Шиносоиам бо адиби варзида, инсони комил ва ҷавонмарди ҳақшинос устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ аҷиб буд. Ҳар гоҳ ӯро ёд меорам, нахуствохӯрӣ пеши рӯ ҷилвагар мегардад.
Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба навиштани мақолаю лавҳа рағбат доштам ва аҳён-аҳён чакидаҳои хомаам дар рӯзномаҳои бачагонаи давр ба табъ мерасиданд. Солҳои донишҷӯӣ ба навиштани очерку ҳикояҳо ҷуръат кардам, вале шарм медоштам онҳоро ба касе нишон диҳам. Баъди хатми мактаби олӣ ба зодгоҳам баргаштам ва дар мактаби деҳа ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудам. Ин давра барои рӯзномаи ноҳиявӣ дар мавзӯъҳои гуногун мақола менавиштам. Ниҳоят чанд ҳикояамро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» фиристодам. Ҳар дафъа дар посух номаҳое мегирифтам, ки қариб дар як шакл нигошта шуда буданд. Номаҳои дилшикан ва ноумедкунанда, ки то имрӯз дар бойгониам маҳфузанд…
Дар ин байн чанд ҳикоя ва очеркҳои калонҳаҷмам дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Газетаи муаллимон» ба табъ расиданд, аммо намедонам чаро мехостам, ки ҳикояамро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» бубинам.
Соли 1984 буд. Устод Ҷонибек Акобир ба идораи Хоҷагии давлатии зотпарварии «Нимич», ки ман он ҷо мезистам, занг зада, ба директори хоҷагӣ гуфтааст, ки «Диловар ҳатман ба Душанбе биояд. Ӯро корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» Сайф Раҳимов пурсуҷӯ дорад». Бо шунидани ин хабар вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Аз шодӣ ҷои нишаст намеёфтам. Назди директори мактаб даромадам ва ду-се рӯз рухсатӣ гирифта, субҳи барвақт ба роҳ баромадам…
Устод Сайфро ғоибона аз рӯи ҳикоя ва повестҳояш мешинохтам. Ҳикояҳои ӯро гаштаю баргашта мехондам. Забон, услуб, устухонбандӣ ва тасвирҳои моҳиронаи — нигоштаҳояш қалби маро ҳамеша тасхир мекард. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр»-ашро маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кард. Ин қиссаи пур аз дардро хондаму бори дигар мафтуни ҳунари нависандагии ӯ шудам. Рӯзгори Робиа ва модари ӯ хеле ҷозиб тасвир шуда буд. Баъзе лаҳзаҳо ашки чашмонамро дошта наметавонистам. Мегиристам ва ба ҳоли онҳо дилам месӯхт.
Ҳикояи «Гунҷишки сафед» низ беҳтарин ҳикоя дар адабиёти давр буд. Баъзе ҳикояҳояшро қариб аз ёд медонистам. Ҳамеша орзу доштам мисли ӯ дар ҷодаи эҷод муваффақ бошам. Бо ҳамин андешаю орзуҳо ба шаҳр расидам ва рӯзи дигар субҳи барвақт ҷониби идораи «Тоҷикистони советӣ» роҳ пеш гирифтам. Идораи рӯзнома он солҳо дар ошёнаи якуми собиқ бинои Вазорати фарҳанг ҷойгир буд. Дар як дафтари корӣ устодон Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Доро Наҷот ва Саодат Сафарова менишастанд. Беҷуръатона ангушт ба дар кӯфтам ва онро боз кардам. Дар мизи рӯ ба рӯи дар устод Сайф менишаст. Салом додам ва гуфтам, ки ман Диловар, аз Ғарм омадам. Шумо суроғ кардаед. Устод аз ҷо баланд шуданд, самимона дастамро фушурд ва курсиро паҳлуяш гузошту ба нишастан ишора кард. Баъди пурсупос ҷузвдонеро кушод ва чанд саҳифаро аз он берун овард. Ин варақҳо яке аз ҳикояҳои ман «Захми носур» буд.
- Ҳикояатро хондам, — аз саҳифа чашм наканда сукунатро халалдор кард устод Сайф. — Қалами хуб дорӣ, агар заҳмат бикашӣ, нависандаи хуб мешавӣ.
