«Шоҳнома»-и Роғун

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

        (Досто

30519507662_ceca03e8b8_oМирзо Рустамзода

 

Зиндагӣ осон набуд андар қадим,

Бо хатарҳою балоҳое азим.

 

Бо таваккал зиндагонӣ дошт халқ,

Зиндагӣ не, сахтҷонӣ дошт халқ.

 

Бо илоҷе рӯзишон  мекофтанд,

Бо ғамею ҳасрате меёфтанд.

 

Ҷуз амирон, бекҳою қозиён,

Зулмпарвар мардумони он замон.

 

Зоҳидоне лоубол андар назар,

Аз мусалмонӣ тамоман бехабар,

 

Ҳарзаҳое бофта бо номи дин,

Беибо, аз номи Раб — ул оламин,

 

Халқро андар асорат дошта,

Тухми ҷаҳлею таассуб кошта.

 

Холабеғам, айшпарвар ҷоҳилон,

Бадтарин дар рӯи олам коҳилон.

 

Оҷиз аз фанноварӣ, навоварӣ,

Мамлакатро заррае болобарӣ.

 

Не дар он онон заррае одамгарӣ,

Не нишоне аз раиятпарварӣ.

 

Роҳзанҳо дар ҳуҷум аз чор сӯй,

Бо ғиреву даҳшатеву ҳою ҳӯй.

 

Қатлу ғорат карда, дар ҳар рӯву роҳ

Одамонро бе ягон ҷурму гуноҳ.

 

Ваҳшиён даврею даврон доштанд,

Базмҳое гарм гардон доштанд…

 

Ҳам Душанбе буда як деҳи хароб,

Роҳҳо вайронаю пурлою об.

 

Бомҳо хаспӯшу лойин хонаҳо,

Пур зи мушу мор чун вайронаҳо.

 

Роҳҳо носозу манзил бечароғ,

Қалбҳо чун лола аз ғам доғ – доғ.

 

Умри чандин насл дар зулмат нмҳон,

Бо ҷафою ҷабр бигзашт аз ҷаҳон.

                          ***

Ҳайрато, «Шаҳнома»-ю Роғун шабеҳ,

Қисмати ҳар ду ба ҳам хӯрда гиреҳ.

 

Чун Дақиқӣ шӯравӣ ҳам кушта шуд,

Халқ андар хоку хун оғушта шуд.

 

Лек Фирдавсӣ ба мисли шеърмард,

Хешро зад боҷасорат дар набард.

 

Умри нав бахшид ӯ «Шаҳнома» — ро,

Дода ҷавлон ханҷаросо хомаро.

 

Тоҷиконро шуҳрат овард ончунон,

Шуҳраташ овоза шуд рӯи ҷаҳон.

                      ***

Асрҳои аср аҷдодони мо,

Нӯшдору ҷуста бар дармони мо.

 

Оқибат ҷою мақоме ёфтанд,

Қомати мардонагӣ афрохтанд.

 

Бо талошу заҳмату ранҷе ҳалол,

Бе хиёнат, бе ҳамоқат, бе вубол.

 

Тарҳи нав бар зиндагӣ андохтанд,

Неругоҳеро чу Роғун сохтанд,

                       ***

«Ҳар касе, к-ӯ дур шуд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш».

 

Бигзарад сад ё ҳазорон рӯзу шаб,

Мерасад рӯзе паёме аз тараб.

 

Ҳаст дар хун он чӣ, берун мешавад,

Чеҳра ҳам зебову гулгун мешавад.

 

Ҳар чӣ дар дилҳост он рӯ мезанад,

Нақш бар чашмею абрӯ мезанад.

 

Ноаён ҳам мешавад рӯзе аён,

Ҳамчуноне, фош мегардад ниҳон.

 

Иллате морост гар хори дарун,

Мешавад рӯзе, ки мегардад бурун.

 

Дар замир ҳар чист, манзур мешавад,

Нок нок, ангур ангур мешавад.

 

Мешавад охир ҷудо мӯ аз хамир,

В –аз камон рӯзе ҷаҳад нохост тир.

 

Гург оҳуро ба дунё  н – оварад,

Балки ӯро чун бубинад, медарад.

