Соли муш чӣ пайомадеро ба дунбол хоҳад дошт?

№1 (4107) 01.01.2020

Соли 2020 соли муш аст ва тибқи солшумории чинӣ ҳар мучал ранг, рақамҳо, рӯз ва моҳҳои бобарор дорад. Рангҳои кабуду сабзу тиллоӣ, рақамҳои 2 ва 3, ҳамчунин 23, рӯзҳои 4-ум ва 13-уми ҳар моҳ ва моҳҳои 2-юм, 5-ум ва 9-уми сол барои Муш  бобарор дониста мешаванд.

Гарчанд дар Ғарб Муш махлуқи зараррасон ва паҳнкунандаи беморӣ ҳисобида мешавад, дар Чин онро муқаддас медонанд. Онро рамзи далерӣ, айёрӣ ва бо ҳар гуна роҳ ба мақсад расидан мешуморанд. Хислати муҳимтарини Муш захира кардан аст. Cоли муш барои одамоне, ки дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузоранд ва дар роҳи расидан ба мақсад устуворӣ зоҳир менамоянд, ҳатман бобарор хоҳад буд.

Муш кордону зирак аст. Метавонад ба ҳар гуна шароит ба зудӣ мутобиқ гардад. Мушоҳидакорӣ ва зеҳни хуб доштанаш боис мегардад, ки аз ҳама имконият манфиат ба даст орад. Тайёр аст, ки неруи худро дар соҳаҳои гуногун санҷад ва дар аксар маврид муваффақ мешавад.

Соли 2020-ро соли Муши сафеди филизӣ ё тиллоӣ ҳам меноманд, ки пас аз 60 сол такрор мешавад. Тибқи тақвими  чинӣ он 25 январ фаро мерасад ва ба зиндагии мучалҳои дигар таъсири ҷиддӣ дорад.

Дар соли Муши тиллоӣ коҳилӣ зоҳир намудан тавсия намешавад. Дар ин сол дар ҳама соҳае, ки шавқу ҳавас доред, муваффақ шудан мумкин аст. Вале бештар онҳое муваффақ мегарданд, ки фаъолияташон бо эҷод марбут аст. Он чиро, ки аҳли эҷод дар соли сипаришуда ба даст оварда натавонистанд, соли Муш барояшон имконпазир мегардонад — пешравӣ дар кор, эътирофи маҳорату малака ва беҳтар гардидани вазъи молиявӣ.

Дар ин сол иваз намудани касбу кор низ бобарор хоҳад буд. Вазъи молиявӣ дар соли Муши тиллоӣ тадриҷан, вале ҳатман беҳтар мегардад. Албатта, шумо ба маблағи дар як сол бадастоварда хона сохтан ё хона харида наметавонед, вале ин маблағ барои сайру саёҳат ва истироҳати хуш  кофӣ хоҳад буд. Аслан Муш ба ҳамаи онҳое, ки сайру саёҳат ва дилхуширо дӯст медоранд, ёрӣ мерасонад.

Дар соли Муш хислати асосии он — захира карданро ҳаргиз фаромӯш насозед. Ин сол ҳам барои корҳои бузург -  саҳмия харидан аз соҳа ва иншооти сердаромад, харидани вомбаргҳо,  ғун кардани маблағ ва ҳам ташвишҳои одии рӯзгор — тайёр кардани консерва, мураббо ва ғайра мувофиқ аст. Вале ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки баъд аз соли Муш хатари ба вуҷуд омадани мушкилоти молиявӣ аз эҳтимол дур нест!

Агар фарзанди шумо дар соли Муш, хусусан фасли тобистон, ба дунё омада бошад, хушбахт мешавад.

Умуман, барои мушҳо соли 2020 соли бахту барор аст — ҳам дар ҷодаи кор ва ҳам ишқу муҳаббат. Саломатиашон ҳам беҳтар мегардад. — Агар Муш роман нависад, ҳатман чоп мешавад, — таъкид мекунанд ситораҳо. Тоҷирон имкон доранд, ки фаъолияташонро густариш бахшанд.

