24 майи соли равон дар котиботи Созмони ҳамкории Шанхай шоми фарҳангӣ бахшида ба 880-солагии шоир, файласуф ва мутафаккир Низомии Ганҷавӣ, ки ба забони тоҷикӣ эҷод намудааст, баргузор гардид.
Дар оғоз муншии умумии СҲШ В. Норов ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Е. Акрам Зайналлӣ оид ба рӯзгор ва фаъолияти Н. Ганҷавӣ суханронӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши китобҳо ба забони озарӣ ташкил гардида, парда аз нимпайкараи Низомии Ганҷавӣ бардошта шуд. Пасон, донишҷӯён аз осори шоир намунаҳо қироат намуда, барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Ҷиҳати огаҳии бештари ҳаводорони назми Низомии Ганҷавӣ барои ҳаводорон аз кишварҳои хориҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ Instagram ва Weibo намоиши онлайнии шоми фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»