«Шоҳҷоиза»-и «Навсоз»-ро ба Ӯзбекистон бурданд

№115 (3909) 22.09.2018

DSC_000516 — 19 сентябр дар кинотеатри «Ватан» — и шаҳри Душанбе Кинофестивали III байналмилалии филм­ҳои кӯтоҳ — «Навсоз» — 2018 баргузор гардид.

Он ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуд. Барои ширкат дар он 80 филми кӯтоҳи бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ пешниҳод намуданд. Аз ин шумора 20 филми кӯтоҳи бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ дар ду  бахш -  озмунӣ ва ғайриозмунӣ роҳ ёфтанд. Филмҳои озмунӣ асосан аз ҷониби  киносозони Федератсияи Россия, ИМА, Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизис­тон, Беларус ва Арманистон пешниҳод гардиданд.

Ҳамин тавр, тамошобинон 17- 18 сентябр филмҳои кӯтоҳи бадеӣ ва ҳуҷҷатии «Бархӯрд» (режиссёр Фирдавс Нину, истеҳсоли Тоҷикистон), «Роҳ» (муаллиф Евгений Лумпов, режиссёрон Евгений Лумпов ва Сардор Салиходжаев, истеҳсоли Қазоқистон), «Ултро» (муаллиф ва режиссёр Диас Азимҷонов, истеҳсоли  ИМА, (ғайриозмунӣ), «Кулол» (муаллиф Ҳошим Раҳимов, режиссёр Ҷумъабой Расулов, истеҳсоли Телевизиони вилояти Суғд – Тоҷикистон), «Муаллими беҳтарин» (муаллиф ва режиссёр Ален Рахметалиев, истеҳсоли Қазоқистон, ғайриозмунӣ), «Навои осмонӣ», (муаллиф ва режиссёр Гулҷон Иреш, истеҳсоли Қирғизистон), «Як рӯз» (режиссёр Гуж Тадеввосян, истеҳсоли Арманистон), «Умарако» (муаллиф ва режиссёр Далер Имомалӣ, истеҳсоли Тоҷикистон, ғайриозмунӣ), «14 соат» (муаллиф ва режиссёр Ҳасан Мусавӣ, истеҳсоли Афғонистон), «Куб» (муаллиф ва режиссёр Максим Кодаров, истеҳсоли Қазоқистон), «Бо ман суҳбат кун» (муаллиф ва режиссёр Игнат Качан, истеҳсоли Беларус, ғайриозмунӣ), «Рассом» (муаллиф ва режиссёр Фаррух Насимов, истеҳсоли Ӯзбекистон, ғайриозмунӣ), «Мизроби фалак» (режиссёр Рустам Шоазимов, истеҳсоли ТВ «Синамо», Тоҷикистон), «Биҳӣ» (муаллиф ва режиссёр Мээрим Догдурбекова, истеҳсоли Қирғизистон), «Бар акс» (муаллиф ва режиссёр Лия Руткис, истеҳсоли Федератсияи Россия), «Чой» (муаллиф ва режиссёр Шокир Холиқов, истеҳсоли Ӯзбекистон), «Ба хона» (режиссёр Даниил Файз­раҳмонов, истеҳсоли Арманистон, ғайриозмунӣ), «Зери шохаҳои дарахтҳо» (муаллиф ва режиссёр Игнат Качан, Федератсияи Россия), «Хонаи меҳр» (муаллиф ва режиссёр Бобоҷон Муҳтоҷов, истеҳсоли Тоҷикистон, ғайриозмунӣ), «Ботин» (муаллиф ва режиссёр Диас Азимҷонов, истеҳсоли ИМА)- ро тамошо карданд.

Ҳайати ҳакамон аз киношинос Ҷамшед Раҳматов, сенарист ва режиссёр Олимҷон Ҳомидов, киношинос -Тилло Некқадамов, режиссёрон — Муҳаммадрабӣ Исмоилов ва — Сом Ҷаводӣ аз ИМА иборат буданд. Онҳо дар баробари тамошои филмҳо ва натиҷаи таҳлилҳо фикру андешаҳои тамошобинонро низ ба инобат гирифтанд.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ва дипломҳо 19 сентябри соли 2018 баргузор шуд.

Ҳамин тариқ, ҷоизаи «Беҳтарин филм» ба филми кӯтоҳи бадеӣ — «Ботин» (муаллиф ва режиссёр Диас Азимҷонов, истеҳсоли ИМА), «Беҳтарин коргардон» ба филми кӯтоҳи бадеии «Зери шохаҳои дарахтҳо» (муаллиф ва режиссёр Игнат Качан, истеҳсоли Беларус), «Беҳтарин наворбардор» ба филми кӯтоҳи бадеии «Як рӯз» (режиссёр Гуж Тадеввосян, оператор Юрий Данилов, истеҳсоли Арманис­тон), «Беҳтарин филмнома» ба филми кӯтоҳи бадеии «Куб» (муаллиф ва  режиссёр Максим Кодаров, истеҳсоли Қазоқис­тон), ҷоизаи махсуси жюрӣ ба филми ҳуҷҷатии «Кулол» (муаллиф Ҳошим Раҳимов, режиссёр Ҷумъабой Расулов, истеҳсоли Тоҷикистон), «Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ» ба филми «Навои осмонӣ» (муаллиф ва режиссёр Гулҷон Иреш, истеҳсоли Қирғизистон) муносиб дониста шуд.

«Шоҳҷоиза»- и Кинофестивали III байналмилалии филм­ҳои кӯтоҳ «Навсоз» 2018- ро пас аз таҳлил аъзои жюрӣ ба сазовортарин филми кӯтоҳи бадеӣ- «Чой» (муаллиф ва режиссёр Шокир Холиқов, истеҳсоли киносозони Ӯзбекистон) муносиб диданд.

Директори Кинофестивали III байналмилалии «Навсоз» — 2018 Муҳибназар Холназаров дар  маросими  пӯшидашавии кинофестивал ҳадафи баргузории ҷашнвораро таваҷҷуҳ ба соҳаи кино, ҷалби киносозони ҷавон ва  дарёфти истеъдодҳо дар доираи «Барномаи рушди кинои тоҷик барои  солҳои 2018 — 2022», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, арзёбӣ карда, ба сарпарастон — Муассисаи давлатии киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», ҶДММ «Рухом» ва маркази омӯзиши «Дремленд» арзи сипос намоям.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