 

Бо кабӯтар зоғ ҳам ҳамҷинс нест,

Байни онон иртиботу унс нест.

 

Хулқи бад бо шир меояд ба тан,

Мешавад бо ҷон бадар он аз бадан.

 

Нурпарвар сулҳпарвар мешавад,

Дер пояд, мор аждар мешавад.

 

Аз азал тоҷикро фарҳанг буд,

Рӯзгоре бо ҳазорон ранг буд.

 

Дар сар ӯро не ҳавои ҷанг буд,

Рӯзгори сахти ӯ аз санг буд.

 

Ҳам набуд, ҳам нест моро аз азал

Санг пинҳон ҳеҷ гоҳе дар бағал.

 

Гарчи бохайреву меҳмонпарварем,

Зудбовар лек дар баҳру барем.

 

Хони мо бар ҳар касе бикшода аст,

Гарм доим чойи мо омода аст.

 

Ростӣ, созандагиҳо кори мост,

Ҳам сухан, андеша ҳам пиндори мост.

 

Гарчи з — ин эҳсону з – ин лутфу карам

Мерасад раҳмат ба мо бисёр кам,

 

Шукри беҳад ҳаст моро дастгир,

Покройе дар адолат беназир.

 

Лутфҳо моро аз ӯву ҳам нишот,

Дода бар мо Ваҳдату сулҳу субот.

 

Миллате мо тоҷ бар сар будаем,

Сулҳпарвар, ваҳдатофар будаем.

 

Ҳамчунин бо нур мо пайвастаем,

Дил басо бар равшаниҳо бастаем.

 

Пок донанд оташи Зардуштро,

Сӯфиосо рафтанаш арғуштро.

 

Дилзаданҳое чу қалбе одамӣ,

Тобхӯрданҳои зебо ҳар даме.

 

Роҳате бар халқ эҳсон карданаш,

Сардии дил маҳву қурбон карданаш.

 

Чашмҳоро, қалбҳоро бурданаш,

Соҳирона занги дилҳо хӯрданаш.

 

Сӯхтанҳо, сохтанҳое аҷаб,

Рӯз хуршед асту моҳе гоҳи шаб.

 

Кас шавад бар ҳусни дилҷӯяш асир,

Меҳри ӯро ҷой созад дар замир.

 

Тоҷу тоҷикро чунон ҳамкешӣ аст,

Ҳардушонро дар рисолат хешӣ аст.

 

Бар сиёҳӣ нест моро рағбате,

Заҳр н – андозем мо дар шарбате.

 

Равшанӣ бахшем бар кошонаҳо,

Оламоро ҳамчунон хуршед мо.

 

Чор унсур аз азал аз баҳри мо,

Буду мемонад муқаддас доимо.

 

Мо намехоҳем ҳаргиз ҷангро,

Нашканем армони ному нангро.

Балки ҷонибдори сулҳу ваҳдатем,

Сулҳу ваҳдат ҳаст, к- андар роҳатем.

 

Мо ҳамонем- Коваи оҳангарем,

Рамзи кору зиндагиву боварем.

 

Мисли Фарҳод об аз санг оварем,

Сад чаманро накҳату ранг  оварем.

 

Мо зи Тӯсему ҳамон Фирдавсием,

Рустамему шӯҳра дар нотарсием.

 

Мо ҳамон Мавло зи Балх астему Рум,

Орифе бе миллатею марзу бум.

 

Бӯалӣ Сино ҳакиме номдор,

Рӯдакием шоири овозадор.

 

Саъдиему Ҳофизе ширинсухан,

Об гардад шеъри мо андар даҳан.

 

Мо ҳамон Айнии дилошуфтаем,

Ҳарфи миллатро зи минбар гуфтаем.

 

Мо Ғафуровему Турсунзодаем,

Нусратуллою  Шириншоҷодаем.

 

Беҳзоде, Борбаде, Монӣ ба хун,

Шоҳ Исмоили Сомонӣ зи бун.

 

Мо Курӯшему Муқаннаъ, Маздакем,

Мо ҳамон Хайёми рӯшанмаслакем,

 

Шоҳ Ҷамшедем, Наврӯз офарид,

Рустаме ҳастем ҳам Гурдофарид.