Аввал дар бораи комёбиҳои ҳикояи «Захми носур» андешаронӣ кард. Ҷанбаҳои хуби ҳикояро тарзе баён намуд, ки вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Умеде дар гӯшаи қалбам шуъла зад. Сипас, аз нуқсонҳои ҳикоя гуфт.
Ӯ ҳарф мезаду ман суханҳояшро бо гӯши дил мешунидам ва дар дафтари хотир сабт мекардам. Дигар дунёро фаромӯш карда будам. Ман мондаму суҳбати пурмуҳтавои устод Сайф.
Устод Доро Наҷот ва Саодат Сафарова моро танҳо гузошта, аз дар баромаданд. Намедонам суҳбату маслиҳати устод чанд соат идома ёфт. Саодат ба дафтари корӣ даромад. Аз сумкааш ду самбӯса ва ду бодиринги шӯр бароварду назди устод гузошт. Устод Сайф як самбӯса ва як бодирингро ба ман дароз кард. Беҷуръатона онҳоро аз дасташ гирифтам. Ин лаҳза пай бурдам, ки Доро Наҷот ва Саодат ба хӯроки нисфирӯзӣ рафта будаанд. Устод Сайф дигар хӯроки пешинро фаромӯш карда буд, ба хотири як қаламкаши ҷавони деҳотӣ. Бовар дошт, ки заҳматаш беҳуда намеравад ва ин ба ман неру мебахшид. Дар дил аҳд кардам, ки тамоми гуфтаҳояшро иҷро мекунам. Дар назди ӯ масъулияти бузургеро ба зимма гирифтам. Баъдтар фаҳмидам, ки он рӯз ӯ беш аз чор соат вақти худро сарфи таҳлили як ҳикояи шогирдонаи ман кардааст.
Рӯзи дигар ба идораи рӯзнома рафтам. Устод Доро Наҷот ва Саодат Сафарова машғули кор буданд. Аз устод Сайф дарак набуд.
- Ту бо Сайф ягон хешӣ дорӣ?- дар омади гап гуфт Саодат.
- Не, ман аз ноҳияи Ғарм… Ӯро ғоибона мешиносам, бори аввал аз наздик суҳбаташ насибам гашт, — гуфтам.
- Аз рӯзи омаданаш ба вазифаи мудири шуъба бори аввал мебинам, ки ин қадар вақташро бо як нависандаи навқалам сарф кунад,- андешамандона гуфт Саодат.
- Гумон кардам, ки ӯро пештар мешинохтӣ. Сайф соҳиби дили бузург аст. Маълум, ки манзураш ҳосил шудааст, ба муроди дил расидааст.
Баъди интизорӣ дар боз шуд ва қомати болову чеҳраи зебои устод Сайф назди дар ҳувайдо. Бо меҳрубонӣ дастамро фушурд ва сабаби дер монданашро кӯтоҳак баён кард. Аз хоксорӣ ва меҳрубониҳояш хиҷолат кашидам. Ҷузвдонашро кушод ва ҳикояҳои маро ба дастам дод.
- Ҳамаи ҳикояҳоятро хондам, — дубора гуфт устод.- Бад нест. Роҳи интихобкардаат душвор аст. Комёбии эҷодкор дар омӯзиш, андӯхтани таҷриба ва тобоварист. Бовар дорам, ки ту муваффақ мешавӣ. Аз эроди ҳеҷ кас дилсард нашав. Аввал ҳикояи «Захми носур»-ро таҳрир мекунӣ. Бовар кардӣ, ки ҳикоя дар ҳақиқат ба талабот ҷавобгӯст, онро ба ман мефиристӣ. Баъд ҳикояҳои дигаратро…
Баъд аз кашаки миз китоберо бароварду ба дастам дод.
- Ин маҷмӯаи аввалини камина аст,- табассуми зебо дар лаб гуфт устод. — Онро ба ту бо умед медиҳам, ки баъди соле ҳамин гуна китобатро бароям меорӣ, — ҷиддӣ гуфт устод.
Китобро бо арзи сипос аз дасташ гирифтам. Аз пушти китоб сурати устод Сайф андешамандона ба ман менигарист. Гӯё гуфтан мехост, ки чун ба ин пайроҳаи душворгузар қадам гузоштӣ, мисли ман собитқадам бош…
Бо устодон худоҳофизӣ кардаму бо табъи болида ба зодгоҳам рахти сафар бастам.
