Шодиву мотами мо рақс аст

№107 (3744) 07.09.2017

doc6ow3rmbvt1314m0vtm8y_800_480Мо чаро мерақсем? Оё рақс ба зиндагии мо манфиате дорад? Рақс мардонаву занона мешавад? Чаро баъзан аз рақси мардҳо нороҳат мегардем? Рози рақсидан чист? Назари мардум нисбат ба раққосҳо мусбат аст ё манфӣ? Ҷаҳонбинӣ ва шинохти мо аз рақс чӣ гуна аст? Чаро дар ин мақола дар бораи рақс баҳс мекунем? Инҳо пурсишҳое ҳастанд, ки мекӯшем посух бигӯем.

РАҚС ЧИСТ?

Рақс аз ҳунарҳои ҳафтгонаи башар аст. Аммо он имрӯзу дирӯз не, балки баробар бо ҳастии инсон ба вуҷуд омадааст. Рақс аслан бозгӯйи эҳсосот ва авотифи инсон ба воситаи ҳаракатҳоест бо ритми хос, ки дорои назм мебошад.  Чаро рақс бо назм, ритм ва мавзун иҷро карда мешавад? Агар мо ба муҳити атроф таваҷҷуҳ кунем, посухи ин савол равшан мегардад.

Пеш аз он ки инсон ва ҳар махлуқи дигаре арзи ҳастӣ кунад, каҳкашонҳо, сайёраҳо, моҳ ва ҷирмҳои дигар дар ҳоли ҳаракати мавзун буданд. Сайёраҳо дар гирди офтоби худ, моҳҳо даври сайёраашон ба чарх омаданд ва як рақси азими кайҳониро ба вуҷуд оварданд. Ритми чархидани замин ба даври худ боиси халқи шабу рӯз гашт ва зимистону тобистон арзи ҳастӣ карда, ритми рушд, тағйирёбӣ ва ҳаёт пайдо шуд.

Дили мо муназзам кор мекунад, набзамон мавзун мезанад ва ҳамчунин мавзун нафас мекашем. Давидан, паридан, шино кардан…, яъне тамоми ҳаракатҳои мавзуни инсон тавъам бо рақси ӯ ҳастанд, ки хосияти ҳаётбахшӣ доранд. Ҳайвоноту парандагон низ мерақсанд ва ҳамеша шоҳиди ҳаракоти мавзуну зебои онҳо мегардем, ки рамзу рози хоси худро доранд.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки рақс ҳаракати мудовими бадан бо ритме хос дар фазои муайян аст.  Аз ин рӯ, он изҳори эҳсосот, таҳлияи энергия ё амали саргармӣ ва лаззат бурдан мебошад. Рақс сохт ва коркард дорад. Аз ин ҷо онро шакле намодин метавон шинохт, ки бо ҳаракатҳо инсон худро ба худ ва ба дигарон муаррифӣ месозад.

 МИЛЛАТЕ, КИ НАРАҚСАД, БЕМОР АСТ

Дар дунё қабилае, қавме ва миллате вуҷуд надорад, ки нарақсад. Фарҳанги рақс дар миёни ҷомеаҳо дорои таърихест, ки ба урфу одат, оин, фалсафа, тафаккур ва дарку шинохти он миллат аз олами ҳастӣ ва табиат сарчашма мегирад. Аксари донишмандон дар ин маврид ба ин назар ҳастанд, ки рақсҳои оинӣ дар қабилаҳои бадавӣ тақлиде аз табиат аст, ки барои ҳамоҳангӣ бо он сурат мегирад.

Тоҷикон ҳам фарҳанги хоси рақси худро доранд. Онҳо на танҳо дар лаҳзаҳои шодӣ, балки ҳангоми мотам низ мерақсиданд. Ҳангоми мусибат зану мард ҳаракатҳои хосеро, бо даст, сар ва тамоми бадан иҷро карда ҳолати худро нишон медоданд. Ҳамчунин, нафарони хосе низ буданд, ки дар сӯгворӣ наҳт хонда, мерақсиданд ва дигарон аз онҳо пайравӣ менамуданд. Ин ритме, ки дар ҳолати дарду ғам ба вуҷуд меоварданд, энергияи манфии баданро хориҷ мекард ва инсон дубора бо зиндагӣ ҳамоҳанг мегашт. Чун мо як ҷузъи табиат ҳастем, наметавонем аз он хориҷ бошем. Зиндагӣ кардан ҳам рақс аст. Аҷдоди мо ин ҳикматро ба таври табиӣ дарк мекарданд. Худи табиат ва фалсафаи будан онҳоро ба рақсидан водор месохт. Яъне онҳо зиндагиро мерақсиданд.

Шабҳои базм оташ меафрӯхтанд ва дар даври он мечархиданду арғушт мерафтанд. Ҳамаи ҷашнҳоро низ бо овоз хондану арғушт рафтан зинат мебахшиданд. Занҳо мавзуну боназокат, реза — реза қадам чида, ба ҳаракат меомаданд. Рақсашон зинатбахши иффаташон буд. Мардҳо  мисли уқоб, бо ғурури шерона, эҳсоси худро дар рақс ба намоиш мегузоштанд.

Рақс як ҷузви муҳими зиндагист, балки аз худи зиндагӣ сарчашма мегирад. Фарзонае фармудааст: «миллате, ки намерақсад бемор аст». Агар ба мантиқи ин андеша таваҷҷуҳ кунем, ба ҳақиқаташ пай мебарем. Ҳангоми тағйири фаслҳо, оғози киштукор, ҳосилғундорӣ, шикор, ҷанг, пирӯзӣ, мағлубият, ғам, шодӣ мерақсиданд, суруд мехонданд. Яъне одамон як ҷузъи табиат буданд ва арғушт рафтанро дар ҳамоҳангӣ бо табиат анҷом медоданд.

