Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад…

Сухан аз меҳру аз вафо овард…

№67 (4173) 06.06.2020

китобРӯзгору фаъолияти собиқ корманди рӯзномаи «Садои мардум», Корманди шоистаи Тоҷикистон Бахтёри Муртазо барои рӯзноманигорон ва нависандагони ҷавон намунаи ибрат мебошад.

Ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ  очерку мақола  ва сафарномаҳои ӯ – «Ситораҳои фурӯзон» (дар бораи фарзандони Тоҷикистон дар БАМ), «Калиди ганҷи Сибир», «Чинор дар Солони» (дар бораи корҳои наҷиби тоҷикписарон дар сохтмони шоҳроҳи Байкалу Амур), «Дар он ҷое ки Солони равон аст»,  «Дар шоҳроҳи Ватан» (саҳми ҷавонони тоҷик дар сохтмони бузурги БАМ) ва ғайраҳоро мутолиа кардам. Очерки он солҳо машҳури «Муҳориба бо оташ»,  ки ба корнамоии тракторчӣ Талбак Лолаев аз ноҳияи Данғара бахшида шудааст, маҳбубияти зиёд пайдо кард. Орзу доштам, ки муаллиф Бахтёр Муртазоевро аз наздик бинам. На танҳо дидам, балки ҳамкору ҳамнишин шудам.

Моҳи ноябри соли 1990 барои кор аз рӯзномаи «Паёми Душанбе» ба рӯзномаи навтаъсиси «Садои мардум» даъват шудам. Идораи он дар ошёнаи дуюми бинои Шӯрои Олӣ (ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷойгир буд. Дар ҳуҷраи начандон калон муовинони сармуҳаррир М. Мирбобоев, Д. Раҷабӣ, котиби масъул Ш. Ҳамдампур ва дигарон суҳбат мекарданд. Чанд лаҳза пас ҷавонмарди озодапӯши ҷингиламӯй даромад. Додоҷон Раҷабӣ ӯро шинос кард: мудири шуъбаи сиёсӣ ва ҳуқуқ Бахтёри Муртазо.

Баъди якуним соли кор  дар рӯзнома Бахтёри Муртазо иҷрокунандаи вазифаи муовини сармуҳаррир таъин шуд. Ба мо, рӯзноманигорони ҷавон имконият фароҳам омад, ки бо ӯ аз наздик шиносу аз суҳбатҳояш баҳравар шавем.

Айёми донишҷӯӣ, нахус­тин шеър ва мақолаҳо, навбатдории аввалин дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикис­тон», сафари корӣ  ба сохтмони шоҳроҳи аср – БАМ, тарҷумонии повестҳои Чингиз Айтматов, вохӯрӣ бо аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Юрий Алексеевич Гагарин, хизмати Модар-Ватан, иҷрои қарзи интернатсионалӣ дар Афғонистон, кор дар рӯзномаи навтаъсиси «Маданияти Тоҷикистон», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва сармуҳарририи рӯзномаи «Минбари халқ», ки ҳоло адади нашраш аз 64 ҳазор зиёдтар аст, мавзӯи суҳбате буданд, ки чанде пеш бо вай доштам. Чаҳор лаҳзаро аз ҳаёташ интихоб кардем, ки барои хонандагони рӯзнома ҷолиб  хоҳанд буд.

 ПАРВОЗИ НАХУСТИН «БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ»

Ҳангоми таҳсил дар факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) Бахтёри Муртазо яке аз мухбирони фаъоли  рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» ба ҳисоб мерафт. Дар ҳар шумора хабар, мақола ё шеърҳояш чоп мешуданд. Фаъолияти тарҷумонӣ ва ҳамкориаш бо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» аз солҳои донишҷӯӣ оғоз ёфт. Мақола, мусоҳиба, очерк ва хабарҳои Агентии навигариҳои матбуот – АПН-ро фаврӣ  тарҷума мекард.

