Соли нав бошад ҳумоюн, эй ватан!

№1 (4107) 01.01.2020

Соли пешин рафт аз мо бо хушӣ,

Соли нав омад, ҳумоюн соли нав!

Пойтахти бахти мо нуронӣ шуд,

Шодии мо кард афзун соли нав.

 

Соли аз мо рафта соли пурсурур,

Соли аз мо рафта соли хуб буд.

Осмони кишвари мо беғубор,

Зиндагонӣ дилкашу марғуб буд.

 

Соли аз мо рафта соли дӯстӣ,

Соли ҳамдастӣ буду ҳамбастагӣ.

Соли беғам дам задан бо ҳамдигар,

Соли хушҳолӣ буду ворастагӣ.

 

Соли аз мо рафта соли пурсафо,

Соли аз мо рафта соли нур буд!

Тоҷикистон рӯшанистон сар ба сар,

Торикӣ аз хонаи мо дур буд.

 

Бо умеди орзуҳои накӯ,

Соли навро мо пазиро мешавем.

Чун ниёи хеш бо созандагӣ,

Боз ҳам машҳури дунё мешавем.

 

Бо сафои офтоби отифат,

Соли нав равшан дили мо мекунад.

НОБ-и Роғун бо зиёи хештан,

Равшанистон манзили мо мекунад.

 

Соли нав бо ибтикори Пешво,

Соли эъҷози ҳунар бояд шавад.

Соли эҷоди асарҳои навин,

Баҳри мо аҳли назар бояд шавад.

 

Бар ману мо соли нав бояд шавад,

Соли шаъну обрӯву фахру фар.

Мурғи иқболи баланди мо занад,

Дар фазои ормонҳо болу пар.

 

Бо навиди фолу иқболи накӯ,

Соли нав омад ба мулки тоҷикон.

Соли нав бошад ҳумоюн, эй Ватан,

Соли нав бодо муборак, дӯстон!                     

 

Ҳаким ГӮЁ