Чордаҳуми апрел зодрӯзи аввалин сармуҳаррири рӯзнома Муродулло Шерализода аст. Нафаре, ки яке аввалин қурбониҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Шахсе, ки бо куштани ӯ нотавонбинони наҳзатӣ аз зуҳурашон ҳамчун неруи аҳриманӣ «мужда» доданд.
Ба истилоҳ, «рамзӣ» буд, ки душманони ростиву ҳақиқат маҳз сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҳадафи тир қарор доданд. Зеро ӯ журналисти ҳирфаӣ буду худшиносиву меҳанпарастиро сармашқи фаъолият қарор дода, матолиби иншонамудааш аз арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ таркиб ёфтаанд.
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки М. Шерализода дар шумораи нахустини рӯзнома ба хонандагон муроҷиат карда, навишта буд: «Садои мардум» минбари халқ ва барои халқ аст. Дар саҳифаҳои он барои чапгароию ростгароӣ, моҷароҷӯию фитнаангезӣ, хусумату ниқоргирӣ ва таҳрифи ҳақиқат ҷой нахоҳад буд. Агар идораи рӯзнома яке аз додрасҳо бошад, пас «Садои мардум» ба хотири табдил ёфтан ба додгоҳи воқеии шумо устуворона пайкор хоҳад кард…».
Агар умр вафо мекард, ӯ ба синни 76 мерасид.
Ба ғайр аз қатли Шерализода, боз даҳҳо далел дар мавриди қотили журналистон ва душмани озодии сухан будани наҳзатиҳо мавҷуд аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявиро, ки озодии сухан рукне аз он аст, чашми дидан надоранд.
Дар баъзе маврид, хоса дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва дигар «фурсат»-и «муносиб» тақвияту тавсеаи равобиташон бо журналистон моҳиятан «хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон» ба ҳисоб меравад.
Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ӯ марде буд, ки тамоми ҳаёти худро барои муттаҳидию якпорчагии ҷумҳурӣ, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон сарф мекард».
Бино ба тавсифи онҳое, ки шарафи ҳамкорӣ бо ин қаламкаш насибашон гаштааст, «дар кӯтоҳтарин муддат тавонист лаёқатмандтарин рӯзноманигоронро гирдаш ҷамъ орад». Дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани рисолат меъёру меҳвари зиндагии номбурда маҳсуб шуда, дар ҳар муассисаю созмоне, ки хизмат намуд, соҳиби обрӯ ва мартабаи баланд гардид.
Аз ин хотир, ӯ дар лавҳи хотири аҳли ҷомеа ҳамчун як инсони поквиҷдон, серғайрат ва бошараф боқӣ мондааст. Хотироти ҳамкорон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳамчун роҳбар шахси кордону варзида будааст.
Бо некӣ ёдовар мешаванд, ки «услуби роҳбарии устод Шерализода мабнӣ ба ширинзабонӣ, на танҳо дар муоширати самимӣ бо ҳамкорону муроҷиин зоҳир мегардид, балки фазилати забондонии эшон шеваи корбарии «Садои мардум»-ро зебу тақвият мебахшид».
Қаҳрамони матлаб нафаронеро ба кор ҷалб карда буд, ки ҳоло аз зумраи соҳибмактабон ва номбардорони журналистикаи тоҷиканд. Чунин поягузории ӯ замина фароҳам овард, ки минбаъд «Садои мардум» ба мактаби омодасозии кадрҳои соҳаи журналистика ва дигар сохторҳо табдил ёбад.
Даҳҳо нафар аз ин боргоҳи муқаддас ба қуллаҳои баланд расидаанд. Аксар сармуҳаррирону масъулини собиқ ва кунунии рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои мамлакат замоне корманди «Садои мардум» буданд. Ҳоло роҳеро, ки аввалин сармуҳаррир пеш гирифта буд, кормандони рӯзнома идома дода истодаанд.
Зиндагиномаи Муродулло Шерализода барои онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, намунаи ибрат буда, моҳиятан ҳушдор аст, ки ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешӣ, расанд.
Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя шавад.
Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки дар марҳилаи кунунӣ саҳмгузорӣ баҳри таҳкими сулҳу субот, пойдории амният ва ваҳдати миллӣ бояд ҳадафи асосӣ бошад. Роҳе, ки то охирин нафас Муродулло Шерализода ба он устувор монд…
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»