 

Мостем Испитамоне шермард,

Бо Сикандар гашта сахт андар набард.

 

Қаҳрамонон: — Шераке бас ҷонфидо,

Шоҳбол, Темурмалик, Восеъи мо.

 

Ганҷавӣ, ҳам Шервонӣ, Фонием,

Баста дил бар ваҳдате инсонием.

 

Ҳам Ҳилолӣ, Туғрали хуншор мо,

Кушта гардидем садҳо бор мо.

 

Дар ҳама давру замон, дар ҳар канор

Дода мо  нобиғаҳои  бешумор.

 

Он бузургоне, ки дорад ифтихор,

Кулли олам бо сипосе беканор.

 

Машъале дар торикистонем мо,

Гулхане дар барфу боронем мо.

 

Нурафкан ахтаре дар тирашаб,

Тоҷик астему на турку не араб.

 

Тоҷикистон як Ватан дорем мо,

Миллати  беҳад кӯҳан дорем мо.

 

Миллате ҳастем мо озодхоҳ,

Миллате ҳастем мо ободхоҳ.

 

Сер моро пушт бас бигзаштааст,

Моли дунё ҳеҷ моро гаштааст.

 

Кори мо умрест фарҳангофарӣ,

Маърифатбахшӣ, маорифпарварӣ.

 

Ҷаннате моро Худо кардаст ато,

Тоҷикистони басо озодаро.

 

Одамиятро муаззам бишмарем,

Зидди ҳар қисматгарӣ, шӯре, шарем.

 

Миллате ваҳдатсаро ҳастем мо,

Миллате ваҳдатгаро ҳастем мо.

Нест то ки одамонро иттиҳод,

Нест дар меҳвар нишоне аз субот.

 

Одамиро зӯр бахшад иттиҳод,

Чашмҳоро нур бахшад иттиҳод.

 

Гарм дилҳоро намояд иттиҳод,

Боварӣ бахшад ба мо андар ҳаёт.

 

Зинда дорад одамиро эътиқод,

Сахт бошад зиндагӣ бе эътимод.

 

Давраҳое бо адаб, бо маърифат,

Қавмҳоеро намудем тарбият.

 

Ин замон бо нуру бо барқу ба об

Рӯшноӣ дода ҳамчун офтоб.

 

Неругоҳе кардаем бунёд мо,

Гашта аз вобастагӣ озод мо.

 

Ҳар чӣ бошад шукр бо он мекунем,

Шукр мо бо Тоҷикистон мекунем.

 

Чун гулистон ин Ватанро мекунем,

Сабзу зебо ин чаманро  мекунем.

 

Тоҷикистон боғу бӯстон мекунем,

Оламеро рӯшанистон мекунем.

                        ***

Гашта бар мо борҳо андар ҳуҷум,

Зоғҳову чуғзҳои наҳсу шум.

 

Ғосибоне ном онҳоро араб,

Ҳамчунон Искандаре дунёталаб,

 

Ҳам муғул ҳам турку манғите фасод,

Мулки моро кард беҳад хокбод.

 

Машъале мегашт тоҷик дар ҷаҳон.

Гар намебуданд ин шуммаслакон,

 

Оташ андар мулки мо афрӯхтанд,

Қатлу ғорат карда, онро сӯхтанд.

 

Садд андар пешрафтанҳо шуданд,

Оқибат шармандаю расво шуданд.

 

Родмардони зиёде дода ҷон

Дар басо бархӯрдҳо бо ғосибон.

 

То раҳо ёбем мо аз сархамӣ,

Боз дида рӯзҳои хуррамӣ.

 

Қаҳрамононро бубояд дошт пос,

Насли навро кард бояд худшинос.

                      ***

Дар бигирад хонае нохост гар,

Бигзарад бешубҳа бар боми дигар.

 

Барқро аз манзиле бар манзиле

Метавон бурдан ба симе, ноқиле.

 

Ҳикмате бисёр дар ҳамсоягист,

Роҳате бисёр дар ҳамҷоягист.

 

Дошт бояд доимо андар назар,

Нест боло миллате аз ҳамдигар.

