Шаст сол пеш бо кӯшиш ва дастгирии ҷонишини якуми вазири маданияти РСС Тоҷикистон Меҳрубон Назаров як зумра ҷавонони боистеъдод барои таҳсил ба шаҳри Москва, ба Омӯзишгоҳи олии (институти) театрии ба номи М.С. Щепкини назди Театри давлатии академии хурди шаҳри Москва (Малый театр) фиристонида шуданд.
Ба хотири ин донишҷӯён дар омӯзишгоҳ, ки мақому мартабаи мактаби олиро доро аст, Студияи тоҷикӣ таъсис ёфт. Баъди чаҳор соли таҳсил онҳо соҳиби дипломи актёри театри драма ва кино шуда, ба Тоҷикистон баргаштанд.
Омӯзишгоҳи олии (институти) театрии ба номи М.С. Щепкини назди Театри давлатии академии хурди шаҳри Москва боргоҳи бонуфузи тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг буда, таърихи бой ва пурғановат дорад.
Он ҳанӯз соли 1773 дар назди Хонаи тарбиятгирандагони Москва чун мактаби театрӣ ташкил шуд. Бо мурури солҳо тарбияи кадрҳои фарҳангӣ дар он хеле пеш рафт ва 28 декабри соли 1809 ин мактаб бо супориши император Александри I чун Омӯзишгоҳи театрӣ-императории Москва мақом гирифт. Ин аст, ки омӯзишгоҳ таърихи пурғановат ва таҷрибаи зиёди педагогӣ дошта, анъанаҳои пешқадами хешро то ҳанӯз идома медиҳад.
Дастпарварони омӯзишгоҳ актёрҳо, режиссёрҳо ва ходимони маъруфи кинову театр шуда, дар тарбияи шогирдон аз 15 ҷумҳуриҳои бародар низ саҳм гузоштаанд.
Омӯзишгоҳ бо педагогҳои машҳури театрӣ, ба монанди М.С. Щепкин, А.П. Ленский, В.Н. Пащенная, П.Я. Судаков, К.А. Зубов, В.И. Циганов, Л.И. Дейкун, Л.А. Волков, М.И. Царев, М.О. Кнебель, А.Д. Дикий, И.И. Афонин, В.П. Селезнёв ва дигарон ифтихор дорад.
Азбаски яке аз актёрон ва педагогҳои барҷастаи рус Михаил Семёнович Щепкин аз соли 1830 то охири умраш он ҷо ба тарбияи шогирдон машғул буд, ин даргоҳи ҳунар соли 1938 ба номаш гузошта шуд.
Соли 1943 мактаб ба Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М.С. Щепкин табдили ном карда, минбаъд дар назди Театри давлатии академии хурди шаҳри Москва амал мекард. Дар он панҷ кафедра-кафедраи маҳорати актёрӣ, тарбияи ҳаракатҳои пластикӣ, нутқи саҳнавӣ, санъатшиносӣ, фалсафа ва фарҳангшиносӣ амал мекунанд. Шогирдон дар баробари омӯзиши санъати драмавӣ, инчунин рақс ва мусиқиро низ меомӯзанд.
Хатмкунандагони омӯзишгоҳ баъди чор соли таҳсил дипломи артисти театри драмавӣ ва киноро мегиранд, ки эътирофи он ба сатҳи мактабҳои олӣ-институтҳо баробар аст.
Имрӯзҳо дар омӯзишгоҳ 99 омӯзгор, аз инҳо 38 профессор ва дотсент ба 234 донишҷӯй дарс мегӯянд. Ректори омӯзишгоҳ Ходими шоистаи санъати Федератсияи Россия, профессор Б.Н. Любимов мебошад.
Ба ҷавонони тоҷик бахти баланде насиб гардид, ки солҳои 1954-1959 дар ин даргоҳи бонуфузи ҳунар таҳсил намоянд. Яке аз шогирдони ин даргоҳ Артисткаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Нозукмоҳ Шомансурова он солҳоро ба хотир оварда, мегӯяд:
«Ман он солҳо дар Театри драмаи шаҳри Хоруғ кор мекардам. Дар яке аз намоишномаҳо дар толори театр ҷавони зебо ва озодапӯш менишаст ва чизеро дар дафтарчааш қайд мекард. Баъди спектакл донистем, ки ин ҷавон Тоҳир Собиров буда, барои студияи тоҷикии факултети актёрии Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М.С. Щепкини шаҳри Москва донишҷӯёнро интихоб менамояд. Ба рӯйхаташ ману ҳампешаам Бахталӣ Сабзалиев низ дохил шудем. Устод Тоҳир Собиров бо хешу таборамон суҳбат карда, дар охир гуфт:
- Ман ҳамроҳам ин ду навҷавонро барои хондан ба Москва мебарам. Бигузор соҳиби маълумоти олӣ шаванд, театрҳои машҳури Москваро бинанд ва санъаткори хуб шуда, ба Тоҷикистон баргарданд. Аз ин рӯз баъд Нозукмоҳ хоҳар ва Бахталӣ додари ман ҳастанд. Ҳардуяшонро сиҳат ва саломат ба Москва бурда, мехононам ва сиҳат саломат оварда, ба дастатон месупорам.
