Кайҳост, ки алгоритмҳо равандҳои истеҳсолиро идора намуда, ба зиндагии ҳаррӯза низ роҳ пайдо менамоянд. Ҳоло зеҳни сунъӣ дар соҳаи эҷоду офариниш низ ҷои одамонро танг карданист. Аллакай компютерҳо чандин асарҳои нотамоми оҳангсозони машҳур Густав Малер ва Франс Шубертро такмил додаанд ва навбат ба симфонияи даҳуми нотамоми Людвиг ван Бетховен расидааст.
Иҷрои нахустини шакли пурраи асари оҳангсози олмонӣ, ки тавассути технологияҳои зеҳни сунъӣ мукаммал гардидааст, танҳо пас аз 195 соли марг дар зодгоҳаш — шаҳри Бонн имконпазир гардид.
Симфонияи даҳум бо сабаби марги оҳангсоз (соли 827) нотамом –дар шакли чанд пораи пароканда ва сиёҳнависҳо боқӣ монда буд. Гурӯҳи барномасозон ва мусиқишиносон дар заминаи ҳамин пораҳо барномае таҳия намуданд, ки тавассути он компютер пас аз омӯзиши асарҳо ва сабки эҷоди Бетховен онҳоро ба ҳам пайваста, симфонияи даҳумро мукаммал сохт. Маттиас Рёдер, директори Институти Караян дар Залтсбург ва сарвари лоиҳаи байналмилалии такмили симфонияи даҳуми Людвиг ван Бетховен тавассути зеҳни сунъӣ мегӯяд, ки пораҳо дар лаҳзаҳои ҷудогонаи илҳом ва аз андешаҳои тоза ба вуҷуд омада, оҳангсоз онҳоро гоҳе бо сухан ва гоҳе бо нотаҳо ифода намудааст.
Симфонияи такмилёфтаи №10 ми-бемол мажор, ки октябри соли 2021 оркестри ба номи Бетховени шаҳри Бонн таҳти роҳбарии дирижёр Дарк Кафтан пешкаши ҳаводорони мусиқии оҳангсоз намуд, намунаи беҳтарини шакли такмилёфтаи асар аст.
Ташаббускорони лоиҳа изҳор менамоянд, ки ин амал ҳаргиз шак овардан ба истеъдоди беназири оҳангсоз набуда, балки танҳо санҷиши имкониятҳои технологияҳои зеҳни сунъӣ ва ҳамкории инсон бо онҳост. Беҳуда нест, ки дирижёри консерт пас аз анҷоми он гуфтааст: «Агар мухтасар бигӯем: «Ин Бетховен нест!»
Бо вуҷуди ин таъкид мегардад, ки мутахассисон ва таҷҳизоти компютерӣ асареро ба вуҷуд овардаанд, ки метавонад, воқеан, офаридаи Бетховен бошад.
- Оре, компютер алгоритмҳоро истифода мебарад. Лекин инсон ҳам ба таҷрибаи шахсӣ ва донишу маҳорати азбаркардааш такя менамояд. Ин технологияҳо ва одамон аз ҳам дур нестанд. Тавре таҷриба нишон дод, онҳо ҳамдигарро хеле хуб пурра месозанд, — менависад мусиқишинос Роберт Левин.
Сарвари лоиҳа Маттиас Рёдер бошад, таъкид менамояд, ки имкониятҳои технологияҳои зеҳни сунъӣ беҳудуданд.
Таҳияи Н.Низомӣ,
«Садои мардум»