Сухан аз меҳру аз вафо

№151 (3788) 21.12.2017

606013(Актёр ва режиссёри театру кино, наттоқ ва барандаи хушовоз, тарҷумон ва режиссёри дубляж, асосгузори радиотеатр дар радиои тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов 100–сола шуд)

Амри дилро қалам ба ҷо овард,

Сухан аз меҳру аз вафо овард.

Соли 1936 Ҳукумати РСС Тоҷикистон 22 нафарро барои таҳсил ба Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский (маъруф ба номи ГИТИС) фиристод. Дар байни онҳо Абдусалом Раҳимов, Шамсӣ Қиёмов, Зоҳир Дӯстматов, Бегимсултон Алифбекова, Шаҳодат Сиддиқова, Ҳалима Насибулина, Абдулло Ҷӯраев, Абдулҳамид Нурматов ва дигарон буданд.

Артисти халқии РСС Тоҷикис­тон Абдусалом Раҳимов нисбат ба дигар шарикдарсон бартарӣ нишон дода, чун актёр ва режиссёри театру кино, ровии сухандон маъруф гардид.

Номбурда 9 ноябри соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз айёми мактабхонӣ, дар кружоки ҳаваскорони санъати мактаби миёна фаъолона иштирок карда, чун барандаи консерт шеър мехонд ва дар пйесаҳои якпардагӣ ҳунари актёриашро месанҷид.

Ба бахти Абдусаломи наврас дар мактаб муаллимони беҳтарини фанни забон ва адабиёт Ҷалол Хӯҷаев, Инъом Ҳомидов, Маъсумхон ва Кулихон Осимӣ шогирдонро бо адабиёти ғании классикӣ шинос карданд. Шояд серталабии омӯзгорон буд, ки шавқу ҳавас ба шеърдонӣ ва шеърхонии шогирд рӯз то рӯз боло мерафт.

Пас аз хатми мактаби миёна ба пойтахт омада, ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Сталинобод дохил шуд. Дар омӯзишгоҳ, ки баъд ба техникум табдил ёфт, аз муаллимони ботаҷриба Қорӣ Ғафур Очилов, Абдуҳамид Пӯлодӣ — аввалин директори Институти давлатии педагогии Сталинобод, ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ, сабақ меомӯзад. Вале хатм кардани омӯзишгоҳ ба вай муяссар нашуд. Бо тамғаи маъмули он солҳо – «унсури бегона» ӯро аз омӯзишгоҳ ронданд. Гӯё падараш бой будааст, вагарна падар барои рӯзгузаронӣ гӯсфандонро харида, парвариш мекард ва мефурӯхт.

Абдусаломи ҷавон маҷбур шуд, ки аввал шогирди оҳангар, баъд қубурсоз дар «Тоҷикселпром» ва заводи шароббарорӣ меҳнат кунад.

Он солҳо ба коргарон фориғ аз меҳнат дар сеансҳои рӯзона ва шабона филмҳои нави ҳунарӣ нишон медоданд. Илова бар ин, Абдусалом дар вақтҳои холӣ ба Театри Лоҳутӣ рафта, бозии беҳамтои актёрон Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, София Тӯйбоева, Абдураҳмон Саидов ва дигаронро бошавқ тамошо карда, бештари монологи пйесаву спектаклҳоро аз ёд медонист. Агарчӣ коргари одӣ буд, аммо меҳри санъат ва санъаткор шудан аз дилаш дур намешуд.

Боре ӯ дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ эълонеро хонд, ки дар назди киностудияи «Тоҷиккино» курси актёрӣ ташкил шудааст. Абдусалом ҳамроҳи дӯсташ Қутбиддин Олимӣ –асосгузори дубляжи кинои тоҷик, ба киностудия шитофтанд. Онҳоро дар назди даромадгоҳ Лев Кулешов ва Комил Ёрматов пешвоз гирифтанд. Педагог ва режиссёри машҳури кинои советӣ он солҳо дар Тоҷикистон аз рӯи романи «Дохунда»-и С. Айнӣ филми ҳунарӣ таҳия мекард ва ҳамзамон барои тайёр кардани кадрҳои миллӣ дар соҳаи режиссура ва актёрӣ курс ташкил карда буд. Як сол аз ин устоди санъати кино нозукиҳои актёрӣ, режиссёрӣ ва нутқу ҳаракат дар назди камераро омӯхтанд.

Соли 1936 роҳбарияти Ҳукумати РСС Тоҷикистон бо маъмурияти Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский ба мувофиқа омада, дар институт нахустин Студияи тоҷикиро ташкил карданд.

