Суманак рамзи сабр асту таҳаммул

№40 (4936) 31.03.2025

1Хушбахтона, дар мамлакат баҳри таҳқиқу омӯзиш ва нигоҳ доштани мероси ниёгон, урфу одат, расму оини миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои беназир зоҳир мешаванд, бахусус, дар бобати эҳё ва густариши ҷашнҳои аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон.

Бояд гуфт, ки дар таърихи инсоният ҷашну маросиму идҳо ва анъанаҳои махсус моҳияти бузурги маънавию фарҳангӣ доранд. Аз ҷумла, иди Наврӯз аз қадимитарин ҷашнҳои миллии мо буда, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст. Қобили зикр аст, ки ташаб­бускори асосии байналмилалӣ шудани Наврӯз кишвари мо, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Чун Наврӯз ҷашн аст, мусаллам аст, ки дар баробари тадбирҳои фарҳангӣ, ҳамчунин, хони идона дорад. Хони наврӯзӣ хӯрокҳоеро фаро мегирад, ки танҳо хоси Наврӯз аст. Масалан, то имрӯз мо суманакро танҳо дар арафаи Наврӯз мебинем ва истеъмол мекунем. Шояд дар дигар рӯзҳои сол ҳам хонаводаҳое онро ҳамчун хӯрок таҳия кунанд, аммо суманакпазии наврӯзӣ қариб дар ҳар як хонавода дида мешавад.

Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Абдуфаттоҳ Аминов вобаста ба навъҳо ва рамзҳои хӯрокҳои наврӯзӣ изҳор дошт, ки онҳо вобаста ба минтақа гуногун буда, аслан аз алафҳои баҳорӣ ва донагиҳо — гандум, нахӯд, лӯбиё, мош ва амсоли инҳо пухта мешаванд. Вобаста ба маҳалҳо номи хӯрокҳо ҳам гуногун мешавад. Масалан, кашк, далда, гандумкӯча, умоч, оши тӯппа, оши бурида, отала, ширкаду, ширбиринҷ ва ғайра. Таомҳои наврӯзӣ рамзи баракату фаровонӣ дошта, қисми дигарашон ба хотири ғизо гирифтан пас аз сардию хастагиҳои тӯлонии зимистон барои аҳли хонавода ва деҳа пухта мешаванд. Ширинии асосии рамзии наврӯзӣ ҳалвои суманак аст, ки чун рамзи баракат ва нерумандии инсон ва ба хотири шукургузории неъматҳои табиат аз гандум пухта мешавад. Хони наврӯзиро бидуни суманак тасаввур кардан аз имкон берун мебошад.

Суманак аз замонҳои бостон то ба имрӯз як навъ ғизои ҳаётбахш аст ва аз донаҳои гандуми дамида ва cабзида пухта мешавад. Барои пухтани суманак ҳамчун ранги покизагӣ аз оби борон истифода менамоянд.

Суманак аз ҷумлаи рамзҳои назру ниёз ба пешвози баҳору Наврӯзу соли нав аст. Ҳангоми пухтани он занону модарон таманнои онро менамоянд, ки соли нав бофайзу баракат шавад. Дар чунин ҳолат суманак намоди фаровонӣ ва пурбаракати зиндагии ояндаи инсон аст.

Пухтани суманак вақти зиёдро мегирад, занону духтарон онро дастҷамъона мепазанд, ки як навъ таҳаммулу сабру бардош­ти одамиро ифода менамояд. Баъзеҳо ­суманакро ба муддати 10-15 соат мепазанд. Иҷрои тӯлонии пухтани суманак чунин рамзе дорад, ки одамон дар соли нави оянда дар иҷрои ҳамаи корҳо босабру таҳаммул бошанд ва ҳамчунин, ҳар мушкилоти зиндагиро бо тавоноӣ ва шодмонӣ бартараф намоянд.

Ба андешаи модарон дар гирди деги суманак занону духтарон суруд хонда, рақсу шодмонӣ мекунанд. Ин, аз як тараф, рамзи бо шодию сурур пешвоз гирифтани баҳору Наврӯз бошад, аз тарафи дигар, намодеро ифода менамояд, ки дар соли нав фаровонӣ шавад. Суманак ғизоест, ки ба ҷисми одам қуввату неру мебахшад. Рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, ҳамсоягон, хешовандон, дӯстонро дошта, яке аз нишонаҳои муҳими ҳамкорӣ дар кору зиндагист. Ҳангоме ки занҳо дар рӯзҳои Наврӯз ба хонаи ҳамдигар мераванд, ҳатман ҳамчун пайки Наврӯзу баҳору муҳаб­бату самимият бо худ суманак мебаранд, чун рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, рафоқат ва дӯстӣ ба наздикон.

Модарони мо ду навъи суманак мепазанд: оталасуманак ва ҳалвоӣ. Ҳар дуро пас аз пухтан чун рамзи рафоқат, самимият, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳатман тақсим мекунанд. Ҳатто дар байни мардум боваре аст, ки «ҳар қадар суманакро бештар тақсим кунем, савобаш зиёдтар мерасад».

Дар гузаштаҳо дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон, суманакпазиро «тӯйи суманак» мегуфтанд. Суманакро бо эътиқоди махсус ва ботантана, ба умеде мепухтанд, ки дар соли нав ҳосил фаровон гардад. Ба андешаи гузаштагони мо, суманак касро аз ҳар гуна бадбахтиҳо эмин медорад.

Ба ақидаи мардумшиносон, рамзи дигари суманак ва дар хони наврӯзӣ гузоштанаш ин аст, ки занон мехоҳанд дар соли нав хушбахту хушрӯз бошанд. Касоне, ки барои пухтани суманак шароит надоранд, бо ҳадя намудани гандум, орд ва чизҳои дигар ба деги суманаки хешовандон ва ҳамсояҳо ҳамроҳ мешаванд, ки ин рамзи ҳамбастагӣ буда, то ҳол ба мушоҳида мерасад.

Ширинии суманак табиист ва ба шираи он, ки аз гандум ҳосил мешавад, чизе илова намекунанд. Мутахассисон собит намудаанд, ки суманак дорои витаминҳои Е (антиоксидени қавӣ, бе асари радикалҳои озод дар бадан) ва В буда, ин витаминҳо барои таскини асаб, таъмини неруи бовар, тақвияти неруи биноӣ, ҷилавгарӣ аз хастагию пирӣ манфиатбахш ва бар зидди бемории саратон мебошад.

Муҳимтарин маҳсулот барои таҳияи суманак гандум аст, зеро он муҳимтарин гиёҳ ва хӯроки аслии инсон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат, метавон хулоса кард, ки дар оғози сол бо суманак оро додани дастархон чун рамзи серию пурӣ ва ҳамбастагии инсон бо инсон ва инсон бо табиат арзёбӣ шудааст. Бинобар ин, дастархони наврӯзӣ бидуни суманак зебою гуворо нахоҳад буд.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»