Ҷуброн Халил Ҷуброн зиндагиро фатонати мушоҳидон хондааст. Касе мисли нависандаву шоир наметавонад зиндагиро ба мушоҳида гирад, ҳаёти одамонро омӯзад, дунёро бо ҳама тазодҳояш ба риштаи тасвир кашад.
Умари Шерхон адиби пуркор аст, китоби зиёде нашр кардааст. Ба қарибӣ китоби ӯ «Шуд он замона»-ро нашриёти «Шарқи озод» чоп кард, ки аз бобҳои «Сайри диёри Рӯдакӣ», «Шоҳи Хомӯш» ва «Ганҷнома» иборат мебошад. Китоби мазкур раҳоварди сафарҳои нависанда буда, ба ифтихори 1160 – солагии Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шудааст.
Хонанда бо мутолиаи маҷмӯа дар бораи шахсиятҳои бузурге чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Хоҷа Муҳаммади Абудардор, Муҳаммад Башоро, Халифа Ҳасан, Шоҳи Хомӯш, Домулло Икром… ошноии бештар пайдо мекунад. Нависанда кӯшидааст, ки нақлу ривоятҳоро дар бораи ин бузургон гирд оварда, шакл, сохт ва услуби меъмории мақбараҳояшонро тасвир намояд.
Муаллиф дар дебочаи китоб менависад: «иддае худро дӯстдори адабу фарҳанг… мешуморанд… Ба кишварҳои дур, ҳаҷ, зиёрати марқади бузургони назми классикии тоҷику форс, мамолики гуногун рахти сафар мебанданд. Аз дидаву шунида соатҳо, рӯзҳо ҳарф мезананд… Аммо эшон боре ҳам намеандешанд, ки нахуст ба Панҷрӯд, ба зиёрати марқади Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ… рафтан афзалтару ҷоизтар аст».
Ҳамин тавр Умари Шерхон бо навиштани сафарномаҳои худ аз манотиқи шимолу ҷануби кишвар хонандаро бо таърих, шахсиятҳои барҷастаи миллат, урфу одат, тарзи зиндагии мардум ошно месозад. Эҳсоси дӯст доштану ифтихор карданро аз Ватан ва фарзандони барӯмандаш дар дилҳо бедор менамояд.
Китоб, ҳамчунин дорои аксҳое аз маконҳои таърихиву муқаддас буда, бо сифати баланд чоп шудааст. Маҷмӯаи «Шуд он замона» туҳфаи арзандаест барои хонандагони соҳибдил.
ВОРИС,
«Садои мардум»