 

Ҳаст дар ҳар миллате некеву бад,

Одамоне нағз ҳам чун деву дад.

 

Беҳтарин коре, азизон, дӯстист,

Нест бодо душманиҳо нест, нест.

                       ***

Бо гузашт аз беш даҳ қарне Худо

Дод моро боз  иқболе, сафо.

 

Боз аз нав соҳиби давлат шудем,

Муттаҳид, сарҷамъ чун миллат шудем.

 

Давлат аз нав сохта дар шӯравӣ,

Парчаме афрохта  дар шӯравӣ.

 

Бохтем ар, дар хилофат бохтем,

Бохтем ар, дар аморат бохтем.

 

Сӯхтем ар, дар хилофат сӯхтем,

Сӯхтем ар, дар аморат сӯхтем.

 

Мондае садсолаҳо, ҳайфо, қафо,

Дар асорат, дар ҷаҳолат, дар ҷафо.

 

Хешро бишнохта дар шӯравӣ,

Хешро бигдохта  дар шӯравӣ.

 

Давлатеро сохта дар шӯравӣ,

Давлате он давр беҳад ҳам қавӣ.

 

Мутлақо бар эҳё   пардохтем,

Парчами миллат баланд афрохтем,

 

Рафт аз даст он чи моро,ҷурми мост,

Каҷ нишастӣ, гӯ суханро лек рост.

 

Дар сиёсат хомҳое доштем,

Саҳвҳо, нокомҳое доштем.

Даврае мардум басо хушҳол буд,

Зиндагонӣ хуш ба ҳар як ҳол буд.

 

Ғайри чанде аз асолатбохта,

Қаҳрамон аз забткорон сохта.

 

Меҳр нисбат бар Ватан гумкардае.

Фазл гӯён, ҷаҳлро парвардае.

 

Майнаҳоро карда дар сарҳо хароб,

Бо хурофоту ҳазорон печутоб.

 

Не ба таъриху на миллат, не дигар,

Ифтихоре нест ононро ба сар.

 

Нек буд ё бад, ки ҳар чизе гузашт,

Нест боқӣ ҳоҷате бар ҳафту ҳашт.

 

Ҳифз ҳоло кард бояд сарзамин,

Тоҷикистони азизу нозанин.

                         ***

Қомати мо андаке ногашта рост,

Боз  душман рӯзи бад бар мо бихост.

 

Бо ҳасад аз касби истиқлоли мо,

Талхакаф аз беҳ гаштан ҳоли мо,

 

Душманон бо хоинон бархостанд,

Маҳшар андар мулки мо оростанд.

 

Пой дар занҷир кардан хостанд,

Маҳв кардан, қир кардан хостанд.

 

Лек тири нохалафҳо хок хӯрд,

Ҷанг гарчи одами бисёр бурд.

 

Зулмро бошад фаное ногузир,

Дергир астӣ Худою сахтгир.

 

Роҳи ҳақро эътибори дигарест,

Мазҳаби олитарин одамгарист.

 

Бадтарин коре, ки одам мекунад,

Қатлу ғоратро фароҳам мекунад.

 

Чашмҳо бо гиря пурнам мекунад,

Одамонро ғарқ дар ғам  мекунад.

 

Мерабояд хуррамии кӯдакон,

Одамонро карда беҷою макон.

 

Мӯпарешон, хокбарсар модарон,

Зору ҳайрон дилбарони навҷавон.

                        ***

Чун сухан рафт аз чунин як родмард,

Солҳое дар талошею набард.

 

Пешво — Эмомалӣ Раҳмони мо,

Раҳбаре ободкоре, ҷонфидо.

 

Ориёӣ, хушлиқо, бо зебу фар,

Чеҳра аз дил, дил зи чеҳра бозтар.

 

Он ки миллат баркашид аз нестӣ,

Вартае, з — он мӯи сар бархестӣ.

 

Ростиро ҳар кӣ мункир мешавад,

Гар мусалмон аст, кофир мешавад.

 

Ҷонгудозӣ баҳри миллат кард ӯ,

Хешро дар ранҷу зиллат кард ӯ.

 

Бо матонат сулҳу Ваҳдат кард ӯ,

Фикри мардум, фикри давлат кард ӯ.