Он айёми барояш хушро ба хотир оварда, гуфт:

- Мо-донишҷӯён дар бинои мактаби миёнаи №65-и ноҳияи Роҳи оҳан  (ҳоло Шоҳмансур, воқеъ дар шафати поёнии бозори пештараи «Зелёный») таҳсил мекардему хобгоҳамон  дар корпуси 6-уми донишгоҳ, собиқ факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ буд. Саҳарии 12 апрели соли 1961 овози мутантани  Юрий Левитан аз парвози Юрий Гагарин ба кайҳон иттилоъ дод. Ману Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев қарор додем, ки шумораи навбатии «Ба қуллаҳои дониш»-ро пурра ба ин воқеа мебахшем. Аз дарс ҷавоб гирифтему пайи ҷамъ кардани мақола шудем. Аз номи муаллимон, донишҷӯён, профессорон  ва дигарон мақола навиштем. Азбаски Мазҳабшоҳ шеърнависии маро медонист, хоҳиш кард, ки шеър низ нависам. Таҳти унвони «Даври нав оғоз шуд», ба Ю. А. Гагарин шеър бахшидам, ки бо ин байтҳо оғоз ёфт:

Кошифи асрори қалби коинот,

Ин саҳар аз мулки мо парвоз кард.

Ғулғулафкан шуд дар олам ин нидо,

К-ӯ ба гардун  даври нав оғоз кард…

 Хулоса, то соати 3-и шаб шумораро тайёр ва дар Хонаи матбуот чоп карда, ба факултет овардем. Хонандаи аввалин посбон буд. Барои чопи таъҷилӣ аз раёсати донишгоҳ ба мо «Ташаккур»  баён карданд. Аз идораи рӯзнома 70 сӯм ҳаққи қалам гирифтем ва тақсим кардем.

 МУЛОҚОТИ КӮТОҲ, ВАЛЕ ХОТИРМОН БО ГАГАРИН

Баъд аз 6 сол ба мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Бахтёри Муртазо муяссар шуд, ки бо Юрий Гагарин вохӯрда, чанд дақиқа суҳбат кунад.

Соли 1967 дар Иттифоқи Советӣ 35-солагии шаҳри Комсомолскии назди Амурро ҷашн гирифтанд. Аз ҷумҳуриҳои бародар мухбирони радио, телевизион ва рӯзномаҳо даъват шуданд. Намояндагони Тоҷикистон чор нафар аз шаҳри Норак, духтар – бофанда аз Комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе ва рӯзноманигор Бахтёри Муртазо ҷиҳати иштирок ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ  рафтанд.

- Дар яке аз маҳфилҳо Юрий Гагарин омад ва бо иштирокчиён мулоқот дошт. Ҳангоми аз сифон бо стакон об хӯрдан бинам, ки Гагарин ҳам об хӯрданист. Стаканро пур карда, ба ӯ дароз ва ба нишастан таклиф кардам.

- Юрий Алексеевич, ман намояндаи Тоҷикис­тон – ходими газетаи комсомолӣ. Шумо ба ҳамаи ҷумҳуриҳо сафар кардаед, вале ба Тоҷикистон не. Мардуми тоҷик, махсусан ҷавонон, муштоқи дидори шумо ҳастанд.

Гагарин бисёр фикр накарда гуфт:

- Ҳатман ба Тоҷикистон меоям. Ман шунидам, ки мавзеи хубе барои лижаронӣ – Сафеддара доред?

- Бале, дорем.

Ҳайрон шудам, ки Гагарин Сафеддараро аз кӣ шунида бошад? Ӯ лижарониро хеле дӯст медошт.

- Имсол ният дорам, ки ба Академияи ҳарбӣ ҳуҷҷат  супорида, пас аз гузаш­тани имтиҳонҳо ҳатман ба кишвари шумо оям, — гуфт Гагарин бо табассуми ба худ хос.

Тадриҷан ҷавонони зиёде гирди мо ҷамъ шуданду дигар фурсати суҳбат намонд. Аз кайҳоннавард хоҳиш кардам, ки дар дафтарчаам соядаст гузорад. Хоҳиши маро ба ҷо овард ва имзояшро гузошт. Хостам ҳамроҳаш барои хотира сурат гирам, аммо ҳама ӯро иҳота карда, савол медоданд. Фақат имкон шуд, ки сурати якҷоя – коллективӣ гирем, ки барои ман хеле азиз аст.

- Бо сафари хизматӣ дар шаҳри Кӯлоб қарор доштам, ки ҳалокати фоҷиавии Юрий Алексеевич Гагаринро 27 марти соли 1968 аз тариқи радио эълон карданд. Аз ин хабари шум хеле ғамгин шудам, — он лаҳзаҳоро ба хотир овард устод.

