Барои ташкили бонизоми сафарбаркунӣ ва хизматрасонӣ ба ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷи соли равон ҷониби Тоҷикистон соҳиби 4 ифтихорнома гардид.
Вазорати ҳаҷ ва умраи шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Муассисаи мусулмонони Осиёву Туркия, Амрико ва Австралия, Идораи танзими хизматрасонӣ ба ҳуҷҷоҷи Арабистони Саудӣ ва ширкати хизматрасонии «Маҷмаатул манозил» дар алоҳидагӣ ситоди хизматрасонӣ ба ҳоҷиёни Тоҷикистонро бо ифтихорнома қадрдонӣ карданд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсупов соли равон аз кишварамон зиёда аз 6000 нафар шаҳрвандон фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварданд. Се моҳ пеш аз сафари ҳаҷ дар маҳалҳо барои зоирин дарсҳои омӯзиши ҳаҷ ва одобу аркони зиёрат ташкил шуда буд.
Соли равон ҳоҷиёни кишвар ҳам дар Маккаи мукаррама ва ҳам дар Мадинаи мунаввара дар меҳмонхонаҳои марказӣ истиқомат доштанд. Масалан, зоирон дар шаҳри Макка аз меҳмонхона то хонаи Каъба ҳамагӣ 15-20 дақиқа пиёда ва беморону пиронсолон тавассути электромобил то наздикии Масҷидулҳаром мерафтанд. Ҳоҷиён 3-4 нафарӣ дар як ҳуҷра ҷойгир шуда буданд. Дар тамоми ҳуҷраҳо ҳоҷиён шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо карда, аз воқеаҳои ҳамарӯзаи ҷумҳурӣ бохабар буданд.
Яке аз намунаҳои сафарбаркунии муташаккилонаи ҳоҷиёни тоҷик ин дар зарфи 1,5 соат аз Муздалифа ба водии Мино бурдани онон аст. Солҳои қабл ҳоҷиён дар ин ҷода бо мушкилиҳо дучор меомаданд.
- Дар муқоиса бо бисёр кишварҳо шароити будубоши ҳоҷиёни Тоҷикистон беҳтар ва ҷойи зисти онҳо ҳамеша тозаю озода буд, — мегӯяд сокини шаҳри Ҳисор Шаҳло Гулова. - Дар Миною Арафот хӯрок сари вақт ба зоирон расонда мешуд. Табибон шабу рӯз дар хаймаву ҳуҷраҳои кориашон омодаи хизмат буданд. Азбаски барномарезии ситоди ҳаҷи ҷумҳуриамон хуб буд, тамоми маросими ҳаҷро сари вақт анҷом додем.
Маросими ҳаҷ пайваста зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба ин хотир Ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкил ва баргузории ҳаҷ ва умра фаъолият мекунад. Натиҷаи фаъолияти пурсамари ситоди мазкур ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ буд, ки чанд соли охир ситоди ҳаҷи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои мусулмонӣ доир ба масъалаи коргузорӣ ва муташаккилона гузаронидани маросими ҳаҷ ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ноил гаштан ба чор ифтихорнома дар соли равон гувоҳи гуфтаҳои болост.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»