Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО — и ҳукуматӣ, ки 20 феврали соли 2019 доир гашт, ба ман муяссар гардид, суханронӣ ва чанд пешниҳодро ироа намоям. Аз ҷумла, бо арзи эҳтиром ба самъи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидам, ки дар самти инъикоси дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаашон бениҳоят зиёданд, тавсеа бахшидани фаъолияти журналистон дар заминаи дастгирии вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ тақозои замон аст. Дастгирии сохторҳои дахлдор ба журналистон дар он зоҳир мегардад, ки далелу рақамҳоро пешниҳод кунанд, то аҳли қалам онҳоро дар қолаби жанрҳои гуногуни журналистика ба ҳамватанон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намоянд, зеро ҳаводиси ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки журналистон, албатта онҳое, ки ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқу арҷгузоранд, бояд ба ҳар як рӯйдоду воқеа сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва матолиби таҳлилӣ таҳия кунанд.
- Шумо — роҳбарони воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошед, зеро воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ барои анҷом додани ин кор имкониятҳои кофии зеҳнӣ ва техникӣ доранд, — таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдрас шудан аз он мулоқот ба он хотир аст, ки аҳли қалам дар мавриди рисолаташон ҷиддитар андеша кунанд.
Дар бораи истиқлолияти давлатӣ зиёд мегӯянду менависанд ва табиист, ки дар кадом сатҳ инъикос ва бозгӯӣ гардидани моҳияти он ба касбият, садоқат ва ҷаҳонбинии муаллиф вобаста аст. Аз он нигаронам, ки дар баъзе маврид, чун сухан дар бораи ин неъмати бебаҳо равад, як идда тарзе андешаронӣ мекунанд, ки гӯё истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар шудааст. Ин қабил нодида мегиранд, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таърихиеро тай намуд, ки масири пур аз маҳрумият ва монеаву мушкилот маҳсуб мешавад.
Тавре Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд».
Имрӯз баъзеҳо шояд фаромӯш карда бошанд, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати истиқлолияти худро эълонкарда зиёда аз як сол рамзҳои давлатӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ надошт…
Муаррифии дастовардҳои кишвар рисолати аҳли зиё буда, ҳар касе, ки ин пешравиҳоро нодида мегирад, ба қавли Ҳилолӣ: «ё одам нест ё аз ин олам нест».
31 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки ҳарчанд тоҷику тоҷикистониён баъд аз истиқлолияту озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардид, ки қодиранд зери роҳбарии ин абармард муттаҳид гардида, давлатро соҳибӣ намоянд ва Ватанро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.
Дар ҳоле ки аксарият фарзандони нохалаф ва «дӯстон» — и миллати тоҷик «дар ғами чарбу» буданд, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ тадбирандешии бетаъхирро барои барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоршуда шурӯъ карданд.
Тавре дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 — 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт».
Чун нияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек ва иродаашон хастагинопазир буд, дар марҳилаи аввали давлатдорӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, комёб гардиданд.
Онҳое, ки ҳоло ба дастовардҳо аз паси панҷа менигаранд, медонанду нодида мегиранд, ки замоне ки ҳанӯз ҷангу даргириҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар идома доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, муҳайё кардани шароити зиндагӣ ва ҷои кор барои онҳо ҳамаи саъю талошро ба ҳалли масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар сафарбар сохта, пастравии иқтисоди миллиро боздоштанд.
Дар робита ба ин ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки кишвари мо танҳо соли 2000-ум ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳоти дар тамоми соҳаҳо, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш ва идомаи мантиқии ибтикори ба сифати Роҳбари мамлакат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки дар ин марҳила Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишварро ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дастовардҳои минбаъда аз ин ибтикор маншаъ гирифтаанд.
Ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани силсилаиқдомҳое, ки дар саргаҳи онҳо низ Сарвари давлат қарор доштанд, замина фароҳам овард, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 зиёд шавад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ тамоюли афзоишро касб намуда, ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид. Сатҳу сифати зиндагии мардум ва дарозумрии шаҳрвандон аз нишондиҳандаи муҳим ба ҳисоб рафта, аксар маврид хулоса аз ҳамин зовия қабул мешавад. Месазад ёдовар шавем, ки дар ин давра шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар зиёд шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид.
Дар ҳоле ки тӯли 70 соли то замони Истиқлолияти давлатӣ ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар заминро соҳиб шуданд.
Дар бист соли охир, яъне, аз соли 2001, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маблағи беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 59 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Шоҳидем, ки дар аксар кишварҳо, бинобар набудани сармоягузорони хориҷӣ бунёдкориву созандагӣ мувофиқи мақсад нест. Бояд арҷгузорӣ намоем, ки нуфузу маҳбубият ва мақому манзалати бениҳоят баланди Пешвои миллат ҳамчун Абармарди олами сиёсат замина фароҳам овард, ки дар давраи зикршуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, амалӣ шуд.
Тавре маълумоти оморӣ шаҳодат медиҳанд, ҳоло 74 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 40,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид.
Дар ин замина, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 1997-ум 7 баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.
Дастоварди дигар он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла, ангишт, масолеҳи сохтмон, бахусус, семент ва бисёр намудҳои маҳсулоти ғизоӣ, бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам шуд. Далел: Агар истеҳсоли семент соли 1992-юм 446 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 ба 4,2 миллион тонна расонида шуд, ки қариб 10 баробар зиёд мебошад. Истеҳсоли ангишт беш аз 9 баробар зиёд гардида, аз 214 ҳазор тоннаи соли 1992 ба 2 миллион тонна дар соли 2020 расид.
Тоҷикистониён бояд арҷгузор бошанд, ки бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намудан солҳои 1995 — 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, тақсим карда шуд.
Дар робита ба ин далел бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад.
Ҳамрадиф бо ин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 1997-ум 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расид. Агар ин дастовардҳоро раддабандӣ намоем, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалла 5,3 баробар, картошка -10, сабзавот ва мева 7 баробар зиёд гардидааст.
Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 — уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд.
Ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш бероҳӣ, мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».
Биноан, Пешвои миллат аҳолии кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.
Роҳбари давлат бо қатъият иброз доштанд, ки «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, нақбу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад».
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд. Муҳим он аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне, робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид. Тибқи иттилои дастрас, ҳоло дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Мадди назар бояд дошт, ки лоиҳаҳои дар соҳаи роҳу нақлиёт амалигардида имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар зарфи ду соли охир бист зина боло рафта, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлат зинаи панҷоҳумро ишғол намояд.
Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб — Шимол», хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» дастовардҳои соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватти соли 1991-ум ба 6131 мегаватт дар соли 2020 расонида шуд.
Моҳияти ин дастовардҳо дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ба шарофати онҳо низоми ягонаи энергетикии мамлакат ташаккул ёфта, маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бартараф гардид, ки ин низ аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ҳамрадиф бо соҳаҳои зикршуда дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ самтҳои афзалиятнок эълон гардида, маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар афзуда, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 миллиону 270 ҳазор ҷои нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Ёдрас мешавем, ки агар соли 1991 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамагӣ 13 ва донишҷӯён 70 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 41 ва донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар расидааст.
Маблағгузории соҳаи тандурустӣ низ сол ба сол зиёд гардида, дар 20 соли охир беш аз 16 миллиард сомониро ташкил кард. Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид. Махсус бояд зикр намоем, ки дар натиҷаи тадбирҳои барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ амалигардида соли 2020 нисбат ба соли 1991 фавти кӯдакон 3 баробар ва фавти модарон 4 баробар коҳиш ёфт.
Далели дигар: Дар тамоми қаламрави кишвар то замони Истиқлолияти давлатӣ камтар аз ҳазор иншооти варзишӣ вуҷуд дошт. Ҳоло ин шумора ба 10 ҳазору 220 расидааст.
Баргузории ҷашну чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла 1100 — солагии давлатдории Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 — солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 — солагии Носири Хусрав, 800 — солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 3000 — солагии маданияти Ҳисор, 5500 — солагии Саразми бостонӣ далели возеҳи собитқадам будани Пешвои миллат дар самти гиромидошти ниёкон мебошад. Месазад аз саъю талоши Пешвои миллат, ки дар ин замина ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид, ёдовар шавем.
Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати азизи мо мақому нуфузашро дар ҷаҳон боло бурда, бо талошҳои муассир дар арсаи байналмилалӣ ташаббускор аст. Муаллифи чаҳор ташаббуси бузург — «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 будан далели гуфтаи болост.
Муҳимтар аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгаройӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дошта, рӯйдодҳои охири ҷаҳон дурустии тасмимгирии Роҳбари давлатро дар ин самт собит намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост. Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем».
Ин суханони пурҳикматро анҷомбахши матлаб интихоб намудан рамзу ҳикмат дорад. Мутмаинам, ки хонандаи ҳушманд онро дарк ва бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»