 БЕҲТАРИН ДАВРАИ ЭҶОДӢ

3 марти соли 1963 донишҷӯи курси панҷуми Университети давлатии Тоҷикистон Бахтёри Муртазоро муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Мутеъулло  Наҷмиддинов дар ним баст бо маоши 35 сӯм, ба кор гирифт. Як сол ходими рӯзнома кор кард. Нурмуҳаммад Табаровро котиби масъули рӯзнома  таъин карданду ӯро мудири шуъбаи мактабҳои рӯзнома. Дар ин вазифаи он замон хеле масъулиятнок як сол босамар кор карду ба хизмати Ватан рафт. Ҳафт моҳ дар шаҳри Ленинград ва панҷ моҳ дар вилояти Иркутск хизмати ҳарбиро ба ҷо овард. Ҳангоми  хизмат алоқааш бо идораи рӯзнома канда нашуд. Баръакс, ҳар моҳ аз қисми ҳарбӣ  як ё ду  мақола мефиристод.

- Охири соли 1964 аз командири қисми ҳарбӣ 3 рӯз рухсатӣ гирифта, барои омӯхтани кӯли Байкал рафтам. Осорхона ва Институти кӯлшиносии Иркутскро дидам. Кӯли Байкалро бо қаиқ тамошо кардам. Аз ин сафари серӯза таҳти унвони «Сафинаи Байкал» очерк навишта, ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фиристодам. Он дар панҷ шумора чоп шуд. Ҳамкорон аз рӯзнома шӯхӣ мекарданд, ки Бахтёр ба командировкаи эҷодӣ рафтааст,  — нақл кард устод.

Қаҳрамони матлаб дар идораи рӯзнома 14 сол кор карда, аз ходими адабӣ то мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир ва муҳаррир расид. Солҳое, ки масъулияти роҳбарии ин рӯзнома бар уҳдааш буд, теъдоди нашри он аз 80 ҳазор ба 140 ҳазор нусха расид. Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки «Комсомоли Тоҷикистон» на танҳо нашрияи  дӯстдоштаи  ҷавонон, балки бисёре аз сокинони кишвар ба ҳисоб мерафт.

 ШАШ СОЛ БО «САДОИ МАРДУМ»

Фаъолияти пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки беҳтарин очерку қисса, мақолаву гузоришҳои ҷолиб эҷод кунад. Чун тарҷумони  боистеъдод ва нуктасанҷ повестҳои нависандаи оламшумул  Чингиз Айтматов – «Роҳи каҳкашон», «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, «Садбарги заррин»-и К. Паустовский, «Амок»-и Стефан Свейч ва дигаронро тарҷума кард.

Сермаҳсулӣ, қалами бурро буд, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳи Шерализода ӯро ба кор даъват кард. Солҳои 1990-1992 Бахтёри Муртазо мудири шуъбаи сиёсӣ ва ҳуқуқ, 1992-1996 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» буд.

Рӯзҳои аввали корӣ борҳо аз маслиҳат ва дастгириҳои беғаразонааш бархӯрдор будам. Ӯ хислати хубе дошт: мақолаҳои ходимони ҷавони рӯзномаро хонда, беғаразона таҳлил мекард. Агар сарлавҳаашро дигар карданӣ шавад, муаллифро даъват карда, сабаби ивазшавии онро мефаҳмонд. Сабку услуби навишти муаллифонро нигоҳ медошт. Кӯшиш мекард, ки мақолаҳоро бозпас нагардонад. Вале агар мақола суст бошад, «раҳм» намекард.

Бо тақозои замон солҳои 1993 -1995 мухбири махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар ВМКБ будам. Вай ҳамчун муовини сармуҳаррир кори мухбирони музофотиро назорат мекард. Вақте аз шаҳри Хоруғ занг зада, хоҳиши дар вилоят кор карданамро баён намудам, дастгирӣ кард. Баъди танаффуси тӯлонӣ чопи аввалин мақолаамро дар хотир дорам. «Бале, дар Бадахшон телефон ҳаст» (Вале на ҳама қудрати пардохти хизмати алоқаро доранд). Ин мусоҳибаам 26 майи соли 1993 чоп шуда буд. Сарлавҳаашро устод дигар кард, ки он хеле чашмрас баромад. Мусоҳиба каме таҳрир ҳам шуд. Ҳар замон занг зада, аз аҳволам мепурсид ё ягон супориш медод.

Маҳз бо ҳидояти устод дар он рӯзҳои барои ҷумҳурӣ вазнин беҳтарин мақолаҳои проблемавиро чоп кардаам.

