Мавзӯи дӯстии байни миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар адабиёти имрӯзаи тоҷик нав нест. Он аз қаъри асрҳо, мағз андар мағзи осори бебаҳои саромадони адабиёти классикии тоҷик, бештар аз ҳама дар навиштаҳои ду шахсияти барҷастаи тоҷику узбек: Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ таҷассуми олии худро пайдо намудааст. Дар ин росто, муболиға намешавад, агар гӯем, ки инъикоси мавзӯи дӯстии халқҳо аз ҳама зиёд дар ҷаҳон дар адабиёти тоҷик ба мушоҳида мерасад. Тавре ки Ҳофизи бузургвор фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷӣ бешумор орад.
Хусусан, равобити ҳасанаи ҳамсоякишварҳо калиди пешрафту муваффақиятҳо барои ҳарду ҷониб, кафолати боло рафтани иқтидори иқтисодии онҳо маҳсуб мешавад.
Дар ҷаҳон кам миллатҳое ёфт мегарданд, ки тоҷику узбек бо ҳам қаробату умумиятҳои зиёд пайдо карда бошанд. Ин равобит то ба ҳанӯз порбарҷост ва дар таҳкими он саҳми шахсиятҳои адабии ҳарду миллат хеле калон мебошад.
Шоир, рӯзноманигор ва рассоми хушсалиқаи узбекзабони Тоҷикистон Сайфулло Қулаев аз ҷумлаи эҷодкороне мебошад, ки умри худро сарфи қоғазу қалам намуда, бо сухан ва мусаввараҳои хеш баҳра боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани дӯстӣ байни тоҷикону узбекон корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Ба наздикӣ маҷмӯаи дастаҷамъии шеърҳои шоирони тоҷикро бо номи «Дилдан дилга» («Аз дил ба дил») тариқи нашриёти «Адиб» аз чоп баровард, ки 100 саҳифаро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур тарҷумаи ашъори 25 шоири муосири тоҷик пешкаши аҳли завқ шудааст. Хонандаи узбек имкон пайдо менамояд, ки аз гулчини ашъори шоирони шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Раҳмат Назрӣ, ва дигарон баҳраманд гардад. Муқоваи китобро торнавишти «Адабий дӯстлик – абадий дӯстлик» («Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ») зеб додааст, ки ниҳоят бомавқеъ буда, боварии комил дорем, ки ин самари заҳмати С. Қулаев ба хонандаи хушзавқ ва шеърдӯстори узбек писанд меояд.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»