Субҳи навбаҳор

№ 31.03.2025

3Наврӯз, биё, ёри ману ёри ҳама,

Эй рӯшании чароғи бедори ҳама.

Бо оташи зардуҳушти ҳафпуштаи мо

Тағйир намо суҳбату пиндори ҳама.

 

Ин хирмани лола атри борон дорад,

Гулбоғу чаман бӯи баҳорон дорад.

Бар чеҳраи идонаи мардум нигарӣ,

Наврӯзи Аҷам дидаи хандон дорад.

 

Эй оламиён, баҳори хуррам омад,

Фасли тарабу шодии одам омад.

Бар ёлаву дашту кӯҳу саҳро нигаред,

Наврӯзи мубораку мукаррам омад.

Наврӯз, биё, ҷаҳон туро мехоҳад,

Бому дари осмон туро мехоҳад.

Ҷоне, ки ба лаб омада бо дидаи чор,

Ҳангоми равон-равон туро мехоҳад.

 

Хуршеди саҳар, ки абрро гирёнад,

Аз гиряи абр лоларо хандонад.

Чун боди сабо зи ҷониби Шарқ вазад,

Атри қадаҳи дасти варо афшонад.

 

Наврӯз баҳори орзуҳост маро,

Айёми шукуфтани таманност маро.

Ҳар ҷо ки зи лола машъале мебинӣ,

Он ҷо чамани лолаи дилҳост маро.

Ҷӯрабек МУЪМИН