Ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азиз»

Шукрона

№82 (4032) 09.07.2019

0012Бар сар на ҳавои мулки Гирмон дорам,

Хатлону Бадахшону Зарафшон дорам.

Дар ҳар нафасе бӯи баҳорон дорам,

Бӯи гули хору атри борон дорам,

Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Аз хоки падар нарафтаям ман ҷое,

Дар мулки дигар наҷустаям маъвое.

Ман навданиҳолеву Ватан дарёе,

Як боғи пур аз лолаву райҳон дорам,

Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Сӯйи Ватанам чӣ дорӣ сангандозӣ,

Хоҳӣ, ки маро зи раҳ бурун андозӣ.

Бенанг ба думи шер дорӣ бозӣ,

Ман гӯш фақат ба ҳарфи Раҳмон дорам,

Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Он ҷанги бародаркуш дар ёди ман аст,

Бар ҳар сари ёла оҳу фарёди ман аст.

Имрӯз, ки ҷамъ ҷумла аҷдоди ман аст,

Донам, ки ҳама ҷаҳон ба имдоди ман аст,

Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Ҷони ману ҷони кишварам пайванд аст ,

Ҳар печу хамаш сафову садҳо панд аст.

Ин кишвари ман фарох то Дарбанд аст,

Дурӣ зи бараш хайф бар ҷон дорам,

Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Аз обу ҳавои кишварам менозам,

Аз хонаву аз бому дарам менозам.

Хуршед ба болои сарам менозам,

Иқболи баланду бахти хандон дорам,

Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Дар дил на ҳароси боду тӯфон дорам,

На васвасаҳои зоти шайтон дорам.

Ман фахр зи нури НОБ-и Роғон дорам,

Имрӯз нидо ба оламиён дорам:

- Шукрона кунам, ки Тоҷикистон дорам.

 Иззат Бек