Ҳамин тавр, аз Тоҷикистон ман, Бахталӣ Сабзалиев, Ҷаҳон Саидмуродов, Анвар Тӯраев, Саодат Ҷӯраева, Шамуэл Муллоҷонов, Ойиша Турсунова, Султон Сафаров, Валиҷон Ҷӯраев, Қурбонмамад Ғарибшоев, Сайфӣ Мерганов, Раҳмон Раҳимов, Зубайдулло Холов, Дилором Ҷӯрабоева ва дигарон солҳои 1954-1959 дар Студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М.С. Щепкини шаҳри Москва таҳсил карда, бо дипломи актёри театри драма ва кино ба кишварамон баргаштем.
Он солҳо мо-донишҷӯён 28 — сӯмӣ стипендия мегирифтем. Ин маблағ хеле кам буд. Ман дар Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ тарбия ёфта, ба воя расидам. Бештари мо-донишҷӯён аз хона ёрдампулӣ намегирифтем. Қисме аз ҳамсабақонам фориғ аз дарсҳо дар ҳар ҷо кор мекарданд, то ки пул ба даст оварда, либоси дуруст пӯшида, шикамашонро сер кунанд.
Ёдам ҳаст, ки ҳангоми таҷлили Соли нави 1956 муовини якуми вазири маданияти РСС Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ба мо 100- рублӣ кумак кард, ки бо ин маблағ мо барои худ сару либоси нав ва дастархони зебову фаровони солинавӣ оростем».
Дар солҳои таҳсили 1954-1959 аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар як гурӯҳ 22 нафар таҳсил мекарданд. Устодони омӯзишгоҳ шогирдонро дар саҳнаҳои умумии Театри хурди Москва (Малый театр) ба нақшофаринӣ ҷалб менамуданд. Ҳатто ба киностудияи овозадори «Мосфилм» рафта, лаҳзаҳои наворгирии филмҳои навро аз наздик медиданд.
Тоҳир Собиров — режиссёри машҳури тоҷик, чун педагог-омӯзгор ба донишҷӯёни Студияи тоҷикии омӯзишгоҳ тайи солҳои 1954 -1956 дарс додааст. Он солҳо Артисти халқии РСС Тоҷикистон Тоҳир Собиров дар факултети режиссёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) таҳсил мекард ва чун муаллими соҳаи фарҳанг ба Студияи тоҷикии омӯзишгоҳ дарсу машғулиятҳо мегузаронид. Мавсуф аз ин пеш, соли 1951 факултети актёрии Институти давлатии театрӣ-рассомии Тошканд ба номи А.Н. Островскийро хатм карда, таҷрибаи кофӣ дошт.
Тақдири минбаъдаи аввалин дастпарварони Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М.С. Щепкини шаҳри Москва ба ҳар тарз сурат гирифт. Анвар Тӯраев, Шамуэл Муллоҷонов, Раҳмат Раҳимов ва Валиҷон Ҷӯраев дар Киностудияи «Тоҷикфилм», Нозукмоҳ Шомансурова, Султон Сафаров, Бахталӣ Сабзалиев, Ҷаҳон Саидмуродов ва Зубайдулло Холов дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», Саодат Ҷӯраева, Сайфӣ Мерганов, Раҳмон Раҳимов, Ойиша Турсунова дар Телевизиони Тоҷикистон, Ҷаббор Ваҳҳобов дар Радиои Тоҷикистон, Дилором Ҷӯрабоева дар Театри тамошобини навраси шаҳри Москва, Қурбонмамад Ғарибшоев дар Театри шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохтанд. Неъмат Ноёфтов, Қудрат Шарифов ва дигарон низ соҳаи фарҳангро ихтиёр намуданд.
Инак, аз он айёми хушу гуворо солҳои зиёд гузаштанд, вале чун шарикдарсон бо ҳам вохӯранд, ҳатман аз пешвозгирии соли 1956 ёд мекунанд. Он шаб мардуми советиро Раиси Президиуми Совети Олии СССР Климент Евграфович Ворошилов бо Соли нав табрик карда буд ва донишҷӯёни Студияи тоҷикии омӯзишгоҳ онро минбаъд «Соли нави ворошиловӣ» гуфта, ба хотир меоварданд.
Дар сурат: Пешвозгирии «Соли нави ворошиловӣ» дар шаҳри Москва.
Қатори якум, аз чап: Ҷаббор Ваҳҳобов, Соро Муҳаммадҷонова, Борон Сангмамадова, Мая аз Қазоқистон, Саодат Ҷӯраева, Аскар Абдураҳмонов- донишҷӯйи факултети актёрии ГИТИС ва Бахталӣ Сабзалиев.
Дар қатори дувум: Молдабаев аз Қазоқистон, Нозукмоҳ Шомансурова, Шамуэл Муллоҷонов ва Раҳмон Раҳимов.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»