Рақсидан дарду ранҷро мезудояд, бадиҳоро аз вуҷуди инсон берун меандозад, фазои яктоиро тавлид мекунад. Ин нуктаро низ набояд фаромӯш кард, ки таҷаллии зоти Илоҳӣ дар тавозун, зебоӣ ва ҳамоҳангии осмонии ҳастӣ ифода меёбад.

 РАҚСИ МАРДОНА ВА ҶИЛВАҲОИ ЗАНОНА

Мард ва зан аз назари физикӣ ва эҳсосоти отифӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мардон бо неру, тавоноӣ ва қудрат дили занонро тасхир мекунанд. Занҳо дар симои мардон пуштибон ва такягоҳи оромбахшро мебинанд. Ана, ҳамин неру, қудратмандӣ, шуҷоату далерӣ дар рақсҳои мардон таҷассум меёфт.

Паҳлавонон вақте ба саҳнаи набард мебаромаданд, аввал мерақсиданд. Бару дӯш, зӯрмандии худро ба тамошобинону ҳарифи худ нишон медоданд. Мо ин гуна рақсҳоро солҳои пеш ҳини гӯштин гирифтани паҳлавонон зиёд мушоҳида мекардем. Ҳамчунин, ҷанговарони шуҷоъ вақте ба майдони набард мебаромаданду аз ҷониби муқобил мубориз мехостанд, тавасcути рақс зӯри бозу ва маҳорати ҷангии худро ба намоиш мегузоштанд. Ҳатто аспҳои ҷанговарон дар майдони набард ҳамоҳанг бо савори худ ба рақс меомаданд.

Ин рақсҳо рамзи мардонагию шуҷоат буданд. Хонандагон рақси Восеи паҳлавонро аз филми «Восеъ» дар ёд доранд. Ҳаракати даст, бозу, бадан аз диловарии рақсанда гувоҳӣ медиҳад. Зани тоҷик ҳамеша ҳамин гуна рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату диловариро аз мардон интизор аст.

Албатта, имрӯз рақс ба мардону занон ба таври хос омӯзонда мешавад. Ҳаракатҳои мавзуну нозук ба воситаи ритм эҳсосоти рақсандаро баён месозанд. Дар рақсҳои ҷамъии занону мардон ҳамоҳангие дида мешавад, ки агар рақсандаҳо либоси якхела пӯшанд, фарқи ҷинсияташон аз байн меравад. Аз ин рӯ, чунин ба назар мерасад, ки омӯзгорони рақс побанди тозакориҳову инкишоф додани ин санъат унсурҳои муҳими арғушти мардонаро фаромӯш кардаанд. Ин чиз боис гаштааст, ки аз машқи зиёд ҳаракоту саканоти раққосҳо занона гаштааст. Онҳо ҳатто дар кӯчаву бозор ва хонаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ тарзе рафтор мекунанду гап мезананд, ки бештар шабеҳи ҷинси латиф аст.

Ин чиз ҳам пӯшида нест, ки чунин рафтори мард ба занҳо аслан хуш намеояд ва ба онҳо бо чашми шубҳа менигаранд.

 РАҚСИ ОРИФОНА

Орифони мо барои дарк ва расидан ба ҷони ҷаҳон роҳу воситаҳои зиёдеро истифода бурдаанд, ки яке аз онҳо самоъ мебошад. Самоъ рақси орифонаест, ки бо чархиши бадан, дастафшонӣ ва пойкӯбӣ иҷро мешуд. Ин амалро онҳо танҳо ва ё дастаҷамъӣ ба ҷо меоварданд. Самоъ ҳолатест, ки бар асари ҳаяҷони отифӣ, хурӯши дарунӣ ва шӯру ваҷди ботинӣ ба сӯфӣ ё ориф даст медод. Онҳо дар ҳини рақсидан ба ҳоли беҳушӣ ҳам мефтоданд ва ҳатто ба марг мерасиданд.

Замоне қаландарон аз шаҳре ба шаҳре, аз деҳе ба деҳе мерафтанд ва мардум шоҳиди ваҷду самоу рақси онҳо мегаштанд. Ҳатто садои парандагон, ҷӯю рӯдборон, тақ-тақи оҳангарон… ба онҳо таъсир мегузошт ва ба рақс мепардохтанд.

Мардуми мо дар зери таъсири қаландарону сӯфиён монда буданд ва унсурҳои ин навъи рақс дар онҳо дида мешуд. Масалан, чанд даҳсолае пештар ҳангоми маросими мотам мардҳо миёнҳояшонро баста, дастҳоро аз камари ҳамдигар гузаронида. шакли давраро мегирифтанд ва овоз мехонданду «Ё ҳу» мегуфтанд ва пой мекӯфтанду мерақсиданд. Албатта, ин мақола ҷойи шарҳу тафсири чунин рақсро надорад, вале зикри ин нукта бамаврид аст, ки онҳо бо ин амал ба ҳақиқати рӯҳу равон дар фазои яктоӣ мерасиданд ва сафар аз ин ҷаҳон ба он дунёро як амри табиӣ медонистанд.

Пас рақс як амри табиӣ дар чархишҳои зиндагист, ки башар гоҳе нохудогоҳ ва гоҳе дониста онро ба кор мегирад. Мо наметавонем дар ҳоли сокин бошем, чунки ҷилваҳои зиндагӣ моро мечархонаду мерақсонад.

ВОРИС, 

«Садои мардум»