Сухан андар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

 Шаҳо, ҷонат поку дилат шод бод,

Зи ту дар ҷаҳон то абад ёд бод.

 

Туро пиру барно ҳама банда бод,

Ки хасмат ба пешат сарафканда бод.

 

Замона туро парварад бегазанд,

Шавад душманат музтару мустаманд.

 

Туро бар кушоиш ҳаме роҳ бод,

Бадандеши ту дар таги чоҳ бод.

 

Дурахшон бодо маҳу ахтарат,

Ки тоҷи шаҳӣ то абад бар сарат.

 

Хушиҳои гетӣ ба коми ту бод,

Ҳама кори некӯ ба номи ту бод.

 

Ба оину таърих бубахшидӣ ҷон,

Забонро забонат биафзуд тавон.

 

Фузун бар фузун шуд ҳаме нозу нон,

Гулафшон дунёи озодагон.

 

Чароғон кишвар саросар зи барқ,

Бишуд Тоҷикистон Хуршеди Шарқ.

 

Зи ту зинда шуд Меҳргону Сада,

Ҷаҳондор Наврӯзи оташкада.

 

Ҳаме мардумат сарбаланд асту шод,

В-аз он шодӣ қалби туро шод бод.

 

Туро тахту айвон ба Кайвон расад,

Ба ҷони ту ҷон з-оби ҳайвон расад.

 

Ба корат, ки суду самар моя бод,

Туро лутфи Яздон ҳаме доя бод.

 

Хирадманд Додор, ёри ту бод,

Мададгор дар кирду кори ту бод.

 

Бизӣ дар ҷаҳон хурраму шоду хуш,

Набошад ба васфат забонҳо хамӯш.

 

Фузун бод ҳам афсару молу ҷоҳ,

Ки имрӯз хуш боду хуштар пагоҳ.

 

Зи ту некӣ монад ба олам нишон,

Чу тобанда Меҳру Маҳу ахтарон.

 

Чунон зӣ, аё шоҳи фаррухнажод,

Ба гетӣ бимонад зи ту адлу дод.

 

Манат гуфтам ин маънии обдор,

Ки мардум бихонад басе рӯзгор.

Содиқи КАШРУДӢ