Шоири асири шеъри сафед

№126 (4546) 10.10.2022

ВОРИСВорис. Ӯро ман намешинохтаму як – ду шоири нотавонбини дигар. Баъдтар ман ӯро шинохтам, лекин то ҳол намедонам онҳо ӯро мешиносанд ё не. Надонистани ман аз ноогоҳиам буд. Кам мехондам, кам гӯш мекардам. То он дам ғофил аз он будам, ки ӯ шеър менависаду шоир аст. Нашинохтани ман он қадар носипосие набуд, чунки Ворис на ягон унвон дораду на ягон ҷоизаи чашмгир.

Соли 2017 ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омад. Мо дар як утоқ менишастем ва ман танҳо ҳамон рӯз ба симои хирадмандонаи ӯ мушарраф шудам. Симои тобноки Мирзо Турсунзода дар назарам ҷилва медод. Гуфтам: Одамӣ ботину зоҳир монанд мешудааст? Воқеан, марди хушчеҳра ва хушсухан, ҳузураш дилфуро. Чунин хислатҳо на лоиқи ҳар кас мегарданд. Бисёр сухан намекард, гӯё суханҳояшро захира мекарда бошад. Аз бисёр хомӯшии ӯ дилгир мешудам. Тафохур надошт, такаббур ҳам. Он чӣ дар ботин дошт, соҳибдилӣ буду лутф буду карам. Зуд унс гирифтем. Намедонам ин бастагӣ аз ҷониби ман буд ё аз зуҳури ботинии ӯ. Табиати чунин ашхос ба ҳама раво мегардад, аз ҷумла ба ман. Адибони зиёде ба наздаш меомаданд. «Устод Ворис» гуфта муроҷиат мекарданд. Эҳтирому марҳамати хосе доштааст ӯ.

Шоири маъруфу бедор, шеъраш тобнок, як зиндагии ибратомӯзе доштааст, Ворис Калонов. Шеъри ӯ марзҳоро барвақт шикаста, дар ҳавзаҳои ҳунарии форсизабон баргузида. Соли 2012 ба Эрон даъват мешавад. Дар он ҳамоиш ҳар кас ёрои ширкату шеър хондан надошт. Дар маҳфиле, ки ҳама шайдою сархуши сухани ноб буданд, шеъри Ворис бо лаҳни тоҷикӣ садо дод. Зеҳнҳоро машғул кард ва ба таҳрик овард. Ӯро бо маънои том «шоир» шинохтанд. Он шеъри рамзии саропо бо ташбеҳот печида «Дарахт» ном дошт, ки аз «реша, тана ва навдаҳои пуршоху барг» — и ин халқҳои решапайванд ҳикоят мекард.

Дарахт бояд буд,

Бо барг – барг дуо,

Бо шоха – шоха меваи дил.

Дарахт бояд буд,

Бо решае ба хоки саодат

Бо қомате ба авҷи ибодат…

Ин шеър ба ӯ шуҳрати беандоза овард. Андӯхтаҳои Ворис ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, суннатҳои чандинсолаи моро бозгӯ мекунанд, ки бо тасвирҳои зебои адабӣ ба табиати шеъри ӯ пайванд гаштаанд. Шеъри ӯ набзи меҳану набзи дили пурасрори ӯст. Ба қавле «тарҷумони рози пинҳон» — и ӯст. Неруи зеҳнии ӯ қудрату тавон кардааст, то андешаҳояшро дар қолаби нави шеър, малеҳ баён намояд. Ин навиштаҳояш шояд аз баракату ихлосмандии шеъри баландмазмуни Нимо Юшиҷ бошад, ки азамати шеъри нав — шеъри ба истилоҳ «сафед» — ро рӯнамоӣ мекунад. Ворис шоири шуҳрат нест, аз он ҳатто канораҷӯйӣ мекунад. Хуш надошт ӯро чун як шоири рӯз сарахбор кунанд. То ҳол табъи дили худ шеър нагуфтааст ки ба ҳузури дил бошад ва як мисраъро батакрор мегӯяд: — «Шеъре, ки аз он хун начакад, нанги дафтар аст». Ва то ҳол дар ҳасрати шеъри хунчакони хеш аст. Ба таърифи ҳеҷ кас хурсанд намешавад, маълум, ки ба таърифҳои ман ҳам, вале кӯшиш кардам сифаташ кунам, на таъриф. Эҳсос кардам, ки ба касе хушомад намегӯяд, тамаллуқ ҳам намезанад ва ба ин восита аз виҷдону шарафаш сахт дифоъ мекунад. Марди қаноат будааст ӯ. Ҳар чӣ ӯ камол меёбад, ба шеър асиртар мешавад ва шеъраш қимати дигар пайдо мекунад. Мехоҳад як инсони комил, ғуломи виҷдону шараф бошад. Як матлабашро хондам, хеле баҳавсала мегӯяд:

Ман ба танҳоӣ дар ин кулба, ки одат кардам.

