Толори калони консертии шаҳри Варшидеҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой моломоли одам буд. Аксарияти тамошобинонро тоҷикони эронитабор ташкил медоданд. Уйғуру дигар табааҳои хитойӣ низ барои тамошои консерти тоҷикӣ омада буданд. Созу навои тоҷикӣ торафт ғулғулаандоз мешуд. Саҳна ва толор гӯё дар навоҳо гирд мегашт. Овози марғубу ширини овозхонон ва мусиқии тоҷик ба дилҳо шӯр меангехт, ба дунёи ормонҳо, умедҳо, васлу ҷудоиҳо, ҷамъу парешониҳо мебурд. Аз нигоҳи тамошобин ҳувайдост, ки ӯ андешаманд аст, суолҳои гуногун оромаш намегузоранд: чаро забони шеъру суруди шевову дилнавози модарӣ дар кишвараш танҳо дар ҳудуди хонаводагӣ мавриди истифода қарор дораду халос. Чаро забони тоҷикӣ-форсӣ зери таъсири забонҳои дигар монда, дар кӯдакистону мактаб омӯзонида намешавад? Ва боз чароҳои дигар…
Инак, боз суруду мусиқии тоҷик танинандозу кафкӯбии мухлисони шеъру суруд пурмавҷтар гардид. Ба рӯйи саҳна ҳунарманди боистеъдоди тоҷик Абдулшаҳид Саодатшоев меояд. Тамошобинон ба қарсаки пурмавҷ ӯро пешвоз мегиранд. Абдулшаҳид бо ҳамроҳии тоҷикони Тошқӯрғони Хитой сурудеро бо номи «Аз тоҷикон ба чиниён салом» , ки ҳини сафар ба ин ҷо эҷод шудааст, бо маҳорати баланд сароид, ки аҳли толор онро хеле хуш истиқбол намуд. Савту навои тоҷикӣ ва сурудҳои дар васфи сулҳу дӯстӣ, ваҳдату худшиносӣ эҷоднамудаи Абдулшаҳид Саодатшоев ба ҳама писанд омад. Воқеан, ҳунари асил марзро намеписандад, маҳалро эътироф намекунад, сарҳадро намешиносад, дилҳоро наздик месозаду руҳро қавӣ мегардонад. Консерт бо байти зерин ҳусни оғоз ёфт:
Мо ба ин маҳфил насими кӯҳсор овардаем,
Аз дили лаъли Бадахшон як шарор овардаем.
Чун консерт репертуари рангин дошт, тамошобинон чӣ тавр гузаштани вақтро надонистанд. Ҳофизону раққосони тоҷикро гаштаю баргашта ба саҳна даъват менамуданд. Дар охири консерт гурӯҳе аз тоҷикони муқими Хитой чун унвони изҳори сипос ва муҳаббат гулчанбар ва тоқии тоҷикии хоси мардуми худро ба Абдулшаҳид туҳфа намуда, арз карданд, ки «созу оҳангҳои мафтункунандаи тоҷикиро мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Меҳри сахте дар дили мо нисбат ба забони гузаштагонамон ҷо дорад. Тоҷикем, андешаи тоҷикона дорем. Аммо афсӯс бо забони тоҷикӣ фақат дар доираи хонаводагӣ суҳбат мекунему халос. Санъати волои аҷдодӣ ва Ватани тоҷикони дунё –Тоҷикистони азиз ба мо илҳом ва умед мебахшад».
Боиси ифтихору сарафрозӣ аст, ки миллати тамаддунофари мо дар ҷаҳони парешони имрӯза дар Хитойи бостон низ чароғи маърифати руҳпайванди аҷдодиро фурӯзон нигоҳ медоранд. Тоҷикони Хитой қариб ҳамаи ҳофизони Тоҷикистонро ғойибона мешиносанд ва аз лаҳни мусиқӣ ба кадом ҳофиз тааллуқ доштани сурудро бехато мегӯянд. Тавассути радио сурудҳои ҳофизони тоҷикро гӯш мекунанд. Фиттаҳои овозхонони тоҷикро дар хонаҳои худ бо меҳр нигаҳдорӣ менамоянд, дар рӯзҳои ғаму шодӣ гӯш мекунанд.
