Дар арафаи 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ хабарнигорамон бо доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, барандаи Ҷоизаи Итифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, журналисти собиқадори телевизион Зулфиддин Муъминҷонов, ки аз раванди сулҳи тоҷикон намоиши зиёд таҳия намудааст, мусоҳиб шуд.
- Ба андешаатон чӣ тавр муяссар гардид, ки тарафҳои муқобил ба созиш оянд?
- Ёд дорам, вақте ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, аксари сокинон Душанберо тарк карданд. Кӯчаҳои он холӣ, нақлиёти мусофиркаш кор намекард. Силоҳбадастон бо нақлиёти қатор ба ин тарафу он тарафи шаҳр бо суръати баланд ҳаракат мекарданд. Раҳгузарон бо тарс худро аз онҳо паноҳ мекарданд. Умуман, ҳама дар тарсу таҳлука афтода буданд. Баъзеҳо ҳатто аз хона намебаромаданд. Чунин ҳолат дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳукмфармо буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Дар як суҳбати телевизионӣ устод Лоиқ Шералӣ бо дард чунин гуфт: «Ҳой мардум, Душанберо ба кӣ партофта рафта истодаед?». Баъзе аз мансабдорон аввал молу дороиашонро равон карда, баъд худашон шаҳрро тарк карданд. Яъне, молашонро аз ҷонашон азизтар медонистанд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳои вазнин моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар сухани аввалинашон иброз намуданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Фарҳанги бузурги миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён исбот кард, ки ин миллат ҷангҷӯ, ғоратгар ва истилогар нест, сулҳофар ва ваҳдатсолор мебошад. Саҳми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин кор бузург ва таърихист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфта буданд: «Дар ҷанги шаҳрвандӣ ягон кас қаҳрамон не, халқи тоҷик қаҳрамон аст, ки даст ба даст дода, ба сулҳу ваҳдат омад».
- Киҳоро саҳмгузори ба даст омадани сулҳу ваҳдат мешуморед?
- Саҳмгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, халқи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони дар ҳимояи сохти конститутсионӣ қурбоншуда, дӯстони халқи тоҷик аз мамлакатҳои дӯст мебошанд, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз ба мо дасти кумак дароз карданд.
- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба раванди рушди минбаъдаи Тоҷикистон чӣ таъсир гузошт?
- Баъд аз сулҳу ваҳдатро ба даст овардан рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок ва назаррас гардид. Сохтмони роҳҳои замонавӣ ва ба кор даромадани нақби «Истиқлол» ва нақбҳои дигар мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар дигар соҳаҳо низ рушд ва пешравиҳои назаррас ба даст омад.
- Барои таҳкими ваҳдат кадом корҳоро бояд анҷом дод?
- Сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо осонӣ ба даст наомадааст. Ҳар як сокини баору номуси кишвар онро чун гавҳараки чашм бояд ҳифз ва эҳтиёт намояд. Агар лозим шавад, барои муҳофизаташ ҷонро дареғ надорад, зеро Ватан чун Модар яктост, ҳифзи модар — ватан қарзи фарзандӣ ва шарафу мардонагист.
- Калонсолон даҳшати ҷангро дидаанд ва ба қадри сулҳу осоиш бештар мерасанд. Ҷавононро чӣ гуна бояд тарбия кард, ки инро хубтар дарк кунанд?
- Асоси тарбия дар оила ба даст меояд, фарзанд аз рафтор, гуфтор ва кирдори падару модар ибрат гирифта, тарбия меёбад. Оила ячейкаи асосии давлат ба ҳисоб мераваду дар давлате, ки оилаҳои солим зиёданд он ҷо сулҳу ваҳдат, осоиш, якдигарфаҳмӣ ва пешрафту бунёдкориҳо ҳукмфармост. Албатта, баъд аз оила тарбия ба мураббиёни боғчаи кӯдакон, муаллимони мактабҳои миёна ва устодони макотиби олӣ ва роҳбарони корхонаву ташкилот вобаста аст. Беҳуда намегӯянд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст, ҳар ҷое тарбияи фарҳангӣ баланд аст, он ҷо якдигарфаҳмӣ осоиш ва рушд ба даст меояд.
Ҳоло ҷанги иттилоотӣ ба авҷи аъло расидааст. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ба ҷавонон таъсиргузорӣ намоянд, бо паҳн намудани хабарҳои дурӯғу иғвобарангез, бадбинӣ, норозигӣ ва халалворидкуниро ба осоиш, сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмии тоҷикистониён зиёд намуда, ба пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зарба задан мехоҳанд, ки ба ин ҳаргиз роҳ додан лозим нест.
Вақти он расидааст, тавассути воситаҳои ахбори омма касбиёна аз таҷрибаи пурғановати сулҳу ваҳдатофарини Тоҷикистон нигоштаҳои таҳлилӣ ва таъсирбахш пешниҳод карда шаванд, то ҷавонон аз даҳшати ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ бохабар гарданду ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиши Ватан расанд.
Мусоҳиб Марҷонаи Юсуф,
«Садои мардум»