Рӯ ба меҳроби дили хеш ибодат кардам…

Саҳар офтоб заду он шаби райҳониро,

Ман бо ашки сари ҳар мижжа таҳорат кардам.

Шеъре, ки аз шуур бармехезад ва ба дилҳо менишинад.

Ҷароҳатҳои ҷонкоҳи пайкари Ватан ӯро ором намегузошт. Лаҳзаҳои баҳамоии миллат – 27 июни соли 1997 вақте ки ҷонибҳо пойкӯбону дастафшон аз «хаймаи маслиҳат» баромаданд, аз вуҷуди саршор аз меҳру муҳаббати шоир ин сухан садо дод:

Метарошам пайкари сабри Ватанро,

Нақши дилро мекашам дар сина бо тир.

То ки бӯсад аз лаби ӯ ҳар пагоҳӣ,

Мисли хуршед аз лабони лаъли Помир.

Гулшукуфии ин меҳани маҳбуби азияткашида ба ӯ болу пар ва илҳоми тоза бахшид. Шеъри ӯ ҷило ва таровати дигар гирифта ва инсони дилбохтаро бедор мекунад:

Зиндагӣ моро дар оғӯши Ватан ширинтар аст,

Офтоби боми мо рахшандатар, зарринтар аст…

Бори номуси Ватан бар дӯш рафтан саҳл нест,

Бори ҳар номардро бардоштан нангинтар аст.

Дар расонаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият карда, шуълаи шеъру шеърнависиро дар замири дили шогирдон бедор мекард. Шинохти ӯ, бештар аз тариқи барномаи «Шоми ғазал» — и телевизиони «Сафина» падид омад, ки бо лаҳни дилошӯб ба дили бинанда маскану маъво гирифт, то ба дараҷае, ки ӯро хурду калон дар шаҳру деҳот мешинохт:

Падари журналисти зарофатгӯ Ҷумъаи Мирзо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз дунё гузашт. Аҳли дӯстон дар маросими видоъ аз ин мӯйсафеди табаррук иштирок карданд. Дар қабристон издиҳом ҷӯш мезад. Марди ношиносе аз ман пурсид:

- Ҳамин мардак устод Ворис нест? – мо ӯро мешиносем.

Гуфтам:

- Устод шуморо дар қабристон ҳам мешинохтаанд.

Мо ҳамроҳи устод ба ноҳияи Муъминобод тӯй рафтем.Соҳибхона хоҳиш кард, ки устод Ворис сухан кунад. Ворис аз ғояти сархушӣ буд ё дилхушӣ, ки фақат як матлабро ба ёд меовард:

Эй дӯст, ба дӯстӣ қаринем туро,

Ҳар ҷо ки қадам ниҳӣ, заминем туро.

Табрикоташро беибо давом дода, арӯсу домодро шодбош гуфт ва ҳамон матлабро гаштаю баргашта такрор кардан гирифт. Мардум интизори он буданд, ки устод Ворис шеъри тару тозае мегӯяд, вале ҳайҳот. Баъди ин онҳо Ворисро зуд — зуд дар барномаҳои телевизионӣ диданд. Як марди саропо шеъру сухан ва гуфтанд:

- Ин мардак ин қадар шеъри бисёр медонис­таасту ба мо яктояшро такрор ба такрор хонд.

Ворис Калонов муаллифи маҷмӯаҳои зиёд, аз қабили «Шишаи номус дар бағал», «Паланги қуллаҳои барфпӯш», «Тазкираи Ворис», «Рози бараҳнагӣ», «Ҷоми гӯё», «Дар чор фасли лаҳзаҳо» ва китоби ба тозагӣ нашршудаи ӯ «Пайкари сабр» буда, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Хотираҳои зиёде аз ӯ боқист.

Рӯзе дари утоқи корӣ кушода шуду духтараке ворид гашт.

- Устод Ворис нестанд ,- пурсид ӯ. Гуфтам шогирд дар рухсатианд.

- Шумо кӣ? Ман фалонӣ гуфтам. Дареғ, гуфт духтарак — устодро мешиносаму шуморо нашунидам.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»