Шогирдони Студияи тоҷикии ГИТИС дар аксар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ иштирок мекарданд. Онҳо бо суруду рақс ва оҳангҳои тоҷикӣ маҳфилҳои сокинони шаҳри Москва ва гирду атрофашро гарм мекарданд. Ташкилотчии он чорабиниҳо ҷавони ғайратманд Абдусалом Раҳимов буд.

Моҳи феврали соли 1937 дар Театри калони СССР бахшида ба 100 — солагии вафоти А. С. Пушкин консерт барпо гардид. Донишҷӯи Студияи тоҷикии ГИТИС Абдусалом Раҳимов дар он чорабинӣ шеъри машҳури «Кохи ёдгор»-ро бо овози бурро қироат намуд. Аҳли толор шеърхонии ҷавони музофотиро бо қарсакзаниҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.

Маъмурияти институт хониши хуб, рафтори намунавӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои фарҳангии ӯро ба назар гирифта, ба гирифтани стипендияи ба номи К. С. Станиславский сазовор донист.

Моҳи апрели соли 1941 дар шаҳри Москва Даҳаи санъати халқи тоҷик доир шуд. Абдусалом Раҳимов ҳам дар барномаҳои консертӣ ва ҳам намоишномаҳои Театри Лоҳутӣ фаъолона иштирок дошт ва ҳатто дар чанд лаҳзаи эпизодии спектаклҳо нақш офарид.

Дастпарварони тоҷики ГИТИС айёме мактаби олиро хатм намуданд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Дар Театри Лоҳутӣ нахустин актёрҳои маълумоти олидори тоҷик­ро бо самимият қабул карданд. Актёр ва актрисаҳои ҷавон асосан дар саҳнаҳои умумӣ иштирок карда, шеърҳои ватандӯс­тонаи шоирони тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва дигаронро ба ҷанговарон бо хониши ифоданок қироат мекарданд. Дар баробари ин, саҳначаҳои ба ҳифзи Ватан даъваткунанда ва барномаҳои консертӣ ташкил карда, дар назди ҷанговарони маҷруҳ баромад мекарданд. Абдусалом Раҳимов дар ҳайати гурӯҳи консертӣ дохил шуда, ба фронт сафар мекард ва ба ҷанговарон консерт нишон медоданд. Ровигии барномаи консертӣ ва хониши ифоданоки шеърҳо бар уҳдаи ӯ буд.

Артисти ҷавон тавассути овози форам ва каломи бадеӣ шеърҳои ватандӯстонаро ифоданок хонда, ба ҷанговарони тоҷик, ки дар фронтҳои ҷангӣ бар зидди истилогарони фашист мубориза мебурданд, салому пайғоми халқи шарафманди тоҷикро мерасонид.

Шеърхонӣ ва сухани буррояш, бо қироати шеърҳои ватандӯстона заррае ҳам бошад, дар ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизми Германия саҳм гузошта буд. Абдусалом бахусус шеърҳои Лоҳутӣ ва Ҳабиб Юсуфиро хеле ифоданок мехонд:

Бо лашкари сурх аст Ватан зӯру тавоно,

Вай такягаҳу қувваи халқи Ватани мо,

Номи ваю халқи Ватанам - фотеҳи дунё.

Дар мо ҳамаи халқи Ватан лашкари сурх аст,

Ҳар як писару духтару зан аскари сурх аст…

Ба мушкилоти солҳои давраи ҷангӣ ва баъдиҷангӣ нигоҳ накарда, ӯ дар зарфи даҳ сол (солҳои 1941-1950) дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ ва Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский беш аз панҷоҳ нақш офаридааст.

Ин ҷо метавон нақшҳои Гамеламури аз «Фронт»-и А. Корнейчук, мудири почта Шпекин аз «Ревизор»-и Н. В. Гогол, Аҳмад аз «Надежда Дурова»-и А. Кочетков, Ҷомӣ аз «Алишер Навоӣ»-и С. Уйғун, Ато аз «Номуси оила»-и Г. Мухторов, Мак-Хил аз «Сӯиқасди маҳкумшудагон»-и Н. Вирта, Лювиго аз «Отелло» ва Бенволио аз «Ромео ва Ҷулйета»-и У. Шекспир, вазир аз «Таҳмоси Хуҷандӣ»-и М. Қосимов ва С. Саидмуродов, Хачир аз «Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн мебошанд.

Азбаски он солҳо Театри Лоҳутӣ ва Театри Маяковский дар як бино — Хонаи деҳқон ҷойгир буданд, Абдусалом Раҳимов дар ҳар ду театр нақшҳои хотирмон офаридааст.