 

Бо киҳое, ки нагаштӣ сар ба сар,

Бар куҷоҳое накардӣ  ӯ сафар.

 

Бо киҳое ӯ нагаштӣ рӯ ба рӯ,

Бо киҳое, ки нашуд дар гуфтугӯ.

 

Бо ҷасорат рафт ӯ бар корзор,

Бо фаросат хешро зад рӯи кор.

 

Ҳам фурӯ биншонд мардумро ғазаб,

Бо тавозӯъ, бо назокат, бо адаб

 

Не шабе гуфт ӯ на рӯзею давид,

Ранҷу заҳматҳои бисёре кашид.

 

Миллатеро ӯ ба ҳам овард боз

Деҳаҳоро, шаҳрҳоро кард соз.

 

Аз нахустин солҳои раҳбарӣ

Дошт мардум сахт бар ӯ боварӣ.

 

Имтиҳони халқро бигзашт ӯ,

Пешво барҳақ, ба миллат гашт ӯ.

 

Чун Сиёвуш оташистонро гузашт.

Сад хатар, сад қасд бар ҷонро гузашт.

 

Ҷон ба каф бигрифтаву ҳамчун вакил,

Чун ватандори вафодори асил.

 

Ҳар ду ҷонибро ба ҳам овард ӯ.

Сулҳро бар мо муяссар кард ӯ.

 

Чор боғи Тоҷикистон гашт ӯ,

Дар Бадахшон, Суғду Хатлон, Рашт ӯ.

Бо вуҷуде кам набуд буҳрони давр,

Танг буд моро  басо имкони давр.

 

Рафтагонро бар Ватан овард ӯ,

Хизмате олӣ ба миллат кард ӯ.

 

Тоҷикистонро бигуфто, модар аст,

Ҳарду ҷонибро чу дил андар бар аст.

 

Соя бар ҳар пайкарею бар сар аст,

Балки аз ҷон низ он болотар аст.

 

Ҳар силоҳе ҳаст, онро биспарем,

Пок дилҳо карда, кин берун барем.

 

Созгорӣ карда, Ваҳдат офарем,

Гавҳари мақсуд бар каф оварем.

 

Рӯзгоре то ба сомон оварем,

Хуррамӣ ҳамчун баҳорон оварем.

 

Тоҷикистонро кунем обод мо,

Коргоҳҳо, роҳҳо бунёд мо.

 

Нест карда душманонро нақшаҳо,

Балки аз фардо кунем андешаҳо.

 

Карда аз худ даштҳоро бомаром,

Не бигӯем субҳу не гӯем шом.

 

Муқтадир моро силоҳе Ваҳдат аст,

Беҳтарин як шоҳроҳе Ваҳдат аст.

 

Бар Ватан ҳар кӣ хиёнат мекунад,

Ӯ хиёнат бар диёнат мекунад.

 

Ҳар кӣ боло мегузорад аз Ватан

Мулки ғайре, ҳайф бодояш кафан!

                        ***

Баҳсҳое дар ҷаҳон боло гирифт,

Номи Роғун дар забонҳо ҷо гирифт.

 

Чор соле гашт гарчӣ пушти сар,

Баҳси Роғун лек мешуд гармтар.

 

Бо муҳаббат, бо ҳазорон боварӣ,

Рӯ ба мардум кард воло сарваре.

 

Бо дили пур кард даъват халқро,

Ҳар ватандоре ниҳад то саҳмҳо.

 

То ки мо созем Роғун бар Ватан,

Ҷамъ бо ҳам гашта чун як ҷону тан.

 

Даъват аз бедорию созандагӣ,

Даъвате шоиста кардан зиндагӣ.

 

Даъват аз ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ,

Баҳри растанҳо зи ҳар вобастагӣ.

 

Чун «мадад аз мӯр» бошад дар мақол,

Халқ маъқулаш намуда бемалол.

 

Мисли оне иттифоқи мӯрчаҳо,

Шерро бо зӯр афтонда зи по.

 

Зарра чун зам гашт, дунё мешавад,

Қатра бошад, баҳру дарё мешавад.

 

Такя ҳар фарде агар бар халқ кард,

Ғолиб ояд бегумон дар ҳар набард.

