Суханҳои айнист хуштар зи ҷон

№ 18.04.2023

Дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва осори ӯ олимону адибони зиёде асарҳои илмӣ навиштаанд. Таваҷҷуҳи шуморо ба шеъри Садри Зиё ҷалб месозем, ки ба устод Айнӣ бахшидааст.

Зикри фозил

Яке аз наҷибони равшанравон,

Ки дорад Ватан хиттаи Ғиждувон.

Ба фазлу ҳунар шуҳраи хосу ом,

Лақаб Айниву Садриддинхоҷа ном.

Зи рафъат, вале Айнии хушбаён,

Чу шамъ аст урёну равшанравон.

Ба назму наср сухандовар аст,

Зи насраш, вале назми ӯ хуштар аст.

Ғазалҳои ширини ӯ дилнишин,

Сазад, гар ба табъаш кунӣ офарин.

Ба тарзи наве чун сухангустар аст,

Зи ақрони худ дар сухан бартар аст.

Агар бингарӣ сар ба сар шеъри ӯ,

Зи мазмуни пешин набинӣ дар ӯ.

Вафокеш мардум бидидам басе,

Чу Айниву Мунзим надидам касе.

Бинозам ба гетӣ ба-дон ду нафар,

Ки мурғи диламро чу боланду пар.

Суханҳои Айнист хуштар зи ҷон,

Агар боварат не, биёву бихон.