Ба феҳристи ҷашнвораҳои солҳои 2014 – 2015-и ЮНЕСКО ворид гаштани 3000 — солагии Ҳисор ва 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ аз талошҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва шахсиятҳои маъруфи гузаштагонамон гувоҳӣ медиҳад. Омодагӣ ва баргузории ин маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба таърихи пурғановати халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургони он аҳамияти калон дорад.
Дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, ки чун анъана дар арафаи иди Наврӯз 20 марти соли равон баргузор гардид, Сарвари давлат оид ба хизматҳои арзанда ва мавқеи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар адабиёт, фарҳанг ва фалсафаи халқамон таъкид кард: «Асрҳо ва наслҳо якдигарро иваз мекунанд, вале эҳтироми Мавлоно Ҷомӣ дар давоми шаш аср коста нашуда, балки баръакс, торафт меафзояд».
Доир ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо адиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Султонмуроди Одина.
-Тавре мо огоҳӣ дорем, шумо дар мавзӯи «Вазъи адибони Ҳисор дар замони Ҷомӣ» пажӯҳиш анҷом додаед. Хоҳишмандем роҷеъ ба ин мавзӯъ ба хонандагони рӯзнома маълумот диҳед.
- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таҳаввули афкори адабию фарҳангӣ ва илмию фалсафии халқамон, аз ҷумла доираи адабии Ҳисор саҳми бориз гузоштааст. Доираи адабии Мовароуннаҳру Хуросон, аз ҷумла Ҳисори Шодмон дар давраи Мавлоно Ҷомӣ вобаста ба шароити таърихӣ инкишоф ёфт. Танҳо дар шаҳрҳои қадимаи Ҳироту Самарқанд, ки дар он ҷойҳо аҳли адабу илм то андозае зери сарпарастии ҳокимони нисбатан адабиётдӯсту илмпарвар буданд, барояшон шароити нисбатан мусоид мавҷуд буд. Ин бесабаб набуд. Дар он давр дар Ҳирот Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ зиндагию эҷод мекарданд ва бо нуфузи дар назди ҳокимони давр доштаашон барои пешрафти адабиёт мусоидат менамуданд. Ҳамин буд, ки Ҳирот ба маркази фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр табдил ёфта, мадрасаҳои амалкунанда ва мударрисони донишманд дошт. Аз сабаби нооромии ҷомеа дар масири шоҳроҳ воқеъ будани Ҳисор бисёр шахсони муътабари ин диёр ва олиму фузалои он барои амнияти шахсӣ ва пайдо кардани шароити беҳтари зиндагию эҷод ба дигар шаҳру кишварҳо ҳиҷрат мекарданд. Як қисм то Ҳинду Ироқ рафтанд, аммо бештарашон ба Ҳирот, ки нисбатан наздик ва ором буд, мерафтанд. Ҳатто аз ҳисоби мардуми кӯчии Ҳисор дар Ҳирот маҳаллаи «Ҳисориён» пайдо шуда буд.
- Шумо аз адибони боистеъдод ва ҷӯянда ҳастед. Гӯед, ки таърихи адибони Ҳисори бостон то чӣ андоза дар асарҳои адабӣ ва таърихӣ инъикос ёфтааст ?
- Адибону олимон ва мутафаккирони ҳисориасл дар Ҳирот зери сарпарастии Абдураҳмони Ҷомӣ дар мадрасаҳо хондаю ба ҳайси мударрисони донишманд дарс мегуфтанд, дар маҳфилҳои адабӣ ширкат варзида, асарҳо эҷод менамуданд. Аз ҷумла муаррихи маъруфи асримиёнагии Шарқ Хондамир, муаллифи «Равзат — ус — сафо» зодаи Ҳисор буда, писари Султон Маҳмуди Шерозӣ — вазири ҳокими темурӣ дар Ҳисор — Султон Маҳмуд Мирзо будааст.
Дар «Бадоеъ — ул -вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳикояи «Хамсат-ул — мутаҳайира» (Панҷгонаи ҳайратовар) оварда мешавад, ки он дар бораи ҳамдарси Мавлоно Ҷомӣ будани Хоҷа Исмоили Ҳисорӣ, ки бо номи Мавлоно Довуд низ машҳур будааст, маълумот дода мешавад. Ӯ ҳангоми таҳсил бо дониши фарохи худ устодаш Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармиро ба ҳайрат гузошта будааст. Ин шахс баъдтар ба мансаби садорати Султон Маҳмуд Мирзо (ҳокими Ҳисор) соҳиб мешавад. Дар ин бора муаллифи «Таърихи Рашидӣ» Мирзо Муҳаммад Ҳайдар маълумот дода, байни панҷ тан уламои бузург- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Шайх Ҳусайни Муҳтасиб, Шамсиддини Баҳрободӣ, Бурҳониддин (ё Мавлоно Тунӣ), номи Довуди Ҳисориро пас аз исми ҳазрати Ҷомӣ сабт мекунад. Олимону фузало ва шоирони Ҳисор дар Ҳирот нуфузи зиёд доштаанд. Дар доираи адабии Ҳирот шоирон Мулло Биҳиштӣ, Муҳаммад Сағонӣ, Солеҳ, Холидӣ, Туфайлӣ, Баёзӣ, Майлӣ ва дигарон низ маъруф буданд.
Дар «Маҷолис — ун — нафоис» — и Алишери Навоӣ, ғайр аз Мавлоно Солеҳи Ҳисорӣ, дар бораи дигар шоирони ҳисориасл маълумот мавҷуд аст.
Дар ҳамин давра яке аз донишмандони нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI Мавлоно Дарвеш Муҳаммади Қаратоғӣ, ки забони тибетиро медонистааст ва бо ҳокимони ин кишвар муносибати дӯстона доштааст, дар ин сарзамин кор ва эҷод карда, бо хиёнати ҳамдиёраш дар Тибет кушта мешавад. Инчунин дар замони Мавлоно Ҷомӣ олими таърихнигор ва донишманди таърихи дин Абдулазизи Муҳин — ал Ҳисорӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Дар асри XVI номи Мавлоно Ҳусайни Ҳисорӣ низ маъруф будааст, ки дар асари нодири асри дувоздаҳ «Фатвои Уттабӣ» (муаллифаш Зайниддин Абдунасри Уттабӣ) дар бораи ӯ маълумот дода шудааст. Мутаассифона, фаъолияти аҳли илму мутафаккирони Ҳисор дар даврони Абдураҳмони Ҷомӣ то ҳанӯз таври бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.
-Назари шумо ин аст, ки Абдураҳмони Ҷомӣ панҷ бор ба Ҳисор сафар кардааст. Ин сафарҳо чӣ тавр сурат гирифтанд?
- Аз рӯйи далелҳо ба ин сарзамин дар асри Мавлоно Ҷомӣ Хоҷа Аҳрори Валӣ, Алишери Навоӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва бисёр бузургон қадам ранҷа намудаанд. Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз панҷ сафар дар давоми умраш чор маротиба ба Самарқанд рафта будааст. Сафари аввали ӯ, ки барои таҳсил дар Самарқанд ба вуқӯъ пайваста буд, 16 сол давом мекунад ва роҳи сафар табиист, ки ба воситаи Ҳисор (он вақт Чағониёну Сағониён низ мегуфтаанд) гузаштааст. Бори дуюм Ҷомӣ бо шаҳодати Алии Сафӣ дар китоби «Рашаҳот» ба Самарқанд ба воситаи Ҳисор, соли 1465, махсус барои суҳбати Хоҷа Аҳрори Валӣ рафтааст.
Ин сафар баъди 18 соли вафоти муриди Хоҷа Аҳрори Валӣ — Хоҷа Яъқуби Чархӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Бо гуфти худи Ҷомӣ дар «Нафаҳот -ул – унс» ин сафар барои дидор ва суҳбат бо Хоҷа Аҳрор будааст. Аз ин рӯ, Ҷомӣ ба дидорбинии Хоҷа Аҳрор бе зиёрати марқади муршиди аҳли Нақшбандӣ Хоҷа Яъқуби Чархӣ рафта наметавонист. Бори сеюм Мавлоно Ҷомӣ дар роҳи гузари Самарқанд ва бозгашт аз он ба Ҳисор меояд.
Умуман, қадамҷойи бузургон, аз ҷумла Мавлоно Ҷомӣ будани Ҳисори Шодмон гувоҳи он аст, ки ин сарзамин бо табиати зебои худ, ободӣ ва бо аҳли адабу эҷодаш диққати бисёр нобиғаҳои даврро ба худ ҷалб кардааст.
Мусоҳиб Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»