Таҳти ҳамин унвон бо теъдоди 200 нусха ҶДММ «Носир-С»-и шаҳри Бохтар роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ҳунарманди зиндаёд Аловуддин Абдуллоев китоб ба табъ расонд.
Мураттиби он яке аз шогирдони ҳунарманди равоншод Аловуддин Абдуллоев — роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода буда, дар он сӯгвориҳо гирдоварӣ шудааст.
Китоб аз 40 саҳифа иборат буда, навиштаҳои 30 адибро фаро гирифтааст.
Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дорои 70 ҷоизаву диплому медал ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (соли 2006), медали «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (соли 2013) мебошад.
Ҳамчунин, марҳум 10 сол роҳбарии Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро ба уҳда дошта, аз соли 2019 то дами марг ба ҳайси сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон фаъолият кард.
Ӯ 17 феврали соли равон бар асари бемории қалб даргузашт.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»