Чанде пеш дар пойтахти Черногория — шаҳри Подгоритса ҳамоиши шашуми Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ баргузор гардид. Он дар доираи ҳамкорӣ бо Скуптшинаи (парламенти) Черногория ва бо ҳузури намояндагони парламенти 44 кишвар аз Европа, Америка, Африка ва Осиё доир шуд. Аз кишварҳои ИДМ дар ин ҳамоиши парламентӣ вакилон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Грузия иштирок доштанд.
Ҳамоиш зери унвони «Роҳҳои таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ», аз ҷаласаи умумӣ ва ҷаласа дар бахшҳои алоҳида иборат буд. Дар ҷаласаи умумӣ, ки дар бинои парламенти Черногория баргузор гардид, гузориши раиси Парламенти Черногория Алекса Бечич, вазири корҳои хориҷии Черногория Дорде Радулович, раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Дуарте Пачеко, раиси Конгресси Гватемала Аллан Родригес ва раиси Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ал-Ҷарвон шунида шуд.
Дар ҷаласаи бахшҳо вакилон аз парламентҳои кишварҳои хориҷӣ суханронӣ ва мубодилаи васеи афкор намуданд. Файзулло Баротзода — раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зикр намуд, ки дипломатияи парламентӣ, баробари дипломатияи анъанавӣ, дар таҳким ва тавсеаи робита байни кишварҳо ва роҳандозии иқдомҳои созанда нақши муассир дорад. Инчунин, аз он ёдовар гардид, ки фазои мусоиде, ки дар кишвар фароҳам аст, натиҷаи сиёсати муваффақона ва маҳсули таҷрибаи нодир — сулҳи тоҷикон аст, ки бунёдгузор ва меъмори асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
- Мо тавонистем бо роҳи таҳаммулпазирӣ ва сулҳпарварӣ ба нооромиву нофаҳмӣ анҷом бахшем. Ин хидмати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собиқ Дабири кулли СММ Кофи Аннан ва сиёсатмадорони дигар ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи омӯзанда барои кишварҳои ҷангзада арзёбӣ кардаанд. Мехоҳем таҷрибаи сулҳи мо аз тариқи баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ пайваста ва беҳтар ба ҷаҳониён муаррифӣ ва барои ҳалли низоъҳо истифода шавад», — таъкид намуд Файзулло Баротзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон