Дар бораи ҳамкасб

Соҳибиззат

№79-80 (4341-4342) 19.06.2021

Тошматов МуминМардум мутахассиси варзида ва донишмандро бениҳоят эҳтиром менамоянд. Новобаста аз он ки ӯ кисту чӣ мансаб дорад. Муъминҷон Тошматов мутахассиси баланд­поя аст ва солҳои дароз ба ҳайси роҳбари Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд, Шабакаҳои барқи Ленинобод (ҳоло Суғд) ва ҳамзамон муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд кор кардааст.

Борҳо мушоҳида кардаам, вақте ки Муъминҷон — ако вориди бинои Шабакаҳои барқи Суғд мешавад, чеҳраи аксари коргарон, хурду бузург шукуфон гашта, самимона аз дидори ӯ хушҳолӣ менамоянд.

Барои банда, ки солҳо дар системаи энергетикии кишвар фаъолият дорам, ин ҷиҳат хеле ибратбахш аст. Аз дил мегузаронам, ки дар кори хеле мушкилу масъулиятноки соҳаи барқ, ки мушкилоти корӣ ва равонӣ хеле зиёд дорад, то дараҷаи Муъминҷон-ако обрӯву эътибор пайдо намудан осон нест. Барои ин бояд ба мисли қаҳрамони матлаб сарнавишту хислат дошт.

Муъминҷон Тошматов дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Соли 1976, ки давраи рушди энергетика дар кишвар буд, орзуву ҳавасаш ӯро ба Институти политехникии Тоҷикистон бурд.

Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, бо дуои неки падар ва ҳидояти устодон А. Умаров, М. Ғаниев ва С. Пӯлодов корро дар Шабакаҳои барқии шимолӣ (он вақт Шабакаҳои барқии Суғд ҳамин хел номида мешуд) ба сифати усто оғоз намуд.

Тайи чанд соли фаъолият нишон дод, ки мутахассиси хуб аст ва дар муомилаву муносибат низ намуна мебошад. Ин буд, ки бо пешниҳоди роҳбари ҳамонвақтаи ШСХК «Барқи Тоҷик» Баҳром Сироҷев сармуҳандиси Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Дертар, аз соли 1995 ба ҳайси сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва соли 2000 директори Шабакаҳои барқи Суғд ва дар як вақт муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд фаъолият намуд.

Солҳои роҳбарии М. Тошматов ба давраи баъдиҷанги шаҳрвандӣ рост меояд. Аз дигар тараф, аз сабаби канда шудани ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна дар кишвар роҷеъ ба таъминоти барқ душворӣ зиёд буд. Бо вуҷуди ин, М. Тошматов тавонист, ки низоми энергетикии вилоятро хуб идора намояд. Ин буд, ки соли 2005 бо унвони Аълочии «Барқи Тоҷик» сарфароз гардид.

Замони роҳбарии Муъминҷон Тошматов якчанд лоиҳаи энергетикии кишвар дар вилояти Суғд, аз қабили сохтмони ЗБ «Бӯс­тон-220», ХИБ-220кВ «Конибодом — Айгулташ», ХИБ-500кВ «Ҷануб — Шимол» ЗБ «Суғд-500» амалӣ гардиданд.

Дар он давра тими энергетикҳои вилояти Суғд, ки дар он мутахассисони дараҷаи олӣ, аз қабили Ҳ. Ахмедов, Ф. Авезов, М. Азизов, И. Сангинов, Х. Бобомуллоев ва дигарон фаъолият доштанд, мушкилиҳоро ҳал намуда, дар таъминоти аҳолӣ ва иқтисоди кишвар бо барқ саҳми муносиб мегузоштанд.

Энергетик будан шараф аст. Пешрафти иқтисодии кишвар ва барори кору ободии рӯзгор ба маҳсули кори энергетикҳо вобастагии калон дорад. Гумон мекунам, ки Муъминҷон Тошматов барин одамон ин касбро боз ҳам бошарафтар месозанд.

Муҳиддин АҲМАДЗОДА,

роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон