Соҳибдиле саршор аз фарёди ишқ

№56 (4476) 10.05.2022

ХИРАДМАНДИ ОВОРА

30Вай ҳамчун Маҷнуни кӯчаҳои театр солҳо боз овора аст. Гумгаштаашро меҷӯяд, бехабар аз он ки худ низ кайҳо гум шудаву дар саҳнаи театр наметобад. Ва дар саҳнаи дигар, саҳнаи театри абадии зиндагӣ андешаманду пурэҳсос нақши мутафаккирро мебозад, ки бо анбони пур аз китоб ба раҳгузарон панд медиҳад. Вақте ки гап мезанад, ҳаяҷонашро пинҳон карда наметавонад, бо тири нигоҳаш ба дилҳо роҳ меҷӯяд, бо сеҳри забонаш мисли Эзоп сомеонашро шефтаву маҷзуб мегардонад.

Кист он марди шефтаву ошиқ ва хирадманди овора? Ҳошим Гадост ӯ. Бузургтарин ходими санъати  театру кинои тоҷик, устоди саҳна, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи «Аноҳито», Мукофоти давлатии ИҶШС, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Тоҷикис­тону Россия, профессор.

Гоҳ — гоҳ ӯ дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу майдонҳои шаҳри Душанбе нақши маҷзубро меофарад, ки вуҷудаш саршор аз фарёди ишқ аст. Ӯ ҳамроҳ киферо мегардонад, ки пур аз асарҳои хондании худи ӯст, ҳамон гуна ки солҳои донишҷӯӣ дар долонҳои донишкада асари «Ҳамлет» дар бағал зоҳир мешуд. Ҷавонӣ ва солхӯрдагӣ ду образи ба ҳам зид, вале ба ҳам монанд бо ӯ ҳамсафар ҳастанд, ки ҳар ду ҳам китоб дар даст доранд, домони ҳар дуро ҳаяҷону исёни зиндагӣ сахт доштаву ба сӯяш мекашад.

НАҚШҲОИ МОНДАГОРИ ҲОШИМ

Ҳунарпешаи нотакрор ва ҷонфидо. Ин ду мафҳум, воқеан ҳам, сифати Ҳошим Гадост. Нақшҳои офаридаи ӯ чӣ дар саҳнаи театр ва чӣ дар кино нотакрор аст ва дар офаридани ҳар яке аз онҳо ҷонфидоиҳои Ҳошим Гадо хеле равшан намоён мегарданд. Номгӯи нақшҳои нопурраи офаридаи ӯ ба ин тартиб аст: Содиқ аз «Суруди кӯҳсор» — и Ғ. Абдулло, Лолаев аз «Иродаи зан» — и А. Сидқӣ, Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Маркандал аз «Модарандар»-и Балзак, Хлестаков аз «Муфаттиш»-и Гогол, Ҳамлет аз «Ҳамлет» — и Шекспир, Дон Жуан аз «Фоҷиаҳои хурд» — и А. С. Пушкин, Абӯалӣ ибни Сино аз «Ҷавонии Сино»-и Сотим Улуғзода, Несчасливсев аз «Ҷангал»-и Н. Островский, Иброҳимбек аз «Тӯфон» — и Ғ. Абдулло, Девона аз «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим, Абдулатиф аз филми «Ситораи Улуғбек» («Ӯзбекфилм»), Суҳроб аз филми «Рустам ва Суҳроб» («Тоҷикфилм»), Агат Мара аз филми «Набарди се шоҳ» (истеҳсоли Марокаш — Итолиё — Испаниё — Амрико — Ӯзбекистон), Ғӯрак аз филми «Суғдиён» (истеҳсоли Алҷазоир — Ӯзбекистон), Садриддин аз филми «Зане аз роҳи дур» («Тоҷикфилм»), Ғазан аз филми «Шуълаи гулханҳои хомӯш» («Озарбойҷонфилм») ва ғайраҳо.

МАЗОРИ СУҲРОБ

Дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод мазори Суҳроб вуҷуд дорад. Ҳамон Суҳробе, ки меваи дарахти ишқи Рустаму Таҳмина аст. Суҳроби пурармону ғӯрамарг.