Чун режиссёри басаҳнагузоранда драмаву спектаклҳои «Маллоҳон аз Коттаро» (1942), «Хонаи Нодир» (1943), «Бемори маҷбурӣ» дар ҳамкорӣ бо А. Саидов (1944), «Ромео ва Ҷулйетта» (1947), «Нур дар кӯҳистон» (1947), «Отелло» (1948), «Навоӣ» дар ҳамдастӣ бо Е.И.Мителман (1948), «Саодат» дар ҳамкорӣ бо Е. И. Мителман (1949), «Аз паси фронти дувум» (1949), «Садои Америко» (1950), «Бой ва хизматгор» (1950) ва ғайраро рӯи саҳнаи Театри Лоҳутӣ ва Театри русии ба номи В. Маяковский гузоштааст.

Ӯ танҳо бо иҷро ва таҳияи драмаву спектаклҳо банд нашуда, дар чорабиниҳои расмии давлатӣ ва гузаронидани даҳаҳои адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва ва ҷумҳуриҳои бародар чун ровӣ хеле фаъолона иштирок карда, чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хеле фораму дилнишин пеш мебурд.

Абдусалом Раҳимовро метавон асосгузори радиотеатр дар Радиои Тоҷикистон ном гирифт. Ӯ чанд сол ба сифати баранда ва сармуҳаррири Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба радиошунавонӣ кор карда, чун диктори хушовози радио, муаллифи монтажҳои адабӣ – бадеӣ ва радиоспектакл­ҳо аз худ номи нек боқӣ гузоштааст.

Солҳои минбаъда ӯ баранда – конферансе (1950-1953), мудири қисми адабӣ (1953-1954) ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ба номи А. Ҷӯраев) (1954-1956) буд. Ба ҳайси барандаи консертҳо ва мудири қисми адабӣ ба матни барномаҳои консертӣ ва репертуари сарояндагон диққати ҷиддӣ медод. Камбудиҳои шеър ва сурудро ҳангоми машқҳо ислоҳ мекард. Агар ба репертуари он солҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон назар андозем, аз ҷиҳати интихоби шеъру суруд, оҳанг ва маҳорати сарояндагӣ хеле ҷолиб мебошанд.

Вохӯриву мулоқот бо бузургон ва шахсиятҳои шинохта — Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Сулаймон Юдаков, Акашариф Ҷӯраев, Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва дигарон ҷаҳонбинию афкори Абдусаломи ҷавонро хеле васеъ намуданд.

Дар баробари омӯзиши санъати халқи тоҷик таърихи пурғановати он диққаташро ба худ бештар ҷалб намуд. Аз ин рӯ, байти зеринро такрор ба такрор замзама мекард:

Дониши таърих бидон мухтасар,

К-аз ҳама ин илм бувад муътабар.

 Дар ин байн ӯ факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикис­тон ба номи В. И. Ленинро хатм намуд.

Аз соли 1956 фаъолияташ бо киностудияи «Тоҷикфилм» пайваст ва то охири умр давом кард. Бо ифтихор ва эҳсосот аввалин нақши иҷрокардаашро ба хотир меовард:

- Бахшида ба даҳсолагии республикаамон тайёрӣ медидем. Соли 1939 буд. Ман донишҷӯи курси сеюми ГИТИС будам ва аз рӯи одат таътили тобистонаро дар киностудияи «Тоҷикфилм» мегузаронидам. Гоҳ маъмури киностудия, муҳаррири сектори хроника ва ассистенти режиссёри киностудияи «Тоҷикфилм» кор мекардам. Ҳамон солҳо вазифаи муҳаррири киностудияро бар уҳда доштам. Ҳайати эҷодии «Тоҷикфилм» ният карданд, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ бо режиссёр ва оператор М. Базов филми ҳуҷҷатии «Диёри офтоб»- ро омода кунанд. Ба ин кор беҳтарин операторон И. Барамиқов, Ф. Эшонов, Л. Сазонов, Б. Синеоков, В. Шевченко ва оҳангсоз С. Баласанян ҷалб шуданд. Барои филм мӯйсафед лозим шуд, ки бо қиссаҳояш саҳнаҳои филм­ро ба ҳам пайвандад. Дар сенарияи филм омада буд, ки чӯпони куҳансол дар соҳили дарёи Варзоб най менавозад. Баъди андаке вақт ва қиссапардозӣ оғоз мекунад. Ҳамин тавр, филми ҳуҷҷатӣ оғоз меёбад…

