Шодбодӣ

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

Шахрия

  Соли Нав овар фараҳ бар ҷони мо,

Оташе афрӯз дар чашмони мо.

Хушк бинмо решаи заҷру вабо,

Хуни нав ангез дар шарёни мо.

Шаш тараф шеъру тарона гул кунад,

Нома орад ишқ бар унвони мо.

Дарду ранҷе буд агар дар соли пеш,

Барканаш аз қалбу аз сутхони мо.

Соли шеъри пурнаҷобат бошадо,

Ҳарфи ширин то шавад дармони мо.

Шеъри пурҳикмат бигӯяд шоире,

Шоир аст, оре ҳакими ҷони мо.

Шеър бошад тӯтиёи чашми дил,

Мекунад рӯшан раҳи имони мо.

Ҳар  кӣ бо ҷавҳар бувад донад накӯ,

Шеър ҳаст андар ҷаҳон султони мо.

Шеър  резад аз ҷабини зиндагӣ,

Шеър  бошад ҳамраҳу ҳамхони мо.

Шӯълаафшон барф ояд аз само,

Мисли гавҳар бар сари мижгони мо.

Бар муборакбодии ту мерасад,

Мардуми бо фазлу бо ирфони мо.

Хуш биёву дигаронро хуш бубин,

Соли нав бар хонаву бар хони мо.

ШАҲРИЯ,

хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар солҳои 2004 – 2008