Сафари ҳунарии овозхони маъруфи тоҷик Абдулшаҳид Саодатшоев ва гурӯҳи рақсии «Навои Бадахшон» бо даъвати тоҷикони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар аёми Наврӯзи навбаҳорон сурат гирифта буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳунармандон София Гулаёзова, Гулзор Давлатшоева, Хуршеда Давлатбекова ва овозхони ҷавон Самандари Пӯлод шомил буданд. Тӯли чанд ҳафта онҳо хотири дӯстдорони суруду мусиқии тоҷикиро шод гардонданд. Консерт дар мавзеи тоҷикнишини Тошқӯрғону Ёрканд ва Хутан, ки теъдоди тоҷикон дар он ҷо зиёд аст, хеле хотирмон буд. Меҳрубонию самимияти санъаткорони босалиқа, ҳамзабонони хитойӣ — Охонҷони Давлатбек, ҳунармандони ҷавон –Муборакқадам, Азимхон, Каримҷон ва Дулкухонро ҳайати гурӯҳ бо самимият ба ёд меоранд.
Дар консертҳо на танҳо тоҷикҳо, балки қавмҳои дигари маскуни сарзамини Ҷумҳурии Халқии Хитой низ иштирок карда, ба санъати волои тоҷикон аҳсан мегуфтанд. Ҳамин арзиши волои суруду мусиқӣ ва муъҷизаи ҳунар аст, ки марзро қабул надорад, бар торҳои эҳсосоти ҳар шахс, сарфи назар аз миллат, қавм ва мазҳаб нохун мезанад.
Навори «Консерти тоҷикон дар Чин»-ро тамошо намуда, суҳбате ба ёдам омад. Боре савори нақлиёти мусофиркаши пойтахт ҷое равона будам. Тавассути мавҷи Радиои Тоҷикистон сароянда Абдулшаҳид Саодатшоев дар васфи Ваҳдат ва Истиқлолият месароид. Садои хуш ва лаҳни гуворову ба худ хоси ҳофиз дилро ба шӯр меовард. Ҳамин замон миёни ду мусофир баҳс шуд. Яке мегуфт, ки ҳофиз афғон аст, дигаре аз аҳли Эрон будани ӯро таъкид мекард. Шахси дигаре ба баҳси онҳо ҳамроҳ гардида гуфт, ки на ин аст ва на он, ҳофизи Тоҷикистони худамон аст, медонам, дар ансамбли пуровозаи эстрадии «Гулшан» солҳои 1970-1990 асри гузашта фаъолият мекард, аммо аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии баъдинаи ӯ огаҳӣ надорам.
Давраи кории Абдулшаҳид Саодатшоев дар ансамбли «Гулшан» ба солҳои 1978-1992 рост меояд ва ин давраро ӯ авҷи фаъолияти эҷодии худ медонад. Дар ҳар суҳбат аз он рӯзҳои нек ёдовар мешавад. Ӯ баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо роҳхат ба ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад. Дар ин боргоҳи санъат Абдулшаҳид бо ҳофизону санъаткорони маҳбубу машҳур — Зебо Аминзода, Нигина Рауфова, Муқаддас Набиева, Баҳодур Неъматов, оҳангсоз Муборакшоҳ Ҷумъаев, роҳбари ансамбли «Гулшан» Орифшо Орифов ва боз чандин ҳунармандони мумтоз аз наздик ошно ва ҳамкор гардид. Ҳар яке аз онҳо дар ташаккули истеъдоди Абдулшаҳид саҳм доранд.
- Нозукиҳои ҳунаррро, — ба хотир меорад ӯ,- аз Артисткаи халқии СССР устод Зебо Аминзода омӯхтам. Эшон на ин ки овозхонӣ, балки одоби ба саҳна баромадану микрофонро чӣ тавр ба даст гирифтан, интихоби либосу ба худ ҷалб намудани аҳли толорро ёд доданд.
Репертуари эҷодиёти Абдулшаҳид беш аз сад суруду оҳангҳои гуногунмавзуъро дар бар мегирад, ки дар хазинаи радио ва телевизиони Тоҷикистон маҳфузанд.