 

Ҳеҷ бошад ҷисм, оре, бе мадор,

Давлате, к-онро набошад иқтидор.

 

Миллате  гум карда бошад эътибор,

Одаме  гум карда бошад ифтихор.

 

Бо раият саҳв бошад душманӣ,

Мушт оқил кай занад бар оҳане?!

 

Душманӣ бо халқ кулфат оварад,

Дӯстӣ бошад, саодат оварад.

 

Халқ, оре, ҳаст баҳре беканор,

Бо дили дарёву ганҷи бешумор.

 

Ҳар кӣ бо мардум бисозад, оқил аст,

Ҳар кӣ бо мардум ситезад, ҷоҳил аст.

 

Бо раият гашта ҳар кӣ созгор,

Кори ӯ ҳамвора мегирад барор.

 

Халқро ҳар кӣ надорад дар назар,

Ҷони худро мегузорад дар хатар.

 

Халқро бояд гиромӣ доштан,

Арҷ бояд ки ба ӯ бигзоштан.

                       ***

Дар ниҳоят ақли солим кор дод,

Вақт ҳақ бигрифта, бар ҳақдор дод.

 

Ширкате ном «Salini Impregilo»,

Кард истиқбол з — ин иқдоми мо.

 

Рост тоҷик гашт бо италявӣ,

Бо матонат, ғайрате, азме қавӣ.

 

Баста сахт аз ҳафт ҷо онон миён,

Авҷ то бахшанд кори сохтмон.

 

Даррасид он лаҳзае деринтизор,

Вахшро додан қарор дар ихтиёр.

 

Пеши роҳашро гирифтан кӯҳвор,

Самти Роғун кардан онро раҳсипор.

 

Пешво, марде чу як инсони кор,

Дар амал, дар қавл қатъӣ, устувор.

 

Худ трактор ронд бо шавқе тамом,

Сангу хокеро фигандӣ бо маром.

 

Баст маҷро бо матонат Вахшро,

Вахши беҳад саркаше чун Рахшро.

 

Дур рӯзе, нест бар ҳар равзане,

НОБ-и Роғун бахшад аз худ рӯшанӣ.

  

Неругаҳсозӣ, ки кори сода нест,

Лоиқ ҳар кас низ бар ин ҷода нест.

 

Корзоре ҳаст бар мардони кор,

Он бихоҳад ҷисму рӯҳи устувор.

 

Ҷои Рустам, ҷои Фарҳодҳост он,

Гурдҳое, халқро пайванди ҷон.

 

Бо ғуруру бошараф, бо нангу ор

Роҳи мушкил карда умре ихтиёр,

 

Некмардоне ба ғайрат беназир,

Пок чун оина ононро замир.

 

Родмардоне вафодори Ватан,

Меҳрашон дар қалби ҳар мардею зан.

 

Номбардорони миллат, меҳананд,

Лозим ояд, кӯҳро барафкананд.

 

Қаҳрамононе, Ватан доранд дӯст,

Ҳар амал, иқдом онҳоро накӯст.

 

Фардҳое, бори миллат мекашанд,

Бо муҳаббат, бо садоқат мекашанд.

 

Ҳар даҳ ангуштест ононро ҳунар,

Эй басо мушкил намуда пушти сар.

 

Сад фарозе, шебҳо бигзаштаанд,

Эраҷосо саддҳо бишкастаанд.

 

Ҷои мардоне, ки заҳмат мекашанд,

Доимо дар байни обу оташанд.

 

Ҷои мардоне, ки майдон дидаанд,

Неку бадро солҳо санҷидаанд.

 

Кор дар Роғун оре, мушкил аст,

Барфу бороне, яхе, обу гил аст.

 

Кӯҳ ҳамчун дев дар болои сар,

Мекунад ҳар лаҳза эҷоде хатар.

 

Тармахамбию бихӯрдан санг ғел,

Гоҳ резад об гӯё бо сатил.

 

Бингарӣ гоҳо раҳе печида аст,

Сангро бинӣ зи ҷо ғеҷида аст…

                  ***

То ба Роғун сохта мо НОБ — ҳо,

НОБ — ҳои нурбахш аз обҳо.

