Ману завҷаам одат кардаем, ки ҳар сол иди Соли навро дар меҳмонӣ гузаронем. Сабабаш? Ҳозир мефаҳмонам. Аввал ин ки оилаи мо хурдакак – ману занам ва духтарчаи ҳаштсолаамон Шаҳлоҷон. Соли навро бошад, бо бисёрӣ гузарондан кайфияти дигар дорад. Сониян, дар меҳмонӣ гузаронидани Соли нав арзонтар меафтад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ин омили муҳим аст.
Пагоҳӣ, баъди ноништа аз янгаатон пурсидам:
– Фардо Соли нав. Онро дар куҷо пешвоз мегирем?
– Дар куҷо мешуд? Дар хонаи Рухшона.
– Ман зид нею, лекин иди гузаштаро дар хонаи Рухшона гузаронда будем. Оё муносиб аст, ки боз ба хонаи ӯ меҳмон шавем?
– Чаро не? – гуфт завҷаам. – Худаш даъват кард.
– Кай?
– Як моҳ пештар. Дар кӯча вохӯрда будем. Вақти хайрухуш «чарх зада биёед», — гуфт.
– Хуб, майлаш, – гуфтам.
Завҷаам телефонашро аз болои яхдон гирифта, ба дугонааш Рухшонаи бизнесмен занг зад, то ӯро аз омаданамон огоҳ кунад. Вале аз телефон чунин садо омад: «муштарӣ дастнорас аст. Бори дигар занг зад ва боз ҳамин ҷавоб, фақат ин дафъа ба забони англисӣ.
– Хонааш сараша хӯрад! – бо қаҳр гуфт занам. – Беваи шайтон телефонашро қасдан хомӯш кардааст!
Ба ҷӯраи деринаи ман Исмати қассоб занг задем, чунки ба қавли янгаатон, занаш серҷоғ бошад ҳам, лоақал дар хонаашон шикамсерӣ қайлаи гӯсфанд хӯрдан мумкин. Лекин телефони ӯ ҳам ҷавоб надод. Ба ҳамсинфи занам Малоҳати дандонсоз занг задем. Шавҳари ӯ дар корхонаи машрубот кор мекунад. Шароби тозаро фақат дар хонаи онҳо хӯрдан мумкин. Вале афсӯс, ки онҳо Соли навро дар хонаи модарашон мегузарондаанд. Занам асабонӣ рӯ-рӯи хона қадам мезаду намедонист, ки боз ба кӣ телефон кунад.
– Ба хонаи модарат равем-чӣ? – таклиф кардам ман.
– Фикри нағз, – хурсандона нидо баровард ӯ, вале зуд ваҷоҳаташ дигар шуд. – Намешавад, хонаашон танг, шӯру мағалро нағз намебинам.
– Хайр, биё ба хонаи модари ман меравем, ҳавлиашон калон, шӯру мағал нест.
– Ҳеҷ гоҳ, – рад кард занам. – Як бор ба хонаи онҳо равӣ, дар бало мемонӣ. Ҳар рӯз турнақатор шуда омадан мегиранд. Кошки хешу табори шумо кам бошанд.
– Азизам, шояд худамон ба хона меҳмон даъват кунем? – пешниҳод кардам ман.
Занам якбора оташ гирифт:
– Ақлат дар ҷояш!? Пухтупаз, косаю табақшӯӣ. Не, не, ман безор аз меҳмон.
Машғули баҳсу мунозира будем, ки духтарчаамон аз хоб бедор шуду чашмонашро молида-молида назди мо омад.
– Бегоҳӣ, вақте ки дар назди телевизор хобатон бурд, ба шумо СМС омад, – гуфт ӯ. Телефонатонро биёрам?
СМС-ро акаам Бахтиёр равон карда будааст. Ба хондани он сар кардам: «Интизор шавед, ба меҳмонӣ меравам, шумоёнро сахт пазмон шудам. Мехоҳам Соли навро бо шумоён ….» – навишта шуда буд дар СМС.
- Ҳаминаш намерасид. – Омадани Бахтиёракаатонро ним сол ҳам нашудаасту аллакай пазмон шудаанд. Дар хонаашон шинанд намешавад!? — гуфт занам.
Ба инҷиқиҳои занам одат кардаам, бинобар ин оромиро аз даст надода, телефонро гирифтаму давоми СМС-ро хондам: «… ба Дубай рафта будам, барои келин як палтои нағз овардам, барои Шаҳлоҷон мӯзача — туҳфаи солинавӣ …».
Занам гумон кард, ки ман шӯхӣ мекунам, телефонро аз дастам кашида гирифту ба хондани СМС даромад. Чашмонаш аз хурсандӣ барқ мезаданд, дар лабонаш табассум пайдо шуд.
– Дадеш, шумо зуд ба бозор равед, гӯштамон кам, ягон кило моҳӣ ҳам гиред. Шаҳлоҷон, ту хонаро ба тартиб дарор, ман аз паси пухтупаз мешавам. Бахтиёракаам меомадаанд.
Бегоҳӣ, вақте ки бародари калониам сумкаи калоне дар даст вориди хона шуд, хурсандии занамро ҳадду канор набуд, аз шодӣ намедонист, ки меҳмонро ба куҷо шинонад. Ана ҳамин тавр, бори аввал Соли навро дар хонаи худамон пешвоз гирифтем.
Имомиддин Раҳимӣ