Ба пиндори камина рӯзноманигори шинохта Мирзомаҳмуд Мирбобозода, шахсияте, ки соли 1992 дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири нашрияи парлумонии «Садои мардум» таъин гардида буд, ба муаррифӣ ниёз надорад.
Рӯзноманигори шинохта, корманди собиқадори нашрияи «Садои мардум» Тиллои Некқадам дар мақола зери сарлавҳаи «Раҳи иқбол аз иҷлоси он шуд боз…» дар нашрияи мазкур таҳти рақами №139-142 (4559-4562) аз 14-уми ноябри соли 2022 чунин навиштааст: «Аз Дастгоҳи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш шуд, ки хабарнигорони рӯзномаи «Садои мардум» барои инъикоси кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба шаҳри Хуҷанд раванд. Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзнома Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва хабарнигори рӯзнома Мардони Муҳаммад ба сафари хизматӣ ба шаҳри Хуҷанд фиристонида шуданд. Дар шаҳри Хуҷанд ба онҳо хабарнигори рӯзнома Абдуғаффор Қурбонов, хабарнигорони минтақавии рӯзнома дар вилояти Ленинобод Солеҳи Зарифзод ва хабарнигори рӯзнома дар вилояти Кӯлоб Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамроҳ шуданд…
Хабарнигорони парлумонии рӯзнома шурӯъ аз 18-уми ноябри соли 1992 то 15-уми декабри соли 1992 дар бораи ҷараёни иҷлосия иттилоия, хабар, муроҷиатномаҳо, қарорҳои нав қабулшуда ва гузориши фишурдаро чоп карда, инчунин баромаду гузоришҳои вакилони халқро сабт карда, фишурдаи онро дар коғаз навишта, аз тариқи телетайпи АМИТ «Ховар» ва тавассути телефон ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» мефиристоданд. Албатта, ин кори вазнин ва заҳматталаб буд, вале хабарнигорон масъулияти дар наздашон гузоштаро хуб дарк намуда, софдилона меҳнат мекарданд».
Шиносоии ғоибонаи мо бо устод Мирзомаҳмуд Мирбобозода солҳои 80-уми асри гузашта, ҳангоми мухбири калон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи бонуфузи «Тоҷикистони советӣ» буданаш ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳам деҳаи Артуч ба нигоштаҳои М. Мирбобоев зуд-зуд дучор меомадаму ҳаваси мисли ӯ рӯзноманигор шуданро дар замирам мепарваридам.
Азбаски падарам Ҷӯрабой Кенҷаев ҳамсинф ва рафиқи наздики нахустсардабири нашрияи парлумонии «Садои мардум», рӯзноманигори зиндаёд Муродуллоҳи Шерализода буданд, гуфтанд, ки Мирзомаҳмуд Мирбобоев хеши наздики нависандаи маъруфи тоҷик, устоди сухан Сотим Улуғзода буда, солҳои зиёд ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон фаъолият дошт.
Он солҳо рӯзноманигори шинохта Мирзомаҳмуд Мирбобоев бисёр шуҳратёр буданд, алалхусус дар миёни рӯзноманигорони ватанию бурунмарзӣ.
Қаламкашони маъруфу шинохта ҳамчун мухбирони махсуси назди сардабир, мухбири калон ва инчунин ба ҳайси мудири шуъба аз паси мактубҳои бешумори хонандагон ба шаҳру ноҳияҳо ба сафарҳои хидматӣ баромада, дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳру ноҳияҳо паси ислоҳу бартараф намудани камбудиҳо мешуданд.
Шиносоии наздики мо бо қаҳрамони матлаб тавассути устоди азиз Ибод Файзуллоев ба вуқӯъ пайваст.
Бо номбурда моҳи марти соли 1998, замоне ки устод иловатан вазифаи сармуҳарририи нашрияи навтаъсиси «Ҳаёти деҳот»-у маҷаллаи «Фермер»-и Ассосиатсияҳои миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, ҳамкорӣ кардам.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки шиносоии навбатӣ батадриҷ ба дӯстии мустаҳкам, устодиву шогирдӣ ва рафтуомади хонаводагӣ мубаддал шуд. Пеш аз ҳама, одаму одамгарӣ, хоксориву фурӯтанӣ, одоби баланди муошират, меҳру самимият, панду насиҳати падарона, маслиҳатҳои судманд, ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ ва якрӯягиву рӯирост ва беибо сухан гуфтанашон писанду дар хотирам хуб нақш бастаанд, ки ҳамеша онро сармашқ ва роҳнамои кору фаъолият меҳисобам, зеро ин гуна хислатҳои хосу накуи устоди гиромӣ Мирзомаҳмуд Мирбобозода садоқат ба рафоқат ва боиси пайравӣ маҳсуб меёбад.
Оре, номи наку ва кору пайкори мондагори сухангустари вологуҳар устоди азизу арҷманд Мирзомаҳмуд Мирбобозода мудом дар лавҳи хотири мо, шогирдонашон, шуълаи фурӯзонеро мемонад, ки онҳоро ҳамеша сармашқи кору фаъолият меҳисобем.
Мавсуф аз зумраи насли қаламкашоне мебошанд, ки дар оғози солҳои 60-уми асри гузашта ба майдони матбуот ворид гардида, авроқи рангини рӯзгорро самаранок ва бо шиори нашрияи муътабари «Садои мардум» — «Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест!» самаранок сипарӣ намудаанд. Кош, сафи чунин шахсиятҳои бузург ва инсонҳои дилсофу матинирода ва соҳибдилу соҳибмартаба дар раванди рӯзгор бештар бошад, ки буданашон ҳамеша боиси ифтихор ва сарфарозист.
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
рӯзноманигор