 

НОБ –ҳои хӯрду то ҳадде калон,

Рӯшанӣ бахшанд бар ҳар ошён.

 

НОБ – ҳое ҳам ҳукумат сохта,

НОБ – ҳое ҳам раият сохта.

 

НОБ — ҳое, халқ бо ҳам  бо ҳашар,

Сохта  бо фаҳму донише, ҳунар.

 

«Сангтӯда 1-2», «Варзоб», «Даштиҷум»,

«Бойғозӣ»,«Норак»-е, «Қайроққум».

 

Ҳаст Роғунро вале шуҳрат дигар,

Бо шаҳомат, иқтидори бештар.

 

Нест танҳо неругоҳи барқу об,

Неругоҳе ҳаст он олиҷаноб.

 

Коргоҳе ҳаст Роғун босафо,

Барқу гармиро чу коне босахо.

 

Неругоҳе чун ҳаётею мамот,

Ҷои мардони баазмею субот.

 

Барқ моро неъмати беминнатест,

Бебаҳо ганҷе, ба мислаш нест, нест.

 

Бар табиат ҳам намебахшад зиён,

Одамонро роҳате бошад ба ҷон.

 

Рӯшанӣ дар зиндагӣ хуш давлатест,

Он набошад, нур дар он нест, нест.

 

Он муҳитро балки ёрӣ мекунад,

Ҳам ҳаворо поккорӣ мекунад.

 

Рӯшанӣ гар нест, чун кӯрем мо,

Аз нишоту аз фараҳ дурем мо.

 

Гарм дил гар бо муҳаббат мешавад,

Хонаро гармӣ зи меҳнат мешавад.

 

Роғун он рӯзе, ки гардон мешавад,

Тоҷикистон барқро кон мешавад.

 

Барқ бошад, зиндагӣ ҳам мешавад,

Шикваю ташвишҳо кам мешавад.

 

Мешавад вақте ки моро барқ беш,

Чун дигарҳо гом монда сӯи пеш.

 

Бар дигарҳо дода онро ҳамчу мол,

Беҳ намуда зиндагиро бемалол.

 

Мекунанд он гунае ҳамсояҳо

Нафту газро пешкаш умре ба мо.

 

Ҳамчу сарват обҳо моро расид,

Аз  Худое, менасозад ноумед.

 

Обҳо ҳаққи ҳалол аз  мостанд,

Баҳри мо қиматтар аз тиллостанд.

 

Дӯст монад ташна, обаш медиҳем,

Обу ноне, ҷои хобаш медиҳем.

 

Дода баҳри дӯстон мо ҷони худ,

Охирин он бурдае аз нони худ.

 

Нест моро бо касе ҳам душманӣ,

Нест дар мо хислати аҳриманӣ.

 

Одамиро чун ҳавое дӯстӣ,

Раҳнамову раҳкушое дӯстӣ.

 

Душманӣ варзад касе бо рӯшанӣ,

Ҳаст ӯро тиннате аҳриманӣ.

 

Хуш бувад меҳнат, чу файзе оварад,

Ҳусн бахшад, зиндагӣ боло барад.

 

НОБ –и  Роғун барқ эҳдо мекунад,

Рӯзгореро муҷалло мекунад.

 

Наслҳоро дарси ибрат мешавад,

Имтиҳоне бар ҷасорат мешавад.

 

Беҳтарин дарси ватандорист он,

Мағзҳоро дарси бедорист он.

 

«Шоҳнома» ҳам «Сиёсатнома» аст,

Наслҳоро беҳтарин он нома аст.

 

Бо хати мехӣ ту гӯӣ рӯи санг,

Гашт иншо достон аз рӯи нанг.

 

Бе қалам, бе рангу қоғаз достон,

Чашму дил хонад варо бо ҳар забон.

 

Бо рисолат ҳаст он «Шаҳнома»-е,

Путку мисрон гашта онро хомае.

 

Моҷаро, бархӯрдҳоро қиссасоз,

Чашмҳо бар зиндагӣ бинмуда боз.

 

Роғуне ҳамвазн бо «Шаҳнома» аст,

Ростӣ, созандааш аллома аст.