Дар роҳ дилам қарор нагирифту китобро боз кардам. Ба ин китоб шоираи варзида ва устоди сухан Гулрухсор пешгуфтор навишта буд. Устод Гулрухсор на ба ҳар китоби навқалам пешгуфтор менавишт. Сахтгирии ӯро ҳама медонистанд. Ман саросема ба хондани сарсухан оғоз кардам. Устод Гулрухсор ба адиби ҷавон баҳои баланд дода буд. Дар фароварди гуфтораш навишта буд: «Ба китоби нахустини нависандаи ҷавон пешсухан навиштан кори ниҳоят масъулиятнок, вале гуворост. Гуворо аз он аст, ки бо ин фотеҳа боз як марди фидоии дилбеқарор ба хидмати халқу диёр ба роҳ мебарояд. Масъулиятнок аз он ҷиҳат аст, ки оё марде, ки бо дуои неки ту, бо фотеҳаи ту ба роҳи морпечи адабиёт сафаракист, дар кулвори худ чизи шоистае дорад ё не? Пеш аз фотеҳа додан ба нависандаи ҷавон Сайф Раҳимов ман дар ҳамин андеша будам. Чанд сол аст, ки ҷустуҷӯ, комёбӣ, пешравӣ ва сайқали эҷодиёти ӯро дар пеши назар санҷиш дорам. Инак, ба хонандагони арҷманд хушнудона ва умедворона арз мекунам: муаллифи китобе, ки шумо чун нони гандумӣ ба даст гирифтаед, дар ҷодаи хизматгорӣ ва фидокорӣ ба халқу Ватани худ шахси раҳгузар нест. Силсилаи эҳсосу калом ва андешаю идрокаш ба ҳам пайваста, мақсаду маром ва орзую омолаш аз зиндагӣ, масъулияти инсонӣ шахсияти худи адиби ҷавон ибтидо гирифтаанд».
Устод Сайф Раҳимзод баъдтар бо ин хислатҳояш собит кард, ки дар ҳақиқат фарзанди содиқи меҳану миллат аст. Ӯ барои ғанӣ гардонидани адабиёти муосири тоҷик заҳмат кашид. Баҳри маърифати мардум то рӯзҳои охирини ҳаёташ мардона қадам ниҳод.
Баъди бозгашт ба омӯзиш пардохтам. Ҳарчанд то он рӯз садҳо китобро мутолиа карда бошам ҳам, пас аз суҳбати пурмуҳтавои устод Сайф аз нигоҳи дигар ба мутолиа пардохтам. Талош мекардам, ки аз ҳар як асари хондаам барои худ чизе пайдо намоям. Ҳикоёти нависандагони маъруфи тоҷик ва дигар мамоликро, ки дастрас буд, гаштаю баргашта мехондам. Баъди ду-се моҳ ба таҳрири ҳикояам оғоз кардам. Пас аз шабзиндадориҳои зиёд бовар кардам, ки маслиҳатҳои устод Сайфро ҳангоми таҳрири ҳикоя иҷро кардам. Онро дигарбора унвонии ӯ ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фиристодам. Ҳафтаҳо гузаштанд, вале ҳикоя дар саҳифаи рӯзнома пайдо нашуд. Баъди панҷ-шаш моҳ пайи коре ба Душанбе сафар кардам. Сари қадам ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафтам. Ба дафтари кории дӯстонам Баҳманёр ва Муҳаммадраҳими Сайдар даромадам. Онҳо масъули бахши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» буданд. Муҳаммадраҳим маро табрик гуфт.
- Муборак шавад,- маро дубора ба оғӯш кашид ӯ. -Ҳикояатон дар шумораи панҷуми маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасад.
- Ман барои маҷалла ҳикоя нафиристодам,- тааҷҷубамро пинҳон накарда посух додам.
- Медонем,- хандаи зебо ба лаб гуфт ӯ. -Ҳикояро Сайф овард. Назди сармуҳаррир даромад ва баъди рафтанаш онро ба мо доданд. «Захми носур» ном дорад ҳикояат.
- Ҳамин хелу… Ин ҳикояро ман ба устод Сайф фиристода будам. Мехостам дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп шавад. Бовар надоштам, ки то ин даргоҳи бузурги адабӣ мерасад.
