Яке аз бузургтарин парламентҳои ҷаҳон «Сансад Бҳаван»-и Ҳиндустон мебошад, ки бинои он солҳои 1912-1913 аз рӯи лоиҳаи меъморони бритонӣ Эдвин Лаченс ва Герберт Бейкер сохта шудааст. «Сансад Бҳаван» — мақоми олии қонунгузории федералии Ҷумҳурии Ҳиндустон ба шумор меравад. Дар ин бинои мудаввар, ки қутраш 170 метрро ташкил медиҳад, ду палатаи қонунбарор ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷой гирифтаанд. Дар палатаи поёнӣ, ки Лок Сабҳа ном дорад, 552 вакил фаъолият мекунад.
Дар толори Лок Сабҳа болои курсии Раиси парламенти Ҳиндустон бо забони санскрит (ҳиндии бостонӣ) чунин навишта шудааст: «Дҳарм- Сакра- Правартнай» (Барои гардонидани чархи порсоӣ). Роҳ ба сӯи порсоӣ (парҳезкорӣ, тақводорӣ) аз давраҳои қадим идеали ҳокимони Ҳиндустон ба шумор мерафт. Чарх, ки рамзи роҳ мебошад, дар парчами миллӣ ва рамз (герб)-и давлатии Ҳиндустон мунъакис шудааст.
Яке аз қуббаҳои назди толори марказиро иқтибоси зерин аз китоби «Маҳабҳарата» зеб медиҳад: «Ин ассамблея нест, агар дар он бузургсолон (рӯзгордидагон) набошанд. Инҳо бузургсолон нестанд, агар аз порсоӣ сухан нагӯянд. Ин порсоӣ нест, агар дар он ҳақиқат набошад. Ин ҳақиқат нест, агар он ба фиреб бибарад».
Дар қуббаи дигар ин шоҳбайти Ҳофизи Шерозӣ бо ҳуруфи форсӣ ҳаккокӣ шудааст:
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накуии аҳли карам нахоҳад монд.
Забони тоҷикӣ — форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд тӯли қариб 8 аср забони расмӣ ба ҳисоб мерафт. То ҳол ҳазорҳо чунин катибаҳои тоҷикӣ — форсиро метавон дар ёдгориҳои қадимии Ҳиндустон пайдо кард. Аммо дар бинои қонунгузории Ҳиндустон ҷой додани шоҳбайти тоҷикӣ — форсӣ аз арҷгузорӣ нисбат ба ин забон дар Осиёи Ҷанубӣ гувоҳӣ медиҳад.
С. Суннатӣ, «Садои мардум»