Чордаҳуми октябри соли равон дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор бахшида ба ҳаёту фаъолияти эҷодии шоир ва рӯзноманигори шинохта Ворис Калонов чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли қалам ва ҳаводорони эҷодиёти шоир ширкат карданд. Адиб Султонмуроди Одина Ворисро ҷӯяндаи калимаву ибораҳои нав муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки ӯ давомдиҳандаи кори фарзандони фарзонаи тоҷик буда, дар эҷоди шеър муваффақ аст.
Ба қавли табиб ва шоир Абдуҳалим Самадов, Ворис донишманди тавонои соҳаи шеъру сухан буда, эҷодиёташ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамзабон мавриди истиқболи гарм қарор гирифтааст.
Шоир ва рӯзноманигор Абдуқодири Раҳим Ворисро аз шоирони тавоно муаррифӣ намуда гуфт, ки вақте ки мегӯянд шеъри Ворис равону сода аст, ман бовар мекунам, аммо бисёр вақт ҳамин содагӣ моро фиреб медиҳад. Ҳамон андозае, ки Мавлоно моро фиреб медиҳад, Мирзо Абдулқодири Бедил фиреб намедиҳад, чунки ҳам суханаш мураккаб аст, ҳам даркаш. Сухани Мавлоно, ки бисёр сода менамояд, гумон мекунем, ки ҳама чиро фаҳмидем, аммо ин тавр нест.
Ворис нозим нест, шоир аст ва дарки шеъраш бисёр мураккаб мебошад. Шеър тавъам ба се унсур аст: тахайюл, эҳсос ва андеша, ки дар шеъри Ворис ҳамин се чиз ба ҳам меояд. Ворис шоире нест, ки аз вожаҳо ба маъно равад, балки аз олами маъноҳо ба олами вожаҳо меравад. Ворис шахсиятест, ки аз муваффақияти ҳар инсон ба ваҷд меояд, шод мешавад, — зикр кард номбурда.
Рӯзноманигор ва театршинос Маҳмадулло Табарӣ китоби «Барги дуо»-ро муаррифӣ кард. Ӯ, ки мураттиби китоби мазкур мебошад, гуфт, мақолаву тақризи 25 нафар аз аҳли қаламро доир ба рӯзгору осори Ворис дар маҷмӯа гирд овардааст.
-Дар китоб мақолаҳоро доир ба ҳунари шоириву рӯзноманигории устод Ворис ва шахсияташ гирд овардем. Устод Ворис ба адабиёт беғулғула, ба қавли Муҳаммадалии Аҷамӣ, мисли як чашма пок ва зулол ворид шуда, бори суханро бар дӯш гирифтанд. Шеъри устод шеъри воқеият ва дарди ҷомеа аст, — изҳор дошт номбурда.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсиддини Муҳиддин аз эҷодиёти устод Ворис ғазалеро дар пардаи «Шашмақом» («Ироқи Ҳисор») иҷро кард. Инчунин, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат карданд.
Дар фарҷом Ворис Калонов аз шеърҳои тозаэҷодаш қироат намуда, ҳамчунин, ба саволҳои ҳаводорони эҷодиёташ посух гуфт.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»