Нақши мӯйсафеди қиссагӯйро дар он филми ҳуҷҷатӣ актёри ҷавон, донишҷӯи курси сеюми Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский Абдусалом Раҳимов иҷро карда буд. Бо ҳамин нақши лаҳзавӣ фаъолияти минбаъдааш дар кинои тоҷик оғоз ёфт. Минбаъд, ҳамкорияшро давом дода, нақши вакили тоҷикон Қурбон Саидов аз филми ҳунарии «Ҳалокати амирон»- и режиссёр Латиф Файзиев (1955), академик аз филми ҳунарии «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), Муродӣ аз «Қисмати шоир» (1959), «Насриддин дар Хуҷанд» (1959), Аҳмадхон аз «Амалиёти «Кобра» (1960), ректори институт аз «Зумрад» (1961), котиби райком аз «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1963), қозӣ аз «Марги судхӯр» (1966), Гиждеҳам аз «Рустам ва Сӯҳроб» (1972), Турсунбой аз «Имрӯз ва ҳамарӯз» (1982), Бобониёз аз «Манзилатон обод бод» (1981) ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Тамошобинон ба нақши домулло аз филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг»-и режиссёр Т. Собиров, таваҷҷуҳи зиёд доранд. Саҳнаи вохӯрии домулло (А. Раҳимов) бо саркардаи босмачиҳо Насимбек (Т. Собиров) хеле хотирмон аст. Домулло таънаву нафраташро нисбат ба қурбошӣ баён мекунад ва дар ниҳоят хокро бо пояш ба сару рӯйи Насимбек пошида, нафраташро нишон медиҳад.

Аз нақшҳои иҷрокардааш дар кинои тоҷик нақши лаҳзавӣ, вале барои тамошобин хеле азиз нақши ректори Институти педагогӣ аз филми ҳунарии «Зумрад» (соли 1962) мебошад. Ректори институт донишҷӯи деҳотӣ Зумради сода ва фиребхӯрдаро насиҳат карда, барои таҳсили минбаъда ба шуъбаи ғоибона мегузаронад. Ректор марди ҳалим, хайрхоҳ ва ниҳоят меҳрубон аст. Намегузорад, ки ғаму андуҳи Зумрад зиёд шавад. Агар касе Абдусалом Раҳимовро надида бошад, ӯ дар зиндагӣ чунин шахс буд.

Абдусалом Раҳимов дар кинои тоҷик асосан дар нақшҳои эпизодӣ бозӣ кардааст ва метавон бобати он нақшҳои кӯчак соатҳо ҳарф зад. Яке аз дигараш хубтару беҳтар аст. Дар таърихи кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик ҳастанд актёроне, ки нақшҳои марказиро офаридаанд, аммо бо мурури солҳо фаромӯш мешаванд.

Ниҳоят, соли 1961 таҳияи сенарияи филми ҳунарии «Зумрад»-ро муаллифони сенария М. Рабиев, А. Петровский, дар ҳамдастӣ бо А. Давидсон) ба Абдусалом Раҳимов месупоранд. Мавзӯи филм — симои зани советӣ, нахустин маротиба ба навор гирифта мешуд. Барои иҷрои нақши Шариф шарикдарси Зумрад Маҳмудҷон Воҳидов даъват шуд. Соли 1956 ба ҳайси режиссёри конкурс — азназаргузаронии ҳаваскорони санъати Тоҷикистон ӯ Маҳмудҷон Воҳидовро, ки дар ҳайати санъаткорони ноҳия чун ровӣ шеър мехонд, кашф намуд ва роҳнамоӣ кард. Дар кино низ аввалин шуда, Маҳмуд­ҷони ҷавонро бо нақши Шариф дар филми «Зумрад» муаррифӣ кард.

Ҳамчунин, дар филми ҳунарии «Зумрад» чанд актёри ҷавон — қабардиндухтар Тамара Кокова барои нақши Зумрад, Сталина Азаматова — Гулчин, Яъқуб Ахмедов — муаллими институт Қодиров, Т. Эшонхоҷаев – Ҷалил даъват шуда буданд. Нақши модари Зумрадро Артисти халқии СССР Туҳфа Фозилова олӣ офарид.

Духтарони он айём ба мӯйбофӣ, либоспӯшӣ ва тоқии чоргули ироқии Зумрад пайравӣ мекарданд. Тифлони навзод номи Зумрадро гирифтанд. Филми ҳунарии «Зумрад» аз тарафи тамошобинон ва мунаққидони кино баҳои баланд гирифт.

Соли 1963 дар аввалин Кинофестивали Осиёи Миёна ва Қазоқистон сазовори Дипломи дараҷаи якум барои «Беҳтарин филми бадеӣ» гардид. Як сол пас ба Кинофестивали байналхалқии Франкуфурти лаби Майн (1964) даъват шуда, бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ шуд.

