Собиқадорон аз ғамхорӣ бархӯрдоранд

№17 (4757) 05.02.2024

Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи муҳими Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, ҳар як собиқадори ин ниҳод насли ояндаи милитсияро ба хониши аъло, ҷасурӣ, содиқ будан ба халқу Ватан ва савганди хизматӣ ҳидоят намуда, баҳри мустаҳкам намудани тартиботу интизом ва риояи қонуният байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони ҷавон талош меварзанд.

Теъдоди собиқадорон сол то сол меафзояд. Агар шумораи умумии онҳо дар соли 2012 беш аз 12500 нафарро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2023 ба 14566 нафар расид.

Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми адои вазифа барои Ватан хизмати бузург кардаанд, имрӯз низ дар таъмини суботи ҷомеа, волоияти қонун ва пешгирӣ намудани ҷиноят бетараф нестанд.

Айни ҳол дар созмон 14566 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, 2731 нафарашон собиқадороне мебошанд, ки 25 сол ва зиёда аз он хизмат намудаанд; 8090 нафар нафақахӯроне, ки аз 25 сол кам хизмат намудаанд; 309 нафарашон иштирокчиёни амалиёт дар Афғонистон; 1 нафар иштирокчии амалиёт дар Венгрия; 20 нафарашон иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи атомии «Чернобил», 2379 нафар ҳамсарони кормандони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ вафотнамуда, 1036 нафарашон маъюбони ВКД мебошанд.

Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ 88 ташкилоти ҷамъиятии Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар раёсату шуъбаҳои ВКД фаъолият мекунанд. Созмон бо ВКД ҳамкории зич дошта, дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарак дар миёни ҳайати шахсии мақомот, хусусан кормандони ҷавон, суҳбату мулоқот доир намуда, дар тарбияи ватандӯстӣ, масъулият­шиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, риояи одобу муошират бо сокинон, хусусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи одобу пӯшидани либоси хизматӣ, дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Аъзои созмон дар раёсатҳо ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия ва Иди касбии милитсияи тоҷик чорабиниҳо доир менамоянд.

Инчунин, аз ҳисоби аъзои шурои Созмони собиқадорон ҳар моҳ дар маркази таълимии ВКД дар самти хизмати раёсатҳои кофтукоби ҷиноӣ, раёсати муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, фаврии ҷус­туҷӯӣ ва дигар самтҳои хизматӣ бо мақсади таълим ва баланд бардоштани дониш суҳбату мулоқот баргузор мешаванд. Соли сипаришуда мулоқоти аъзои созмон бо нафақахӯрон, собиқ ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияҳои Варзоб, Восеъ, Рашт ва Нуробод баргузор гардид.

Масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар гурӯҳҳои собиқадорон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Соли сипаришуда аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба собиқадорон, иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои бесаробонмонда ва маъюбони ВКД ёрии молӣ, моддӣ ва туҳфаҳои хотирмон расонда шуд.

Вазъи тандурустии собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дош­та, онҳо барои табобат ба дармонгоҳи раёсати ВКД аз тамоми минтақаҳои кишвар муроҷиат мекунанд ва эҳтиёҷмандон баъди муоина ва ташхис ба табобат фаро гирифта мешаванд. Соли 2023 ба дармонгоҳи раёсати тиббии вазорат 2035 нафар собиқадорон муроҷиат карда, 436 нафарашон саломатии худро барқарор намуданд.

Собиқадорон ва нафақахӯрон барои истироҳат ва табобат гирифтан ба осоишгоҳҳои «Хоҷаобигарм», «Зумрат», «Шифо», «Шоҳамбарӣ», «Садбарг» равона карда мешаванд.

Инчунин, собиқадороне, ки ба истироҳатгоҳҳои ВКД барои табобат ва истироҳат муроҷиат менамоянд, ба онҳо роҳхат дода мешавад.

Роҳбарияти ВКД ва Созмони собиқадорон ҳамеша собиқадоронро мувофиқи имкониятҳои мавҷуда қадрдонӣ мекунанд.

Саид ҶУРАХОНЗОДА,

раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-майори милитсия