Замоне ки филми «Рустам ва Суҳроб» — ро дар Муъминобод ба навор мегирифтанд, одами зиёд ҷамъ омада, кори филмбардориро тамошо мекарданд. Рӯзе, ки саҳнаи набарди Рустам ва Суҳроб наворбардорӣ мешуд, зану марди бешумор онро мушоҳида менамуданд. Бозии Рустам ва Суҳроб он қадар табиӣ ва ҷозибадор буд, ки мардум фаромӯш карданд саҳнаи филмро тамошо мекунанд. Вақте ки Суҳроби гурд бо дасти падар кушта мешавад ва Рустам мефаҳмад, ки қотили писар шудааст, замоне ки Таҳмина бо ҷигари пораву бирён ба қатлгоҳи ҷигарбандаш меояду фиғон мекашад ва фарёди Рустами диловар ба фалак мепечад, гиряву нолаи тамошобинон низ фазоро пур месозад. Шоҳидон мегӯянд, ки мардум баъди тамошои он саҳна муддате ба худ намеоянд. Марги Суҳроб онҳоро мотамзада мекунад. Ана, ҳамин дард боис мегардад, ки марқади Суҳробро бисозанд ва дар сӯгаш биншинанд.

Суҳроби Ҳошим Гадо нақши ҷовидонист. Тавассути он ҳунарпеша дили тамошобини бешуморро дар ақсои олам шефтаву мафтун кардааст. Духтарони бешумор барои Суҳроби Ҳошим гиристаанд, модарони бешумор аз он фоҷиа сӯгвор гаштаанд.

Коргардон Борис Кимёгаров филми «Рустам ва Суҳроб» — ро ба ёд оварда, менависад: «Барои нақши Суҳроб аз ҷумҳуриҳои бародар шонздаҳ довталабро санҷидем. Танҳо Ҳошим Гадоев қавиирода баромад ва ба нақши Суҳроб бисёр ҷиддӣ муносибат мекард».

Воқеан, Ҳошим Гадо, агар дар озмуни офаридани нақше ширкат карда бошад, ҳатман ғолиб омадааст. Ҳунар, маҳорат ва истеъдоди ӯ ба ҳадде барҷаста аст, ки бузургтарин коргардонҳову ҳунарпешаҳо пешаш сари таъзим фуруд овардаанд. Евгений Симонов, ки солҳои 80 -и асри гузашта роҳбари бадеии Театри дӯстии халқҳои шаҳри Москва буд, дар бораи Ҳошим Гадо чунин андеша баён кардааст: «Ҳошим Гадоев яке аз онҳоест, ки идомаёбии мактаби романтикии театрро талқин мекунад. Вай вориси ҳунарпешагони бузург А. Остужев, А. Хорава, Р. Симонов, А. Хонов мебошад. Образи мураккаби Эдип аз ҷониби ӯ бо амиқии ҳайратовари психологӣ офарида шудааст».

Ҳамон тавре ки ёдрас шудем, Суҳроби Ҳошим Гадо ба дили тамошобинони бешумор роҳ ёфт. Меҳру муҳаббати онҳоро нисбат ба ҳунарманд ба вуҷуд овард. Ирина Элияшеваи чех дар номаи пур аз меҳру ихлос ба ҳунарпеша навиштааст: «Суҳроби азизи ман, Ҳошим! Ман Шуморо 30 бор, 300 бор тамошо кардам ва аз тамошо сер нашудам. Шумо, эй ситорагони тобони ҷаҳон – Жан Маре, Белмондо, Делон дар пеши Суҳроби Ҳошим Гадо нури худро бохтед ва ҳеҷ шудед!».

Оре, ситораи Ҳошим Гадо дар осмони синамо мисли офтоб дурахшиду партави ахтарони дигарро камнур кард.

УСТУРАИ «ЭДИП»

Ҳошим Гадо ҳунарпешаи андешапарвар ва пур аз эҳсос аст. Вақте ки образеро меофарад, худро фаромӯш мекунад. Аз байн меравад, Суҳроб, Дон Жуан, Эдип, Темури Ланг… аз нав таваллуд мешаванд, нафас мекашанд, зиндагӣ мекунанд. Ишқу нафрат, садоқату хиёнат, ғаму шодӣ дар симо, дар вуҷуди образҳо гул мекунанд.