Аз ҷумла оҳангҳои «Боз ширу шакар бо ҳам омехт» (ғазали Ҷ.Румӣ), «Ватан биё» ва «Истиқлол» (шеърҳои М.Шоҳин), «Ваҳдат муборак» (Р.Мубориз), «Ватан» (Л.Мирзоҳасан), «Дӯстӣ» (М.Шуғнӣ) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
- Интихоби шеър ва мусиқӣ асоси кори ҳунарманд аст, ки ба ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш ва истеъдоди шахс вобастагӣ дорад,-таъкид мекарданд устод Зебо Аминзода. То имрӯз он суханони устод дар гӯшам садо медиҳанд ва шогирдонамро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия менамоям, — мегӯяд А.Саодатшоев.
Абдулшаҳид дар интихоби суруду оҳанг хеле сахтгир аст. Ҷустуҷӯ мекунад, маслиҳат мепурсад, сабку услуби хоси худро дорад. То пухтаю равон шудани ҳар сурудаш дар сари он машқи муттасил менамояд. Аз шоирону оҳангсозон ҳамеша маслиҳат мепурсад, аз эроду танқиди ҳаққонӣ озурдахотир намешавад, баръакс, барои ислоҳи он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ӯ дар навохтани аккордеон, пианино ва ормония басо истеъдоди баланд дорад. Аз уҳдаи навохтани қариб ҳамаи асбобҳои суннатии мусиқӣ мебарояд. Абдулшаҳид Саодатшоев аз давраи ҷавониаш, замони дар ансамбли эстрадии «Гулшан» кор карданаш хотираҳои зиёде дорад.
- Моҳи майи соли 1981 буд, -ба хотир мерад ӯ, — ду ансамбли овозадори тоҷик- «Гулшан» ва «Зебо» дар мамлакати ҳамҷавору ҳамзабон –Афғонистон сафари ҳунарӣ доштанд. Ин хотирмонтарин сафари ман ба хориҷи кишвар аст,-мегӯяд Абдулшаҳид. — Дар тӯли 27 рӯз ба мардуми афғон консерт намоиш додем. Ҳар рӯз ду барномаи консертӣ доштем. Он солҳо санъати афғон дар айни нашъунамо ва камолот буд. Бо ҳунармандони машҳури афғон- устодон Маҳваш, Мададӣ, Ношинос, Зоҳир Ҳувайдо ва дигарон аз наздик ошно шудем, ки баъдҳо он шиносойиҳо ва маслиҳатҳои онон дар кори эҷодии мо кӯмак расонданд.
Абдулшаҳид Саодатшоев ҳанӯз айёми дар мактаби миёнаи рақами 21-и ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонданаш дар маҳфилҳои бадеӣ фаъолона иштирок менамуд. Меҳри санъатро дар дили ӯ устодаш, шодравон Вафобеки Шодибек ҷой дод ва ғайр аз забони тоҷикӣ боз ба забонҳои русию украинӣ суруд мехонд. Аввалин аккордеоннавози ноҳия ҳисоб меёбад. Борҳо дар азназаргузарониҳои ҳаваскорони санъати ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баромад намуда, соҳиби мукофот гаштааст. Соли 1967 дар муқоваи яке аз шумораҳои маҷаллаи машҳури «Огонёк»-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ расми рангаи калони Абдулшаҳид бо зерматни «дар расм писарбачаи тоҷики Бадахшонӣ бо аккордеон» беҳуда чоп нашуда буд.
Ҳар касе бо Абдулшаҳид ошност, хуб медонад, ки ҳамсуҳбаташ марди чеҳракушоду хушчақчақ аст. Дар ҳар маҳфилу анҷумане, ки ӯ ҳаст, он ҷо сухан аз боби санъату мусиқӣ ва сайру саёҳат меравад. Бо ба ёд овардани хотирае, байте, сухани латифе таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб мекунад.
Алъон Абдулшаҳид Саодатшоев дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Хоруғ фаъолият менамояд. Дар тарғибу ташвиқи санъати тоҷик саҳми босазо дорад. Маҳфиле ё ҷамъомаде нест, ки бе иштироки ӯ гузарад. Мавзуи асосии репертуари Абдулшаҳид Саодатшоевро ватандӯстӣ, ифтихор аз Ваҳдат, Истиқлолият ва сулҳу дӯстӣ ташкил медиҳанд.
Хизматҳои шоёни Абдулшаҳид Саодатшоев дар соҳаи санъат бо медали «Хизмати шоиста», нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Шоҳҷони Абдурасул, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон