Корманди собиқадори рӯзномаи мо устод Ӯрун Калонов (Ворис) дар Рӯзи матбуоти тоҷик бо Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мушарраф шуд. Таҷлили 113-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашт, журналистон, устодону донишҷӯён ва собиқадорони соҳаро ба ҳам овард. Дар маҳфил, ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ аз нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» ёдовар шуда таъкид намуданд, ки нашри он ба бунёди рӯзноманигории тоҷик асос гузошт. Имрӯз рушди журналистикаи касбӣ тавассути тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мешавад. Донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ, аз ҷумла факултети журналистикаи ДМТ, барои омода кардани кадрҳои соҳа фаъолияти пурсамар доранд. Бо мақсади рушди соҳа дар пойтахти кишвар Академияи ВАО таъсис ёфт. Дар Тоҷикистон, ҳамчунин, пайваста форумҳо ва семинарҳои байналмилалӣ барои такмили ихтисоси рӯзноманигорон баргузор мешаванд.
Абдулло Раҳмонзода зимни суханронӣ дар замони муосир қудрати расонаҳоро дар ташаккули афкори умум ва сиёсати ҷаҳонӣ бузург арзёбӣ кард. «Имрӯз давлатҳо ВАО-ро ҳамчун силоҳи геополитикӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ҳар давлат ҳодиса ва воқеаҳои ҷаҳониро бо назардошти манфиатҳои худ инъикос менамояд. Ба ин хотир, барои муҳофизати худ аз таъсири манфии ҳамлаҳои иттилоотӣ мо бояд саводи расонаии худро баланд бардорем ва бо тафаккури таҳлилӣ ҳар хабарро баррасӣ кунем», — афзуд ӯ.
Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ матбуоти даврӣ ба пешрафтҳои зиёд ноил гардид. Ин муддат шумораи расонаҳои мустақил ва ҷамъиятӣ афзуд, қонунҳои нав қабул гардиданд, ки барои рушди ВАО заминаи мусоид фароҳам меоранд. Воридшавӣ ба фазои рақамӣ ба рушди журналистикаи онлайнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суръати иттилоърасонӣ мусоидат намуд.
Дар чорабинӣ як идда фаъолони воситаҳои ахбори омма бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва сипосномаю ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадр шуданд. Ба чанде аз собиқадорони соҳа мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши матбуотро, ҳамчунин, Латофат Кенҷаева — собиқадори матбуот, директори ТҶБ «Истиқбол», Шодӣ Малахов — корманди нашрияи «Омӯзгор», Сироҷиддин Иззатуллоев — сармуҳаррири «Время & денги», Музаффари Имом — муовини сармуҳаррири нашрияи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат сазовор шуданд. Ҷоизаи мазкур дар бахши телевизион ба Гулбарг Ризоева — корманди «Телевизиони Тоҷикистон», Шералӣ Саидов — корманди телевизиони «Хатлон», дар бахши радио ба Зарангез Гирдакова — корманди радиои «Овози тоҷик» ва дар бахши пажӯҳиши илмӣ бошад, ба Абдуҳалим Раҳимов — доктори илмҳои филологӣ, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия насиб шуд.
Ф. ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»