Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таъсис ёфт. Дар ин бора дафтари матбуотии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, муассисони ҷоиза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тоҷикфилм» мебошанд. Маросими нахустини супоридани ҷоизаи «Тоҷи Сомон» 1 апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
«Бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор мешавад», — омадааст дар сомонаи расмии «Тоҷикфилм».
Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки тайи солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмсозони кишвар рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ хоҳанд шуд.
Барномаи ҷоиза аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебошад. Айни ҳол маълум накардаанд, ки чӣ гуна филмҳо барои дарёфти ҷоизаҳои нахустин пешниҳод шудаанд. Вале ғолибонро ҳайкалчаи тиллоии Исмоили Сомонӣ интизор аст.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»