Вақте ният кардам дар бораи дӯсти арҷманд Мирзо меҳрнома нависам, ҳамин сарлавҳа дар зеҳнам пайдо шуд. Воқеан, вай эҷодкори асилу хушсалиқа ва инсони дарёдил аст, ки ин қабилҳоро «дасту дилаш кушода» мегӯянд.
То ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омадан ӯро намешинохтам. Аз аввалин шахсоне буд, ки дар рӯзи аввали фаъолиятам дар ин нашрияи бонуфуз маро бо чеҳраи кушод, самимона, гӯё, ки рафиқи дерина бошем, пешвоз гирифт ва бародарвор ба оғӯш кашид. Баъдан, дар ҷараёни фаъолият Мирзо аз ҷумлаи дӯстони беҳтаринам гардид. Ба қавле, «як бурда нонро бо ҳам мебинем».
Солҳои аввали ба шаҳри Душанбе омадан зиндагии мушкил дошт, вале бечоранолӣ намекард, танҳо мегуфт:
Нола карданро набошад суд, мебояд, ки зист,
Ҳар чӣ бинам, аз қазову аз қадар бошад маро.
Аз суҳбати ҳаррӯза, мушоҳидаҳои авзояш пай мебурдам, ки дар дил ҳазор ғусса дорад. Дар хонаи иҷора бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард ва маошаш ба рӯзгор намерасид. Ҳар пагоҳӣ қариб 10 километрро пиёда тай карда, ба кор меомад. Вале ба хотири таъмини аъзои оила, сабру қаноатро пеша кардаву шукр мекард:
Шукри Эзид, ки дили дарё бароям додаст,
Гарму софу беғашу дардошноям додааст.
То бипаймоям раҳи дилҳову роҳи зиндагӣ,
Чашми бино, ҷуфти дасту ҷуфти поям додааст…
Пеши ҳар ноасл асло даст пеши бар наям,
Баҳри ҳар дарде Худои ман давое додааст.
Вақте китоби рӯзгорашро варақ задем, чунин маълумот пайдо кардем: 15 майи соли 1959 ба дунё омада, баъд аз хатми мактаби миёна, чанд муддат коргари муассисаи сохтмони байниколхозӣ, мудири клуби сайёри Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор будааст. Солҳои 1977-1979 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1980 – 1985 донишҷӯи факултети забон ва адабиёти тоҷики УДТ ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд. Баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Гулистон» (ноҳияи Фархор), Хонаи маданият, Боғи маданияти ноҳияи Фархор идома дода, чор сол (1991 -1995) ба ҳайси котиби Комиҷроияи шаҳраки Фархор ва як сол дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи идеологии дастгоҳи раиси ин ноҳия кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 2008 ба соҳибкорӣ шуғл варзида, аз 15 сентябри соли 2008 дар идораи рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият дорад.
Зимни таҳияи ин матлаб хостам аз Мирзо суол кунам, ки ӯ дар зиндагӣ чӣ ниёз, хоста ва ният дорад, дар талоши чист? Вақте ба дарёи эҷодаш ғӯтавар шудам, дар ҳар сухану ҳарфу ҳиҷояш посухамро пайдо кардам:
Ҳатто ба душмани худ ғам орзу надорам,
Бухлу ҳасад ба арзи як тори мӯ надорам.
Дилбанди дашту кӯҳи дунёи маъниям ман,
Ҷуз байти тоза ганҷеро ҷустуҷӯ надорам.
***
Осудагии халқу Ватан давлати ман аст,
Сарсабзии гулбоғу чаман давлати ман аст.
Дурем чу мо аз ҳунари ҷамъи зару мол,
Сарҷамъ шавад миллати ман, давлати ман аст.
***
Гар пул нарасад, барои мо ном бас аст,
Май аз дигарон, ба мо ҳамон ҷом бас аст.
Бисёр аз ин ҷаҳон ба мо даркор нест,
Вақти хушу зиндагии ором бас аст.
Қаҳрамони матлаб саропо меҳру муҳаббат аст, Ватанро, инсонро самимона дӯст медорад ва ҳатто агар дар кӯча саги дайду ва гуруснаеро бубинад, нороҳат мешавад ва ҳатман барои он ҳайвони безабон кори некеро анҷом медиҳад. Масалан, рӯзе Мирзоро дар вақти муқаррарӣ дар ҳуҷраи кораш пайдо накардам, то салому алейк кунем. Баъд аз ним соат садояшро шунидам ва зуд ба наздаш шитофтам, зеро аз дер омаданаш каме ташвиш шудам. Сабаб пурсидам, маълум шуд, ки ӯ аз пайи анҷоми амали хайре будааст. Ҳангоми ба кор омадан мебинад, ки саги харобу лоғаре аз шиддати сармо ва гуруснагӣ ҳалқа зада, дар кунҷи пули болои дарёи Душанбе хобидааст. Зуд ба ошхонаи наздиктарин шитофта, барои он ҳайвони вафодор ғизо меорад.
ӯ бисёр вақт барои ёрӣ расондан ба муҳтоҷон омодагӣ мегирад. Вай сарватманд нест, вале агар дар ҷайбаш даҳ сомонӣ бошаду бо бечорае дучор ояд, ҳатман онро ба ӯ мебахшад. Мушоҳида мекунем, ки назди ӯ қариб ҳар рӯз марду занони синну солашон гуногун бо чеҳраи маҳзун медароянд ва аз ҳуҷраи кориаш хушҳол берун мешаванд.
Мирзо ғофилону бахилон, мутакаббирон ва ҳасудонро хуш надорад ва ба онҳо мегӯяд:
Эй аҳли ҳасад, сахт маризед шумо,
Дур аз ҳама одобу тамизед шумо.
Як рӯзи Худо дили шумо хоҳад зад,
Эй то ба кай аз Худо гурезед шумо?
Шояд баъди ин шарҳу тафсири ночизи эҷодиёти Мирзо бисёриҳо аз пайи дарёфти асарҳояш шаванд. Аммо Мирзо китоби зиёд нашр накардааст, бо вуҷуди он ки шеъру достон ва дубайтиҳояш даҳҳо китоб мешаванд. Танҳо соли 2012 нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳояшро бо номи «Борони муҳаббат» ва соли 2013 достони дар як шаб эҷодкардааш «Манзумаи Мавзуна» — ро (дар бораи барандаи медали биринҷии Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпии Лондон — 2012) ба табъ расонидааст. Вай мисли баъзеҳо бо китобҳояш «бизнес» намекунад ва намехоҳад ба ин васила соҳиби шуҳрат ва сарват шавад.
Мирзо ҳар рӯз шеъре, байте, ғазале менависад, зеро қалби ҳассосу дардошно дорад. Нисбат ба дигарон, атрофу акноф, ҷомеа, ҳаводиси олам бепарво нест. Бо шеър ва сухан мехоҳад камбудиҳоро ислоҳ кунад, бероҳаеро ба роҳи рост ҳидоят намояд, ба фитнагаре ҳушдор ва ба ғофилону нотавонбинон, ҳасудону бахилон панд диҳад, накӯкореро васф кунад… Ҳамин аст рисолату нияти поки Мирзо Рустамзода. Дар ин ҷода барояш тавфиқу барор мехоҳем.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»