Вақте ки Софокл намоишномаи «Эдип»-ро навишт, тавонист бо он фоҷиаи як тамаддунро нишон диҳад. Вақте ки Ҳошим Гадо нақши Эдипро дар саҳнаи Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бозид, вусъати он фоҷеаро дар худ ғунҷонда тавонист. Вай бо он нақши барҷаста дар Москва ҳам дили тамошобинон, санъатшиносон, ҳунарпешагонро тасхир кард. Онҳо эътироф карданд, ки ҳатто дар театрҳои Аврупо мисли Ҳошим Гадо касе нақши Эдипро муассиру ҷолиб набозидааст.

Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Соро Ишонтураева, вақте ки намоиши «Эдип»-ро дар иҷрои Ҳошим Гадо тамошо мекунад, мафтуни ҳунари ӯ мегардад. Вай дар ин бора менависад: «Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар МХАТ, Михаил Чеховро, дар Театри хурди Моск­ва Остужевро, ҳамчунин, актёрони машҳурро дар саҳнаи Инглистон бошавқ тамошо кардаам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадаам, мутаассир нагашта будам. Ман ба сифати санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам».

Эдип, воқеан ҳам, дар иҷрои Ҳошим Гадо ғулғула барангехт. Танҳо Соро Ишонтураева нест, ки пеши ҳунари Ҳошим Гадо сар фуруд меорад, балки ӯро дар бисёр гӯшаҳои дунё мешиносанду дӯст медоранд. Кори ӯ, ҳунари ӯ, шахсияти ӯ марзҳои Тоҷикистонро убур месозад ва барояш шуҳрати ҷаҳонӣ меорад. Ҳошим Гадо бо «Эдип» ба устура мубаддал мегардад. Дар ин бора доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ гуфтааст: «Ҳунарманди бузург Ҳошим Гадо, ки нақши Эдипро ба уҳда дошт, бо тамоми вуҷудаш, бо тамоми эҳсосоташ дар сиришти Эдип зоҳир гардида ва чунон бо пирӯзӣ нақш бозид, ки гӯё рӯҳи Эдип дар баданаш ҳулул карда бошад».

Шоири эронии муқими шаҳри Порис Неъмати Озарм ҳам дилбохтаи Эдипи Ҳошим Гадо мегардад. Ӯ, ки яке аз дӯстдорони ашадии асарҳои саҳнавист, дар ин бора менависад: «Ман дар иҷрои дигарон «Эдип»-ро ба забонҳои фаронсавӣ ва инглисӣ дар кишварҳои Фаронса ва Бритониёи Кабир дидаам. Вале иҷрои ҳунармандони тоҷик, ба вижа ҳунарманди мумтоз ва бисёр арҷманд Ҳошим Гадо ягона буду мемонанд. Бигзор, агар ҳунарманде бошад, мисли Ҳошим Гадо бошад».

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим баъди намоиши «Эдип» менигорад: «Анҷумани дувум ва дусолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ин чорабиниҳо қариб аз 40 мамлакат вакилон иштирок доштанд. Дар қаторе, ки ман будам, гурӯҳи меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Фаронса, Инглистон, Олмон, Амрико, Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра низ менишастанд. Дар тарафи дасти рости ман журналисти машҳури Фаронса хонум Мино, профессор Маҳмуди Буруҷардӣ аз Эрон ҳузур доштанд ва афсӯс, номи дигар меҳмононро ёдоварӣ карда наметавонам. Ҳушу ёди ҳама ба сӯи саҳна, ба намоиши «Эдип» равона буд. Дар лаҳзае, ки чӯпон меояд ва изҳор мекунад: «ҳамсари ту модарат аст ва фарзандонат бародарону хоҳаронат ҳастанд ва худат шавҳари модарат ҳастӣ», зери чашм дидам, ки меҳмонон ашк мерехтанд ва бо гиряи онҳо ман ҳам гиристам.

Ё дар саҳнае, ки аз малика чӣ рақам будани шоҳ Лайро пурсон мешаванд, қариб монда буд, ки хонум Мино фиғон кунад. Ӯ тарки толор кардан мехост, дод мезад ва худро дар ҳама нақли малика медид ва хусусан мусиқӣ ҷаззоб буд. Вақти тарки толор карданаш ман ӯро доштам, вале худам ҳам мегиристам…

Баъди анҷоми намоиши «Эдип» ман ба саҳна баромада, ҳунарманди мардумӣ Ҳошим Гадоевро табрик гуфтам. Ва тамошобинон ба ваҷд омада, кафкӯбии дурудароз карданд. Хулоса, ман аз Маҳмуди Буруҷардӣ ва хонум Мино пурсон шудам, ки дар бораи ин ҳунарманд чӣ баҳо медиҳед? Онҳо изҳор карданд, ки мо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон будем ва намоишҳои классикаи ҷаҳониро тамошо кардем. Ин хел ҳунарманди ҷозибанокро, нобиғаро бори нахуст дидем ва тамошо кардем. Мо қатъиян хаёл кардем, ки ҳунарманд Ҳошим Гадоев дар саҳна қурбон шуд. Ва сад шукр, ки баъди якчанд лаҳза боз ба истиқболи тамошобинон баромад. Ва мо шукр гуфтем, ки ӯ зинда аст. Ва иншооллоҳ то дер боз ин кайфият аз ёди мо берун намеравад. Аз Худои мутаол илтиҷо мекунем, ки солҳои сол ин ҳунарманди барҷаста соқу саломат бошад…

Хонум Мино дар суҳбати хоса ба ман боз хотиррасон кард, ки минбаъд ба кадом кишвари дигаре сафар кунад, дар бораи ин ҳунарманди нобиға ва нотакрор қисса хоҳад кард…».

Вақте ки Ҳошим Гадо нақши Эдипро мебозад, торҳои эҳсоси тамошобин ба наво меояд. Аз фоҷиа баҳраи маънавӣ мебардорад. Муҳаммадсафо ном тоҷире аз Афғонистон, ки ин намоишро дар иҷрои Ҳошим Гадо ва дигар ҳунармандони тоҷик тамошо кардааст, дар хотироташ менависад: «Ба ман ҳунарнамоии Ҳошим Гадо дар намоишномаи «Эдип» бисёр хуш омад. Ман тоҷирам, дар соири кишварҳо будам ва ба театр таваҷҷуҳ дорам. Бояд бигӯям, ки тамошои ҳунари Ҳошим Гадо маро аз худ бадар кард. Ин ҳолат танҳо ҳангоми қироати «Маснавӣ»-и Мавлавӣ ба ман рӯй додааст. Ба пиндорам, дар ҳунари Ҳошим Гадо нури хиради Мавлоно, Шайх Аттор, Фирдавсиву Ҷомӣ гирд омада. Намоишномаи «Эдип» беҳтарин армуғони дувумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои дӯстон буд».

ЧАШМАИ ҲОШИМ

Ҳунарпеша будан фидокорӣ мехоҳад. То аз худ нагузарӣ, ба чизе мушарраф намешавӣ. Зиндагии Ҳошим Гадо, чӣ дар саҳнаи театр, чӣ дар кино намунаи барҷастаи фидокориҳост. Масалан, Суҳроби Ҳошим Гадо ба вай он қадар шуҳрат овард, ки дар кишвари Туркия, дар қатори дурахшонтарин ситораҳои кинои ҷаҳон, акси ҳаштметраи ӯ дар нақши Суҳроб қомат афрохтааст.

Ҳошим Гадо дар бисёр ҳолат ҳангоми офаридани нақш дар филм ба ҷои каскадёр худ ҳама гуна амалро анҷом медод. Вай он қадар ба образи қаҳрамонаш фурӯ мерафт, ки ҳама чизро фаромӯш месохт. Аз ин рӯ, борҳо ҳангоми наворбардорӣ захм бардоштааст, вале ҳеҷ гоҳ пеши дард сар фуруд наовардааст, тарсро ба дил роҳ надодааст.

Худи ӯ нақл кард, ки ҳангоми бозидани нақши Ғазанхон, дар филми озарии «Нури гулханҳои хомӯшшуда», бо буққае ҷанг кард, ки 850 кило вазн дошт. Пеш аз Ҳошим Гадо се паҳлавони озарӣ бо буққа қувваозмоӣ мекунанд, вале ӯро мағлуб карда наметавонанд. Ниҳоят, Ҳошим ба майдон мебарояд ва бо ҳайвон дасту панҷа нарм месозад.

