сохта шуда, ҳамзамон вазифаи асосии худ — нигоҳ доштани сақфи хонаро, ҳамчун сутун, иҷро менамуданд. Деворҳои пурнақшу нигор, кандакориҳои рӯи чӯб ва ороиши болои дастархон бо гузоштани ҳар гуна нуқлу навои миллии онвақтаи суғдиҳо  далели он аст, ки суғдиён русуми меҳмоннавозиро бо санъати баланд ва шавқу завқ  иҷро мекарданд.

Дар Панҷакенти қадим, ки 13 гектар масоҳат дошт, намояндагони панҷ дину мазҳаб зиндагӣ мекарданд. Чунин ҳолат аз таҳаммулпазирии мардуми Суғд шаҳодат медиҳад.

- Масалан, муҷассамаи Шива ва ҳамсари ӯ — Парвати, ки дар осорхона маҳфуз аст, мансубият ба дину фарҳанги ҳинду дорад, — ба муҷассамаи бузург ишора намуд А. Пӯлодов.

Дар Панҷакенти бостон мавҷуд будани муҷассамаи Шива ва Парвати далели он аст, ки мардуми Суғд бо мардуми ҳинду равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ низ барқарор намуда буданд.

Деворнигора бо тас­вирҳои гули лола, ки ба асрҳои V — VI мансуб аст, соли 2010 аз ҷониби бостоншиносони русу тоҷик дар яке аз ҳуҷраҳои қасри ҳокимони Панҷакенти қадим пайдо гардидааст.

- Агар эътибор диҳед, гулҳои лола мисли муҳраҳои шоҳмот дар тас­вирҳо ҷой дода шудаанд. Дар ҷое седонагӣ ва дар ҷои дигар — дутоӣ. Лолаҳои дар деворнигораҳо тасвирёфта далели онанд, ки дар ҳамон айём ҷашни «Сайри гули лола» дар Суғди бостон мавҷуд буд.

Шиносоӣ ва тамошои бозёфти зикршуда бинандаро бо дунёи рангини ниёконамон ошно сохта, дар дили ҳар тоҷик эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарфарозиро аз дирӯзи кишвару миллат ба вуҷуд меорад.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»