Вақте моҳи январи соли 1995 нияти бозгашт ба шаҳри Душанберо доштам, супориш доданд, ки бо раиси нав таъиншудаи ВМКБ Алимамад Ниёзмамадов мусоҳиб шавам. Азбаски барои мусоҳиба ягон замина вуҷуд надошт, то моҳи март интизор шудам. Аввалин мусоҳибаи раиси ВМКБ А. Ниёзмамадов  таҳти унвони «Дар ҳама кор такя ба халқ бояд кард» 3 марти соли 1995 чоп шуд.

 С. ШОҲЗОДА: «БАХТЁР ҶОНИ ОДАМ АСТ»

Аз фаъолият ҳамчун мухбири махсус дар шаҳри Хоруғ ва он рӯзҳои мушкил хотираҳои зиёд дорам, ки зикри якеашро зарур медонам. Қароргоҳи мухбирони махсуси «Садои мардум» ва ТоҷикТа (ҳоло АМИТ «Ховар») дар ошёнаи дуюми бинои нави ҳукумати ВМКБ ҷой дошт. Азбас­ки телефони хизматӣ фаъол буд ва навбатдорони  шуъбаи алоқа дархос­тро ба зудӣ иҷро мекарданд, аксари дӯстону ҳампешаҳо аз он ба шаҳри Душанбе, ба ҷойи кор ё ҳамкорон занг мезаданд. Ман ва ҳампешаам  Саъдоншо Нафасшоев ҳеҷ гоҳ монеа намешудем.

Боре шоир ва рӯзноманигори шинохта Султон Шоҳзода ба коргоҳ даромада, шеърҳояшро нишон дод.

- Шеърҳои нав эҷод кардам. 1 апрели соли 1993 50-сола шудам, вале зодрӯзам дер ба хотир омад. Имконият нашуд, ки ин шеърҳоро бахшида ба зодрӯзам дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп кунам. Шояд дер шуда бошад? — пурсид Султон.

- Ҳеҷ гап не, акаи Султон, дер ҳам бошад, чоп кардан лозим. Хонандагон  интизори шеърҳои нави шумо ҳастанд. Бигузор донанд, ки Султон Шоҳзода сиҳату саломат ҳаст, — гуфтам дар ҷавоб.

Пас гӯшаки телефонро ба Султон Шоҳзода дароз кардам. Дафтарчаи қайдҳояшро кофта, ба чанд рақам занг зад. Мутаассифона, касе гӯшаки телефонро набардошт. Шоир каме маҳзун шуд.

- Боз ба кӣ  занг занам? — пурсид ӯ.

- Ба идораи рӯзномаи мо занг занед.

- Дӯстам Бахтёр дар он ҷо кор мекунад. Канӣ рақамҳояшро навис, — ба завқ омад шоир.

Баъди чанд садои кӯтоҳ устод ҷавоб дод. Зиёда аз ним соат  суҳбат карданд. Ҳеҷ гоҳ шоир Султон Шоҳзодаро ончунин хушҳол ва хушбахт надида будам.

- Доим мегуфтам, ки Бахтёр ҷони ман аст. Ӯро ҳанӯз аз давраи ҷавонӣ, хизмат дар Афғонистон мешиносам. Дӯстиро қадр мекунад. Хоҳиш кард, ки шеърҳоямро тезтар фиристам, ҳатман чоп мекунад…

Дере нагузашта ду шеъри Султон Шоҳзода – «Дуои дил» ва «Тути марворид» бо сарсухан дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуданд.

Соли 1996 рӯзномаи нав – «Минбари халқ» (нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон) таъсис ёфт. Бахтёри Муртазо нахустин сармуҳаррири он таъин шуду панҷ сол фаъолият кард.

Ҳоло нафақахӯр бошад ҳам, ба эҷоди очерку мақолаҳо ва асарҳои нави бадеӣ машғул аст. Ҳамчун собиқадори матбуот зуд-зуд бо ҷавонони эҷодкор вохӯрда, маслиҳату машварат медиҳад. Хизматҳои арзандааш дар инкишофи адабиёт, журналистика ва тарбияи шогирдон бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Сад­риддин Айнӣ, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҳашт медал ва ордени «Ситораи сурх» қадрдонӣ шудааст.

Аз забони шоир самимият ва ҳурмату ихлосамро нисбат ба устод мехоҳам чунин баён намоям:

Амри дилро қалам ба ҷо овард,

Сухан аз меҳру аз вафо овард.

Ҳурмат аз меҳнати ҳалол  бувад,

Меҳнат эъҷози безавол бувад.

 

Тиллои НЕКҚАДАМ,  «Садои мардум»