Он замон паҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар гӯштини самбо Чемпиони ҷаҳон шуда буд. Овозаи ӯ ба Озарбойҷон ҳам расидаву мардум ӯро мешинохтанд. Озариҳо аз фурсат истифода бурда, тавассути радио эълон менамоянд, ки боз як паҳлавони тоҷик дар Шамахӣ — Перкулӣ бо барзагов қувва меозмояд. Онҳо ин корро барои он мекунанд, ки мардуми бештареро барои ба навор гирифтан ҷалб созанд.

Ҳошим Гадо дар ин бора зимни суҳбат бо рӯзноманигор Давлат Назрӣ чунин нақл кардааст: «Аз афту дарафти аввалин дарёфтам, ки вазъият бениҳоят мураккаб аст: ё марг ё ғалаба. Бо барзагов чанд соат мубориза бурдам. Чанд бор аз болоям парида гузашт. Зарби шохаш пуштамро чок кард, баданам хуншор, оташ барин месӯхт. Гӯшашро, патҳои бинияшро, лабҳояшро даррондам, захмин кардам, хун бар рӯям пош мехӯрд. Сару рӯи барзагов, дасту сарулибоси ман аз хун тар шуда буд. Оқибат гарданашро шикаста, барзаговро ғалтондам. Барзагов дигар ба худ наомада мурд…

Он вақт дар ИҶШС гуманизм мегуфтанд, аз ин набарди шадид ҳамагӣ як — якуним дақиқа ба лентаи навор афтиду халос. Вале дар намоиши туркӣ ва америкоияш ин набард, қариб ки пурра ҳаст ва ин филм дар Туркия  муваффақияти зиёде пайдо карда, ба яке аз маҳбубтарин филмҳо табдил ёфтааст. Соли 1975 баъди сабти филм озариҳо дар ҷои набарди ман бо гов чашмаеро обод карда, ба он «Ҳошим булағӣ» («Чашмаи Ҳошим») ном гузоштанд».

«Чашмаи Ҳошим» натиҷаи фидокорӣ ва ҷоннисориҳои ҳунарпеша аст.

АЗ ОФТОБ ИБРАТ ГИРЕД

Ҳошим Гадо файласуф низ мебошад. Садҳо ҷилд китоби чопкардааш гувоҳи ин гуфта аст. Ӯ аз ҳар шайъ ҳикмат меҷӯяд. Дунё ба назараш пур аз рамзу роз аст. Мехоҳад асрорро бикшояд ва сухани мондагор бигӯяд.

Вақте ки аз ӯ мепурсанд:

- Чиро дӯст медоред?

- Офтобро! – посух медиҳад.

- Чаро? – тааҷҷуб мекунанд.

- Барои он офтобро дӯст медорам, ки ба кирму паранда, хазандаву чаранда ва одамони рӯи замин баробар нуру гармӣ мебахшад ва ҳеҷ гоҳ кирмро аз одам, маймунро аз шер ҷудо намекунад. Ман ҳамаи инсонҳоро даъват мекунам, ки аз офтоб ибрат гиранд, — меафзояд ӯ.

Ҳар навиштаи Ҳошим Гадо ҳикмат дорад, аз ин рӯ, ӯ ҳаким низ ҳаст. Нукоти зер ба қалами вай тааллуқ доранд:

Комёбии инсон сояи ӯст. Вақте ӯ фано шуд, сояаш нест мешавад. Соя ба одам бевафоӣ мекунад.

***

Дар ҳаққи рақибонам дуо мекунам: Илоҳо, ононро ба бемористон, зиндон, камбизоативу камбағалӣ гирифтор насоз. Бигзор бо дасти пок, имони пок, виҷдони пок ба гӯристон сафар бикунанд.

***

Дурӯғ болову поён ва андозаву бар надорад. Дурӯғ намемирад. Зинда бод дурӯғ!

***

То даме ки сагу гурба аз соҳибонашон нафъ мебинанд, ба сӯи ӯ дум меҷунбонанд.

Самариддин АСОЗОДА,

Вориси НАЗАР,

«Садои мардум»