Иҷрокунандаи нақши Зумрад Артисткаи хизматнишондодаи РСФСР Тамара Кокова дар яке аз мусоҳибаҳояш изҳор намудаст, ки: «Агарчӣ зодаи Шарқ бошам ҳам, Шарқро ба маънои томаш намедонистам. Вале бахт ба рӯям хандид. Ман бо Туҳфа Фозилова шинос шудам ва аз ин актрисаи машҳур нозукиҳои касб ва урфу одату анъанаҳои мардуми тоҷикро омӯхтам. Маҳз бо мадади Туҳфа — апа саҳнаҳои аҷиб ва боварибахши филм эҷод шуданд».

Баъди ин комёбиҳои Ҳукумати РСС Тоҷикистон ба режиссёри филм Абдусалом Раҳимов унвони фахрии Артисти халқии РСС Тоҷикистонро сазовор донист. Ин қадрдониҳо устод Раҳимовро хеле рӯҳбаланд кард ва ба эҷоди филмҳои нави бадеӣ ҳидоят намуд.

Аз ин пас бо кӯшишу заҳматҳои устод филмҳои ҳунарии «12 соати ҳаёт» (1963), «Хокистари сӯзон» (1967), «Ситорае дар тирашаб» (1972), «Дар ағба напаронед» (1983), «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷангҳои тӯлонӣ» (1975) таҳия шуданд.

Соли 1972 сенариянависон Р. Ҳодизода ва В. Максименков дар бораи Аҳмади Дониш таҳти унвони «Ситорае дар тирашаб» киноповест навиштанд. Абдусалом Раҳимов сенарияро писандид ва дар ҳамкорӣ бо режиссёр И. Усов пайи таҳияи он шуд. Барои Маҳмудҷон Воҳидов имконият фароҳам омад, ки нақши мутафаккир, шоир ва маорифпарвари тоҷик Аҳмад Махдуми Донишро дар чодари кино таҷассум намояд.

Дониши офаридаи М. Воҳидов шахси дурандеш, ботамкин, ростгӯй ва шахси бовиқорест. Дар муколама бо амир Музаффар хеле озод ва нотарсу ошкоргӯй аст. Баъди сафари Санкт-Петербург ва тамошои театри рус афкори Дониш дигар мешавад. Аз ин хусус ва боз чанд бедодгарии Қиличбек (Г. Завқибеков) амирро огоҳ мекунад, аммо афсӯс…

Махсусан, сурудхонии ҳунарпешаи маъруфи франсуз Аделина Патти (ин нақшро Галина Вишневская бозӣ кардааст) ӯро ба ҳаяҷон овард. Он лаҳзаҳои филм аз ҷониби Маҳмудҷон Воҳидов хеле хотирмон офарида шудаанд.

Филми ҳунарии «Ситорае дар тирашаб» соли 1972 дар Кинофестивали умумииттифоқии Алмаато ҷоиза «Барои беҳтарин нақши мардона» ва як сол баъд дар Кинофестивали байналхалқии мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ, ки дар шаҳри Тошканд доир гашт, сазовори диплом гардид.

Ба сифати режиссёри дубляж А. Раҳимов зиёда аз 150 филми бадеиро аз русӣ ба тоҷикӣ дубляж кардааст. Онҳо «Экспресси транссибирӣ», «Қасам», «Ҷиноят ва ҷазо», «Баҳор дар кӯчаи Заречная», «Шаби карнавал», «Кори Румянсев», «Дони ором», «Субҳи Ганг» ва дигарҳо мебошанд. Овози форамаш дар беш аз 100 филми бадеӣ, ба монанди «Давраи бузурги гузариш», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Масъалаи русӣ», «Вохӯрӣ дар Элба», «Достони марди ҳақиқӣ», «Миссияи махфӣ», «Садко», «Ревизор», «Патрули шабона» садо додаанд.

Ин марди фарҳангсолор бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат» (1949), «Нишони фахрӣ» (1957), «Дӯстии халқҳо» (1977), медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1945), панҷ Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва нишони Аълочии кинематографияи СССР шарафёб гардидааст.

5 январи соли 1999 қалби саршор аз муҳаббат ба Ватани Абдусалом Раҳимов дар синни 82 аз задан бозмонд.

Абдусалом Раҳимов умри пурбаракат гузаронида, бо ҳамсараш Иқтисодчии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Раъно Раҳимова фарзандони сазоворро ба воя расониданд. Наберагону абераҳояш имрӯзҳо номбардори сулолаи Раҳимовҳо мебошанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»