Соли нав

№158 (4420) 31.12.2021

 Соли нав мову туро дамсоз мехоҳад,

Ҳамдаму ҳамроҳу ҳамовоз мехоҳад.

 Дар фазои ишқу озодиву худсозӣ,

Аз ману ту, ҳамватан, парвоз мехоҳад.

 Санг бастан шеваи озод зистан нест,

Лаъл гаштан қудрати эъҷоз мехоҳад.

 Соли нав чун пайки нав аз роҳ меояд,

Зиндагиро бикру бепардоз мехоҳад.

 Кӯҳро чун минбари мардони бономус,

Даштро зери пари шаҳбоз мехоҳад.

 Соли нав аз мо умеди дигаре дорад,

Шеъри нав шаҳномаеро боз мехоҳад.

 Рӯд исён мекунад сар мезанад бар санг,

Аз сари бишкастааш овоз мехоҳад.

 Соли нав, дунёи нав, савдои нав орад,

Соли нав, эй ҳамватан, эъҷоз мехоҳад.

 ВОРИС,

«Садои мардум»