Аз ин хабари хуш он лаҳза худро хушбахттарин одам медонистам. Ҳеҷ бовар надоштам, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳикояи ман ба табъ мерасад. Гумоне, ки хоб медидам…
Ҳамин тавр, бо дастгирӣ ва маслиҳати устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Захми носур» дар маҷаллаи адибон чоп шуд ва аз тарафи устодон баҳои арзанда гирифт. Ҳамон соат сухани Саодат Сафарова ёдам омад: «Соҳиби дили бузург аст Сайф».
Ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» рафтам. Аз ҷо баланд шуд ва самимона дастамро фушурду табрикам гуфт.
- Ана ҳамин хел, додари акаш, — бо чеҳраи кушода садо баланд кард ӯ. — Муборак шавад! Бовар дорам, ки ҳикояҳои ояндаат боз ҳам хубтар иншо мешаванд. Ҳоло камтар навису бештар биомӯз…
- Ташаккур ба шумо, устод,- беҷуръатона садо баланд кардам ман.
- Ҳоло то устодӣ хеле дурам,- хандида гуфт Сайф.
- Ба ту иҷозат медиҳам, ки номамро бигирӣ. Сайфулло бигӯ. Ту аз ман се сол хурд ҳастӣ. Устод касонеанд, ки дар ин роҳи душвор пичаҳои худро сафед кардаанд. Агар умр боқӣ бошаду содиқона заҳмат бикашем, мо низ ба пояи онҳо хоҳем расид.
- Мақсад аз навиштани ҳикоя танҳо баёни воқеа ё ҳодисае нест,- мегуфт ӯ.
- Нависанда бояд ба хонанда таъсири маънавӣ расонида тавонад. Мақсад тарбия аст. Яъне, аз муҳтавои асар хонанда баҳра бигирад. Он бояд ғизои маънавии инсон гардад.
- Ҳикмати ҳаёт муҳимтарин ҷузъи ҳикоя аст, - идома медод суханашро. -Ба рӯи коғаз овардани ҳар воқеа ҳикоя шуда наметавонад. Дар баробари ин, ба бадеияти асар ҳамеша аҳамият додан муҳим аст. Ҳикоя нозуктарин ва муъҷазтарин асари бадеист ва бояд бадеияти асар дар ҷои аввал бошад.
Ҳикояи нависандаи маъруф Ҷек Лондон «Дар талоши ҳаёт» — ро ба ёд биёр. Ин ҳикоя муаллифро байни хонандагони тамоми дунё машҳур кард.
Мо бояд аз забони зиндаи халқ беҳтарин калима ва андарзҳоро, ки барои мардуми тоҷик фаҳмост, истифода барем.
Боре дар як вохӯрӣ аз ҳикояи «Падруду пайғом» суол додам. Гуфтам ҳар гоҳ ин ҳикояро мехонам, симои ду бародари ғуррамаргам пеши рӯ меояд. Дигар қудрати хондан намекунам. Охирин суханони эшон дар гӯшам садо медиҳанд. Фиғони пурдарди модарам маро озурда мегардонад. Оё ин ҳикоя ҳақиқат дорад?
Устод Сайф ба суолам посух нагуфт. Нигоҳи андешамандашро ба нуқтаи номаълуме дӯхту сукут варзид. Ранги рӯяш иваз шуд. Аз суоли хеш пушаймон шудам ва дар дил худамро сарзаниш кардам. Дилам аз дигар шудани вазъи устод хиҷил шуд.
- Ҳикояи беҳтарин, — баъди муддати мадид сукунатро халалдор кардан ҳамон аст, ки хонанда лаҳзае худро дар он пайдо кунад, — эҳсосоташро пинҳон карда гуфт устод.
Ӯ ҳарф мезаду ман медидам, ки хаёлаш пайи хотираҳо саргардон аст…
Имрӯз устод ҳамроҳи ман аст. Гоҳе ки дар офаридани асаре душворӣ мекашам, устод ба мададам меояд. Ӯро мебинам ва гумон мекунам, ки бандҳои баста во мешаванд ва бо як умеду боварӣ қалам ба даст мегирам….
Ба худ мегӯям, ҳоло ҳастанд адибоне, ки салоҳ бинанд то бо як лаҳни монанд ба дилҷӯию дилнавозӣ дар замири дили навқалами хушбину хушзавқе, ки даргоҳҳои адабӣ дар интизорашон аст, тухми меҳру муҳаббати инсонӣ коранд!
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»