Соли Муш барои мучалҳои дигар чӣ меорад?

 Бақар

Бояд аз имкониятҳои ин сол самаранок истифода барад  ва ҳар чӣ бештар маблағ ҷамъ оварад. Сол барои ӯ аз ҳар ҷиҳат бобарор мешавад. Вале дар нимаи аввали сол эҳтиёткор бояд буд.

 Паланг

Дар ин сол мушкиле нахоҳад дошт, аммо аз якрангии зиндагӣ дилгир мешавад. Барои рафъи ин ҳолат ӯро зарур аст барои соли оянда, ки бобарор хоҳад буд, замина муҳайё намояд. Ҳадафҳояшро муайян созад, нақша кашад. Нимаи дуюми сол барояш хурсандии зиёд меорад.

 Харгӯш

Корҳои бузурги алоқаманд ба маб­лағро бояд дар нимаи аввали сол анҷом диҳад. Зеро дар нимаи дуюм ба фиреб дучор шудани ӯ аз эҳтимол дур нест. Ҳатто ба дӯстони наздик ҳам эътимод кардан нашояд. Ин сол барои иваз намудани ҷойи кор ва манзил мусоидат менамояд.

 Наҳанг

Метавонад фаъолияти хешро густариш бахшида, маблағи зиёд ба даст орад ва ҳатто соҳиби вазифа гардад. Вале бояд нақшаҳои хешро аз ҳама пинҳон дорад. Сайру саёҳат ба ӯ неру ва хурсандиҳои нав мебахшанд.

Мор

Зиндагиаш рангину пурҳаводис хоҳад буд. Вале фитрати табиияш ӯро аз ҳар мушкил эмин медорад. Дар ҷойи кор баъзе нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Нимаи дуюми сол барои сайру саёҳат ва корҳои бузург мусоид аст.

 Асп

Бояд дар ҳама ҷода, ҳатто муҳаббат, эҳтиёткориро пеша намояд. Зеро Муш ӯро дӯст намедорад ва дар роҳи ӯ монеаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Бояд мисли асп кор кунад, то комёб гардад.

 Гӯсфанд 

Чизе захира карда наметавонад, гарчанд дар ин сол барояш хушии зиёд пешбинӣ мегардад. Аз деҳқонӣ  манфиати бештар мебинад. Метавонад соҳиби кори хубтар ё вазифа шавад ва муносибати ҳамкорон ба ӯ  беҳтар гардад. Вале дар муносибатҳои оилавӣ ба мушкилӣ дучор меояд.

Ҳамдуна     

Соли беҳтарин аст барояш. Корҳояш барор мегиранд. Дар як сол ӯ метавонад нақшаҳои чандсоларо амалӣ намояд: сарват ҷамъ орад, соҳиби мансаб гардад. Албатта, дар муомилаҳои молиявӣ бояд эҳтиёткор бошад, вале агар ягон Муш ба ӯ дил бандад, хушбахт хоҳад буд.

 Мурғ

Дар нимаи аввали сол ташвишҳояш зиёд мегарданд. Корҳояшро бояд ба анҷом расонад. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намояд. Бо дӯстону наз­дикон меҳрубон бошад. Кори имрӯзаро ба фардо нагузорад. Дар он сурат нимаи дуюми сол корҳояш барор гирифта, нақшаҳояш амалӣ мегарданд.

Саг

Сол дилгиркунанда  мешавад, зеро хис­лати захира намудан барояш бегона аст. Дар зиндагӣ мушкилиҳо ба вуҷуд меоянд, вале ӯ онҳоро ба осонӣ метавонад бартараф намояд. Умуман, барору комёбӣ дар кору зиндагии ӯ танҳо ба ҷаҳду талоши худаш вобаста аст.

Хубон

Аз чизе шикоят нахоҳад дошт. Корҳояш бобароранд, ба ҳадафҳояш бо осонӣ мерасад. Бидуни шак, ин сол барояш соли муҳаббат ва барор аст. Сарвати зиёд захира менамояд, гарчанд дар гирду атрофаш ҳасудону душманон зиёданд.

Таҳияи Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»